Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилӣ соҳиби бинои нав гардид

№131 (3768) 09.11.2017

38175202252_07508b38eb_oШашуми ноябри соли 2017 дар доираи таҷлил аз 23-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии шаҳри Душанбе бинои нави Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Он аз панҷ ошёна иборат буда, дорои 60 утоқи корӣ ва шароити зарурӣ мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур, ки моҳи ноябри соли 2016 оғоз гардид, аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии ватанӣ дар асоси лоиҳаи тарҳрезишуда бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шудааст. Утоқҳои корӣ бо мебел, технологияи муосир ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Бино дорои як толори маҷлис бо 150 ҷойи нишаст, хобгоҳ барои 30 нафар, толори варзишӣ, ошхонаи замонавӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншооти замонавиро барои кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат арзёбӣ карда, онҳоро ба хизмати содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Мавриди зикр аст, ки солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Президент ва Ҳукумати кишвар барои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар баробари таъмини техникаю дигар муҳимот, омӯзонидани кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи мамлакат, инчунин бо бунёди иншооти замонавӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат шароити муосири кор фароҳам оварда шудааст.

Бунёди бинои нави Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи мантиқии дастгириҳои Давлату Ҳукумат, хусусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони соҳа мебошад, ки фаъо­лияти онҳо барои таъмини амнияту субот дар мамлакат равона гардидааст.

www.president.tj