Тавсияҳои

Муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» дар 9 моҳи соли 2017»

№131 (3768) 09.11.2017

Замима ба Қарори ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ аз 27 октябри соли 2017, № 7

Муҳокимаи парламентӣ масъаларо «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» дар 9 моҳи соли 2017» баррасӣ намуда, тавсияҳои зеринро қабул менамояд:

1. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар раванди иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2017 камбудию норасоиҳои дар рафти тафтишу санҷишҳои молиявӣ муайяншударо бартараф намуда, иҷрои босифати Буҷети давлатӣ таъмин карда шавад;

- ҳангоми таҳия намудани лоиҳаи буҷетҳои маҳаллӣ, имкониятҳои афзоиши ҷамъоварии андоз дар ташаккули буҷетҳо ва сафарбаркунии захираҳои молиявӣ ба инобат гирифта шуда, банақшагирии даромадҳои худӣ ба таври воқеӣ ба роҳ монда шавад;

- бо мақсади пешгирии ворид намудани тағйиру иловаҳо ҳангоми иҷрои қисми даромади буҷет ва кам гардидани хароҷоти маблағҳо дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ оид ба рӯёнидан ва коҳиш додани бақияпулиҳои андоз чораҳои зарурӣ андешида шавад;

- бо мақсади пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳои молиявӣ, ҳолатҳои изофанависӣ дар корҳои сохтмонӣ, рӯйпӯшкунии андозҳо ва тасарруфи ­маблағҳои буҷетӣ масъулияти корфармоён баланд бардошта шавад ва дар ҳолати интихоби иҷрочиён (махсусан ширкатҳои хусусӣ) таҷриба, шароити молиявӣ, заминаи моддию техникӣ ва малакаи тахассусии онҳо дар мадди аввал ба инобат гирифта шавад;

- бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои ғайриқонунии истифодаи маблағу воситаҳои давлатӣ, инчунин ба роҳ мондани шаффофият дар раванди хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ ҳамкории вазорат бо мақомоти дахлдори давлатӣ, махсусан бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият дода шавад;

- банақшагирии маблағгузорӣ аз Буҷети давлатӣ тибқи гурӯҳбандии иқтисодӣ ба вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар асоси дархостҳои асоснок мавриди омӯзиш қарор дода шуда, маблағгузории онҳо ба таври воқеӣ пешбинӣ карда шавад;

- нигоҳдорӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои нақдии буҷетӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ риоя карда шавад;

- истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои сармоягузорӣ ва қарзҳоро, ки бо кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шудаанд, таъмин намуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор оид ба беҳтар намудани фаъолияти марказу гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, инчунин сари вақт ва пурра аз худ намудани захираҳои молиявии пешбинишуда ва ҷалбгардида чораҳои зарурӣ андешида шавад;

- дар шароити ташаккулёбии иқтисоди бозоргонӣ ва таҳдиди буҳронҳои молиявии ҷаҳонӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи саривақтии механизмҳои фароҳамовардаи қонунгузорӣ ва такмили меъёрҳои низоми андозбандӣ бо дарназардошти беҳтар ва ҷолиб гардонидани бозори сармоягузорӣ ва хизматрасонию истеҳсолӣ ба роҳ монда шавад;

- бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ва воқеӣ муайян намудани кумакҳои молиявӣ ба ноҳияҳои субвенсионӣ, имкониятҳои воқеии даромадҳои худии шаҳру ноҳияҳо мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуда, ба ин васила оид ба марҳила ба марҳила ба танзим даровардану кам кардани кумак чораҳои судманд андешида шаванд;

- низоми пардохти маблағҳои буҷетӣ ба Фонди стабилизиатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт аз ҳисоби иҷрои барзиёди қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва пардохти маблағҳо ба суратҳисоби захираҳои иловагии молиявӣ риоя карда шуда, оиди иҷрои он чораҳои муайян андешида шаванд;

- барои пардохти қарзҳои фонди музди меҳнат чораҳои зарурӣ андешида шаванд;

- назорати пешакӣ ва дохилиидоравӣ оид ба истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағу воситаҳои давлатӣ пурзӯр карда шавад.

2. Ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- бо мақсади шаффофияти таҳияи буҷети соли молиявӣ ва нишондиҳандаҳо барои солҳои оянда дар ҳамкорӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ аз рӯи имкониятҳои мавҷуда ба таври зарурӣ мавриди омӯзиш ва таҳлилҳои асоснок қарор дода шаванд;

- ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ идома додани маблағгузории иншооти нотамом барои сохтмони асосӣ чораҳои зарурӣ тақвият дода шаванд.

3. Ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- бо мақсади иҷрои сифатнок ва саривақтии қисми даромади буҷет, баҳисобгирии андозсупорандагон, объектҳои андоз ва дарёфт намудани манбаъҳои иловагии андозбандӣ тақвият дода шаванд;

- ҷиҳати кам намудани бақияпулиҳои андоз ва пешгирии афзоиши он дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ чораҷӯйӣ намуда, сабабҳои пайдо шудани бақияпулиҳои андоз мунтазам таҳти таҳлил ва омӯзиш қарор дода шавад;

- ба хотири пайдо намудани манбаъҳои иловагии андозбандӣ, иҷрои сифатнок ва шаффофияти он, насб ва истифодаи мошинҳои назорати хазинавӣ пурра ба роҳ монда шавад;

- бо мақсади ошкор ва пешгирӣ намудани хавфи қонунвайронкуниҳои андоз, ба таври зарурӣ истифодаи технология­ҳои муосир аз рӯи низоми идоракунии хавфҳо ба роҳ монда шавад;

- ҷиҳати иҷрои сифатноки қисми даромади буҷет дар ноил шудан ба боварии андозсупорандагон масъулият ва интизоми касбии кормандон бо тартиби амалкунанда баланд бардошта шавад;

- нисбати чорабиниҳои назоратии ғайринақшавии беасос, бемаврид ва дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти андозсупорандагон тадбирҳои қонунӣ андешида шаванд.

4. Ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҷиҳати иҷрои босифат ва саривақтии нақшаи пешбинишуда ва фароҳам овардани шароити мусоид ба молворидкунандагон дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор барномаҳои моделӣ ва дастурамали зарурии мусоид ба шароити имрӯза таҳия ва омода карда шавад;

- бо мақсади пешгирӣ намудани воридоти мол тариқи кочоқ ва мубориза ба ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, сабабу омилҳои мавҷуда мавриди омӯзиш ва таҳлили асоснок ба роҳ монда шавад;

- бо мақсади бештар ҷалб намудани молворидкунандагон ва иҷрои нақшаи муайяншуда ҳама гуна маҳдудият ва монеаҳои беасос аз байн бурда шуда, барои ноил шудан ба боварии молворидкунандагон, пеш аз ҳама, масъулият ва интизоми касбии хизматчиён баланд бардошта шавад;

- барасмиятдарории гумрукии молҳо бо тартиби амалкунанда бо истифодаи принсипи баробарӣ ба роҳ монда шавад ва оиди ҳама гуна санҷишҳои бемаврид, беасос ва пай дар пай, ки фаъолияти онҳоро халалдор месозад, чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

5. Ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- бо мақсади таъмини нақшаи қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ҳамбастагӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чораҳои зарурӣ тақвият дода шаванд;

- ҷиҳати истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин таъмини пурра ва саривақтии маблағгузорӣ ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд;

- бо мақсади пешгирӣ намудан ва роҳ надодан ба хароҷоти ғайриқонунӣ, тасарруфи маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ҳамкорӣ бо Бонки давлатии амонатгузорӣ «Амонатбонк» гузаштан ба низоми пурраи кортҳои бонкӣ корҳо тақвият дода шаванд;

- бо мақсади пешгирӣ намудан ва коҳиш додани бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ, ба таври воқеӣ ба андозбандӣ фаро гирифтани тамоми манбаъҳои ҳақиқии даромад дар ҳамбастагӣ бо мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо чораҳои зарурӣ андешида шаванд;

- барои роҳ надодан ба хароҷоти бесамар ва ғайримақсаднок, пайдо намудани манбаъҳои иловагии андозбандӣ, баҳисобгирии пурраи нафақагирон ва объектҳо бо тартиби амалкунанда гузаронида шавад.

6. Ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- бо мақсади пешгирӣ намудани ҳама гуна қонунвайронкуниҳои молиявӣ сабабу шароитҳои сол аз сол афзоиши қонунвайронкуниҳои молиявӣ муайян карда шуда, мавриди омӯзиш ва таҳлили воқеӣ қарор дода шавад.

- бо тартиби муқарраргардида тафтишу санҷишҳои аудиторӣ ва молиявӣ дар доираи нақшаи тасдиқкардашуда ва дархости асосноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда шуда, ба чорабиниҳои назоратии беасос ва ғайринақшавӣ роҳ дода нашавад;

- ҳангоми санҷишҳои аудиторӣ оид ба иҷрои Буҷети давлатӣ воқеияти қисми даромад ва хароҷоти буҷет мавриди арзёбӣ, таҳлил ва омӯзиш қарор дода шуда, пешниҳоду тавсияҳои асоснок ва судманд оид ба ислоҳи камбудиҳои муайяншуда ба роҳ монда шаванд;

- дар раванди санҷишҳои аудиторӣ таҳлили фаъолияти барномаҳои давлатии қабулшуда ва Маркази татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба роҳ монда шуда, истифодаи самараноки маблағҳои ҷудошуда ва ҷалбшуда таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад.

- ҷиҳати барқарор намудани зарари молиявии муайяншуда чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

7. Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:

- риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад ва ба ин васила ҳаҷми кумакҳои молиявии (субвенсия) аз буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ бо истифодаи маблағҳои худӣ ва озод бадастомада давра ба давра коҳиш дода шавад;

- оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» чораҳои зарурӣ андешида шаванд;

- ҷиҳати беҳтар намудани пешгӯйӣ ва ҷамъоварии андозҳо, инчунин чораҳо дар хусуси банақшагирии самаранок ва азнавтақсимкунии хароҷот чораҳои судманд андешида шаванд;

- фаъолияти аудити дохилӣ оид ба назорати истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.