1. Мушовири калони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (категорияи якум) – 1 ҷой;
2. Мушовири калони муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (категорияи якум) – 1 ҷой;
3. Мушовири калони Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (категорияи якум) – 1 ҷой;
4. Муовини мудири шуъбаи ҳуқуқ (категорияи якум) – 1 ҷой;
5. Муовини мудири шуъбаи кадрҳо ва коргузории махсус (категорияи якум) – 1 ҷой;
6. Муовини мудири шуъбаи робитаҳои байнипарламентӣ ва протоколӣ (категорияи якум) – 1 ҷой;
7. Мудири бахши шуъбаи молия (категорияи дуюм) – 1 ҷой;
8. Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ (категорияи чорум) – 2 ҷой;
9. Сармутахассиси шуъбаи тарҷума, таҳрир ва нашр (филолог, тарҷумони забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) (категорияи чорум) – 1 ҷой.
Талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии маъмурӣ
Барои ишғоли мансаби маъмурии категорияи якум:
- таҳсилоти олии касбӣ (ҳуқуқшинос), ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми ҳифзи манфиатҳои давлатӣ;
- ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, ботаҷрибагӣ.
Барои ишғоли мансаби маъмурии категорияи дуюм:
- таҳсилоти олии касбӣ (иқтисодчӣ), ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми ҳифзи манфиатҳои давлатӣ;
- ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, ботаҷрибагӣ.
Барои ишғоли мансаби маъмурии категорияи чорум:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми ҳифзи манфиатҳои давлатӣ;
- ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, ботаҷрибагӣ.
Барои ҳамаи довталабони мансабҳои маъмурии категорияҳои номбурда:
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ, кор бо компютер;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ҳатмист.
Довталабон ҳуҷҷатҳои зеринро ба комиссияи озмун пешниҳод менамоянд:
- ариза;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи шиносномаи шахсӣ;
- нусхаи ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- расми 3х4 — 2 дона;
- маълумот оид ба вазъи саломатии шакли 86 УЕ;
- рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
- эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи амвол;
- тавсифнома аз ҷойи охирини кор.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо — 21 рӯз аз санаи нашри эълони мазкур.
Суроға: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 42.
Телефон барои маълумот: 221-33-07.