Андешае чанд дар ҳошияи ҳарзагӯйиҳои Додоҷони Атовулло
Рости гап, кайҳо боз дар саҳифаҳои рӯзномаҳо маводе ба табъ нарасонидаам. Солҳои 90-уми асри гузашта, вақте ки душманони миллати куҳанбунёди тоҷик сулҳу осоиштагӣ ва хуррамиву ояндаи неки ин кишвари нав ба саодати истиқлол расида, азму талошҳои комил ва ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дида наметавонистанд, баъзан дар саҳифаҳои рӯзномаҳои «Ҷумҳурият» ва «Садои мардум» фикру андешаҳоямро иброз медоштам. Он солҳо дар вазифаи масъул – директори Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (апрели соли 1993 – декабри соли 1999) фаъолият доштам ва бо чашми хирад медидам, ки чӣ гуна фарзандони содиқи миллат бо ҷонбозиву талошҳои қаҳрамонона бо роҳбарии Ҷаноби Олӣ баҳри якпорчагии кишвари азизам, баҳри хомӯш намудани ҷанги шаҳрвандӣ ё бо ибораи дигари нангбор «ҷанги бародаркуш», баҳри таъмини сулҳу субот саъю талош ва кӯшиш мекарданд.
Банда дар навиштаҳои пешинаам аз ин хусус батафсил ҳарф зада, ба роҳи мушкили тайкарда воқеъбинона ва холисона ибрози назар намудаам ва боз дар ин рӯзҳо, ки як нафар ватангумкарда, ки беш аз бист сол дар ғарибӣ, дур аз ватан зиндагӣ дораду аз ҳолат, вазъият, созандагию бунёдкории кишвар ва зиндагии шоистаи мардуми тоҷик бехабар аст ва санги маломату ғараз ба сари мо — мардуми Тоҷикистон ва Президенти муҳтарамамон мезанад, маҳз барои Додоҷони Атовулло ва ҳаммаслакони зархариду беҳаёяш хотирнишон карданиам, ки дар наҷоти давлат ва миллатамон нақши Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Ӯ бо як маҳорат ва ҷасорати бемисли ҷавонмардона тавонист роҳи наҷотро пайдо кунад ва халқи парешонгаштаро аз нав зери як парчам, дар ватани аҷдодии худ муттаҳид созад. Нидои ватанхоҳии ӯ, ки муҳтавояш «Ман ба Шумо сулҳ меорам» буд, шукр, имрӯз ҷомаи амал пӯшидааст.
Оре, Эмомалӣ Раҳмон роҳеро интихоб кард, ки дар он айёми пурдаҳшат ягона роҳ буд ва имрӯзу фардо ҳам ин ҳамон роҳ аст: Ваҳдату ягонагӣ, сулҳу салоҳ ва таъмини пешрафти Тоҷикистони азиз!
Шоири мумтози тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Камол Насрулло ин ҳама талошҳои Президенти кишварамонро баҳри Ваҳдат ва нусрати сулҳу салоҳ нағз дарк карда, фармудааст:
Хоҳам, ки дар ин пайкару ин пешонӣ,
Нур афрӯзад ситораи Сомонӣ.
Хоҳам, ки дар ин дилу дар ин дидаву ҷон,
Ёбанд ҳама мардуми тоҷик сомон.
Хоҳам, ки чу бозувони ӯ васл шаванд,
Дар пайкарае ба ҳам Ҳисору Хатлон.
Аз Ғарму Хуҷанд шохаҳои дасташ,
Резад самару саховати аҷдодон…
Бале, Эмомалӣ Раҳмон туфайли кафи дастони фишурда ва заҳмати зиёди кашидаи худ умедҳои кайҳо аз дастрафтаро ҷамъ кард, мардуми ғариб ва дар ба дарро ба ватан баргардонд.
…Дар боғшаҳрам, Душанбеи азизу ба ҷон баробарам бо дили пур қадам мезанам ва ба маҷмааи Исмоили Сомонӣ менигарам. Ва нигоҳам ба тоҷе дӯхта мешавад, ки дар баландии баландиҳо зери нурҳои тиллоранги Хуршеди оламоро медурахшад ва дар дурахши он сари баланди тоҷикони тоҷдори хешро дида, дилам мисли мавҷҳои дарёи Душанбе шодона ба ҷавлон меояд…
Ман аз бузургӣ ва ҳашамати корҳое ҳарф мезанам, ки бо ақлу заковати Эмомалӣ Раҳмон дар муддати хеле кӯтоҳи таърихӣ ба субут расидаанд ва амсолашонро таърихи миллат ёд надорад.
Оре, ҷараёни зиндагии миллати мо сараввал хеле тезутунд сурат гирифт. Корҳоямон чунон гиреҳхӯрда буданд, ки гӯё сарриштаи онро пайдо кардан номумкин буд, вале фикри равшанбини тоҷикон, бахусус Эмомалӣ Раҳмон, уқдаҳои дилҳоро пеши назар мунаввар сохт.
Он чаманзоре, ки чанде коҳидаву берангу бӯ ва пажмурда буд, акнун ғунчаҳои шукуфон дар шохаҳои сабзи дарахтон дорад. Он киштзороне, ки поймолу сангистон шуда буд, ҳоло бо дасти деҳқони пурорзу шодоб мегардад. Он хиёбонҳои тиҳӣ аз садбаргу раёҳин боз аз нав аз хандаҳои гулзори ошиқон лабрез мегардад. Ҷавонон, ки чанде пеш тарсидаву рамида аз ошёнаҳои худ ба гулгашту гулбоғҳо менигаристанд, ҳамакнун бо хотири болида ва умедҳои ширин дар пайроҳаҳои зиндагӣ қадам мезананд.
Шукр, ҳазорон шукр, он ҳама бесомониҳо гузашт. Вале на худ ба худ ва на саҳлу осон буд гузашти он марҳилаи басе ҳузновар. Рӯзгори осудаи мардумро бедорхобиҳо, аз худ гузаштанҳо, ҷустуҷӯ ва такопӯи бемайлони беҳтарин фарзандони миллату Ватан наздик сохтанд. Худи халқ ин рӯзи нек, ин рӯзи саидро таманно мекард. Ба иродаи неки мардум такя намуда, Президент тавонист олитарин ғояи замони мо – Сулҳу Ваҳдатро амалӣ созад…
…Хуҷанди соли 1992, моҳи ноябрро ба ёд оварем.
Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёфт. Миллати парешонхотиру парешонрӯзгори тоҷик бо дидаи умед ба ин рӯйдоди сиёсӣ менигарист. Фикрҳо мухолифи якдигар, андешаҳо гуна – гуна. Касе нест, ки бо дилпурӣ ва сидқан, якрӯ ва ба масъулияти том зимоми давлату миллатро ба даст бигирад. Халқ беҳтарин, фидокортарин, содиқтарин фарзанди худро бесаброна интизорӣ мекашид. Тулуи ахтари саъд наздик буд.
Ниҳоят ин симои пурнуру хирадманд дар уфуқҳои сиёсат намоён гардид. Халқ роҳбари хешро пайдо намуд. Миллат роҳбареро дарёфт, ки дер боз ӯро меҷуст. Занҷирҳое, ки тоҷикро ба пову даст печида буданд, ин завлонаҳои сангини ҷаҳолат ба ларза даромаданду пора- пора шуда, аз ҳам рехтанд. Эмомалӣ Раҳмон калимаҳоеро дар нахустин суханонаш ба забон овард, ки дар дили ҳар як тоҷик, ҳар як сокини мамлакат ҷӯш мезаданд. Сардори давлат аз сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдилӣ ва наҷоти миллату Ватан ҳарф зад. Қавл дод, ки ҳамаи гурезагонро ба Ватан бармегардонад.
Эҳсоси дарду ормонҳои миллӣ дошт ӯ…
Эҳсоси ишқи Ватану миллат дошт ӯ…
Эҳсоси масъулияти ватандорӣ дошт ӯ…
Ин эҳсос мо, тоҷиконро, ҳушдор дод, то хоки меҳани азизи худро ба дидагон бимолему сангрезаҳои кӯҳистонашро бибӯсем, қатраи обашро ба сад ман зар надиҳему заррахокашро ба оламе иваз нанамоем. Аз чеҳраи поки Ватан гарду ғубор бишӯем. Ба чеҳраи нуронии модар, ба паҳноҳои сафобахши кишвар, кӯҳҳои неруманд, ба дидагони пурмеҳри тифлаконаш назар намоем ва шукр бигӯем.
Шукр бигӯем, ки тоҷикон соҳибватананд, намояндагони дигар халқҳо, ки бо амри тақдир дар он сукунат доранду ин ҷоро барҳақ Ватан хондаанд, чун бародарону хоҳарони тоҷики худ Тоҷикистонро мепарастанду дӯст медоранд. Шукр бигӯем, ки замини тоҷикон ганҷҳои фаровон дорад, файзхезу пурбаракат аст ин марзу бум.
Имрӯз тоҷики ман марди андешамандеро мемонад, ки бо ақлу заковати ирсии худ, ботамкин ва бурдборӣ печидагиҳои сарзамини худро рафъ мекунад. Тоҷик акнун на дар ҳукми ҳаводис аст! Ӯ ҳукм бар он меронад, ҳаётро тобеъи ормонҳои воло, фармонбардори дили пурорзуи хеш месозад.
Оре, сарнавишт ба мо ихтиёр додааст, то бо истифода аз неруи ақлонию зеҳнӣ, бо истифода аз таҷрибаи рӯзгори чандинасра, такопӯҳо, часпу талошҳо, саъйҳо ва азму размҳои пешинагонамон Хонаи миллатро обод намоем, дарди ӯро даво бахшем, амри миллатро ба иҷро расонем. Сарнавишт чандест моро бар сарзамини худ, бар дашту саҳро, деҳу шаҳрҳои худ, забону фарҳанги аҷдодӣ мухайяр гардонидааст.
Ҳар як сокини мамлакат бо чашми худ дид ва дар ҷони худ ҳис намуд он рӯзҳоро, ки ҳатто ба ёд оварданаш сангин аст. Ҷустуҷӯ ва дарёфти ҳалли мушкилоти ҷумҳурӣ, ба ҳам овардани миллат он рӯзҳо дар доираи ақли одамӣ намеғунҷид. Танҳо роҳбари худодод, ақли худодод ва заковати олию аз худ гузаштанҳои ӯ ба омма умед бахшид, халқ донист, ки азобу ранҷи ҳамагонро чорасозе ҳаст. Акнун ҷумҳурӣ сарваре дорад, ки ҷуз наҷоти миллат ва сарбаландию хуррамии рӯзгори тоҷикистониён мақсаде волотар надорад. Эмомалӣ Раҳмон дар ду самти фаъолияти давлатдории хеш, яъне сиёсати дохилӣ ва сиёсати берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои басо муҳимро анҷом дод. Музокироти байни тоҷикон оғоз ёфт. Шахсан Президент ду маротиба дар марҳилаи аввал ва охири он бевосита ширкат намуд. Сафараш ба пойтахти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – шаҳри Кобул ва мулоқот бо Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ки соли 1994 ба вуқӯъ пайваст, муассир буд. Моҳи декабри соли 1996 бошад, ӯ ба Афғонистон рафт, то ҷиҳати батамомӣ ҳаллу фасл намудани мушкилот ҷидду ҷаҳд намояд. Ниҳоят, Эмомалӣ Раҳмон миллати худро ба ҳам овард. Нуқтаи ниҳойии он раванд Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон гардид, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав мо ҳама шоҳиди ба имзо расидани он гаштем.
Имрӯз тоҷикон дар Ватан ҳама сарҷамъанд, ҳама зери Парчами миллӣ муттаҳидем ва Сарвари аз имтиҳонҳои таърих гузаштаю аз ҷониби миллат эътирофшуда дорем. Ва он мушкилоте, ки бо айби баъзе раҳгумзадагон ва пуштибонони хориҷии онҳо дар ин давра ду маротиба ба сари халқу Ватани мо бор карда шуд ва мақсад аз онҳо халалдор намудани сулҳу пешрафти тоҷикон буд, барбод рафт. Афсӯс, ки бархе аз одамони кӯрдил, амсоли Додоҷони Атовулло панди куҳанро шунидану фаҳмидан намехоҳанд:
Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст, чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад…
Ҳамин аст, ки чун ба гирдоб фурӯ мераванд, баъд пушаймон мешаванд, чун сарашон ба санг бармехӯрад, сипас афсӯс мехӯранду ангушти надомат мегазанд.
Инсоф бояд дошт! Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи амалӣ намудани нақшаҳои азиму сарнавиштсозе мебошад. Сохтмони иншооту роҳҳо ва корхонаҳо, ислоҳоти иқтисодӣ тадриҷан ривоҷ мегирад. Неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чанак, нақбҳои мошингарди «Истиқлол», «Шаҳристон», «Чормағзак», хатти баландшиддати «Ҷануб — Шимол» ва дигар иншоот баҳри аз буҳрони иқтисодию иҷтимоӣ раҳоӣ бахшидани мамлакат мусоидат намуданд.
Ҳар гӯшаи диёри биҳиштосоямон сол аз сол ободу зебо мегардад. Аз ободкориҳои Хатлонзамин, Бадахшону водии Рашт, Ҳисор, бахусус шаҳри тозаҷавон Душанбею Кӯлоби бостонӣ дилам ба ваҷд меояд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд созандагӣ ва бунёдкориро дида, дилам пурфараҳ ва моломоли ифтихор мешавад. Дар чанд соли охир дар вилояти Суғд иншооти зиёд сохта, ба истифода дода шуд.
Аз ҷумла варзишгоҳ барои 25 ҳазор тамошобин, муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, «Кохи матбуот», силсилаи фаввораҳо ва ҳавзи шиноварии пӯшида, муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, муассисаи истироҳатӣ ва солимгардонии наврасону ҷавонон, беморхонаҳо, хонаҳои истиқоматӣ, таъмир ва сохтмони чойхона дар Қасри Арбоб, Чойхонаи миллӣ дар «Боғи Ваҳдат», литсейи президентӣ, Қасри муҳташами варзиш ва ғайраҳо.
Дар ин муддат роҳҳои марказии шаҳрҳои Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов, Исфара, Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мумфарш шуданд. Бо ибтикори Ҷаноби Олӣ азнавсозии роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент оғоз гардид.
Аслан ин суханонро барои чӣ мегӯям? Зеро он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест! Баъдан худи халқ гавҳаршинос аст, баду нек, сиёҳу сафедро шукр, ки мефаҳмад…
Чунончӣ, то ҳанӯз суханронии як мӯйсафеди нуронӣ аз Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз хотирам намеравад:
«Агар Фирдавсӣ пай афканд аз назм кохе баланд, ки аз боду борон наёбад газанд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пай афканд аз сулҳ кохе баланд, ки аз боду борон наёбад газанд!…».
Тоҷикистон- ин диёри босафою сулҳпарвар, макони нозу неъматҳои шаккарини бебаҳо, ин ганҷинаи табиат, ватани халқи боистеъдоду соҳибфарҳанг дар арсаи байналмилалӣ мақоми шоиста касб менамояд.
Аслан дар ҷаҳон ба давлатҳо на аз лиҳози хурдию бузургии қаламрав ё худ афзун ё каммиқдор будани аҳолии он, балки аз лиҳози истеъдоди халқ ва пешрафти рӯзгор баҳо медиҳанд.
Имрӯз миллати ҷопонӣ ё Куриёи ҷанубӣ аз бисёр давлатҳое, ки қаламрави фарох ва аҳолии чандин маротиба аз онҳо зиёд доранд, пеш гузаштаанд. Ҷопон ҳатто узви «Ҳафтгонаи бузург» аст. Бинобар ин, баъзе ақидаҳои соддалавҳонае, ки дар ин мавзуъ гуфта мешаванд, асос надоранд.
Тоҷикон бо истеъдод ва қобилияте, ки доранд ва бо имконоте, ки Худованд бар онҳо ато намудааст, метавонанд бештар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ худро бишносонанд.
Суханрониҳои Президентамон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар анҷуманҳои байналмилалӣ, сафарҳояш ба кишварҳои аъзои ИДМ, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҳиндустон, Покистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, мамолики араб ва ғайра ба тавсеа ёфтани робитаҳои берунии Тоҷикистон мусоидат намуданд. Сафарҳои шахсони олирутбаи хориҷӣ ба Тоҷикистон низ ин равандро қувват мебахшад.
Ҳар як фарди Ватан бояд ободии Тоҷикистон, хуррамию пешрафт ва обруи ин марзу бумро вазифаи волотарини шаҳрвандии худ ҳисобад. Зеро масъулияти шаҳрвандӣ инро металабад.
Ҳар кӣ дар дили худ як зарра меҳри Ватан дораду заррае номуси миллиро ҳис мекунад ва худро зодаю тарбияёфтаи ин сарзамин медонад, ҳаргиз мисли Додоҷони Атовулло рафтор намекунад…
Абдуқодир Ҷабборов,
муассиси ширкати муштараки
Тоҷикистону Федератсияи Россия «Сино»