Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баъди азнавсозӣ ба истифода супоридани Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, 6 ноябри соли 2017
Ҳамватанони азиз!
Имрӯз дар ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ва сокинони пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе боз як рӯйдоди муҳим ба амал омад.
Бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат азнавсозии Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори адабиёти нави тоҷик устод Садриддин Айнӣ ба анҷом расида, муҷассамаву мақбараи устод аз нав ва бо тарҳи бисёр зебои меъмории миллӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Қобили зикр аст, ки ин рӯйдоди фараҳбахш бо ҷашни мубораки миллиамон — бистусеюмин солгарди қабули бахтномаи миллат — Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон баробар омад.
Ба ин муносибат ҳамаи сокинони пойтахт ва шумо — ҳозирини арҷмандро самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломативу хушрӯзӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон пешрафту ободии рӯзафзун орзу менамоям.
Ин иқдоми ватандӯстона, яъне таҷдиду азнавсозии боғи ба номи устоди бузурги сухан дар айни замон нишонаи эҳтиром ва самимияти мардуми тоҷик ба шахсиятҳои барҷастаи миллат мебошад.
Басо рамзист, ки таҷдиду азнавсозии боғ дар арафаи 140-умин солгарди устод Садриддин Айнӣ, ки моҳи апрели соли оянда таҷлил хоҳад гашт, сурат мегирад.
Корномаи беназири устод дар таърихи миллати мо камназир буда, тамоми умри бобаракати ӯ барои ҳифзи ҳувияти тоҷикон ва ба сифати миллати қадимӣ эътироф гардидани онҳо сарф шудааст.
Дар ин хусус худи устод дар мақолааш бо номи «Тақдири як халқ» навишта буд: «Дар давоми умри худ ман китобҳои зиёде навиштаам, ки ҳамаи онҳо ба як мавзӯъ бахшида шуда, аз як мавод фароҳам омадаанд.
Ҳамаи ин китобҳо – дар бораи тоҷикон ва Тоҷикистон, дар бораи кишвари кӯҳистони ман, дар бораи хоки муқаддас, дар бораи фарзандони ин сарзамин мебошанд, ки дар қарни ҳафт ба худ номи «тоҷик»-ро гирифт».
Устод Айнӣ дар аввали асри ХХ дар мақолаву очеркҳо, шеъру достонҳо ва повесту романҳои худ аз таърих, забон, адаб ва ҳунару фарҳанги миллати тоҷик озоду ошкоро дифоъ менамуд ва мардумро ба худшиносӣ даъват мекард.
Мақолаҳои ӯ ва махсусан, китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» дар солҳои бистуми асри гузашта ба сифати шаҳодатномаи миллати тоҷик хизмат карда, боиси ҳамчун халқи қадима ва фарҳангӣ эътироф гардидани тоҷикон гардиданд.
Устод Садриддин Айнӣ он солҳо беш аз дигарон дар мақолаҳои «Масъалаи тоҷикон», «Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик», «Забони тоҷикӣ», «Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ» ба дифои ҳуқуқу ҳастии тоҷикон баромада, қадимӣ, таърихӣ ва бумӣ будани миллаташро исбот намуд.
Устод Айнӣ ба муқобили иддае аз зиёиёни он рӯзҳо, ки забони тоҷикиро забони куҳна мепиндоштанд, баромада, ботил ва беасос будани чунин ақидаҳоро фош мекард ва таъкиду исбот менамуд, ки тоҷикон забони адабии оммафаҳми беш аз ҳазорсола доранд ва он то кунун на танҳо дар муҳити халқи тоҷик, балки дар байни ҳамаи форсизабонони дунё роиҷ мебошад.
Дар андеша ва осори устод Айнӣ масъалаи ташаккули ҳувият ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ дар ҷойи аввал қарор дошт.
Маҳз аз баракати озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон доираи васеи хонандагон имкон пайдо намуданд, ки бо китоби басо арзишманди устод Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» шинос шаванд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бузургдошти фарзандони фарзонаи миллат, ки ба хотири истиқлолу озодии Ватан хизмати фидокорона кардаанд, ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии мо табдил ёфтааст.
Таҷдиду азнавсозии Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод низ дар доираи ҳамин сиёсат амалӣ гардид.
Мехоҳам таъкид намоям, ки бо иқдоми имрӯза мо бори дигар рӯҳу равони ин фарзанди бузурги миллати худро шод гардонидем.
Тавре ки дида мешавад, корҳои ободонӣ ва таъмиру азнавсозии боғ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бо заҳмати якҷояи мутахассисону бинокорони вилоят ва шаҳри Душанбе дар сатҳи хеле баланд анҷом ёфтаанд.
Бинобар ин, ба роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, соҳибкорон ва ҳамаи мутахассисону бинокороне, ки барои ободии ин гӯшаи пойтахтамон заҳмат кашида, онро ба як фароғатгоҳи воқеан зебову замонавӣ табдил додаанд, аз номи Ҳукумати мамлакат изҳори сипос менамоям.
Онҳо дар арафаи ҷашни Конститутсияи мамлакат ба сокинони пойтахт туҳфаи дар ҳақиқат арзанда омода кардаанд, ки боиси таҳсину офарин мебошад.
Минбаъд ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ зарур аст, ки ба масъалаи нигоҳубин кардану ба роҳ мондани фаъолияти доимии он эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Боғи ба номи устод Садриддин Айнӣ бояд ба як мавзеи дилнишини сайру саёҳати сокинон ва меҳмонони пойтахти азизамон табдил ёфта, дар он пайваста чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ баргузор карда шаванд.
Вобаста ба ин, бори дигар хотирнишон месозам, ки миллати мо аз қадим ҳамчун мардуми шаҳрсозу шаҳрнишин маъруф аст ва мо вазифадорем, ки ба масъалаи ободонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани шаҳру ноҳияҳо, ҷодаву хиёбонҳо ва маҳалли зисти худ, махсусан, пойтахти кишварамон-шаҳри Душанбе эътибори ҷиддӣ диҳем. Зеро пойтахт оинаи давлат, муаррификунандаи симо ва сатҳи фарҳангу маърифати миллат мебошад.
Итминони комил дорам, ки сокинони пойтахт, аз ҷумла аҳли зиё, ҷавонону занони фаъол, соҳибкорону тоҷирон минбаъд низ дар кори хайри ободонии пойтахти давлати соҳибистиқлоламон саҳми ватандӯстона ва арзишманди худро мегузоранд.
Дар охир ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд ва кулли сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати ифтитоҳи Боғи ба номи устод Айнӣ ва ба ифтихори ҷашни 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди чанд рӯз таҷлил мегардад, табрик гуфта, ба ҳар фарди бонангу номуси Ватан дар амалӣ шудани ниятҳои неки ободонии сарзамини аҷдодиамон муваффақият орзу менамоям.
www.president.tj