Пешвои миллат — наҷотбахши давлату миллат

№133 (3770) 14.11.2017

25 сол муқаддам дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди сарнавиштсозу тақдирсозе ба вуқӯъ пайваст, ки он дар пойдории сулҳу субот, таъмини Истиқлолияти давлатӣ, мустаҳкам намудани пояҳои ҳуқуқӣ, таҳкими сохти конститутсионӣ, қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва рушди кишвар нақши муҳиму арзишманд бозид. Шонздаҳуми ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум дар давраи басо мушкил ва вазъияти душвори сиёсии ҷомеа оғоз ёфт. Он лаҳзаҳо дар минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ, бахусус пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе вазъи мураккаби сиёсӣ ҳукмрон буд. Аз ин рӯ, иҷлосияи мазкур дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд, ки минтақаи нисбатан ороми кишвар буд, баргузор гардид.

Нуздаҳуми ноябр дар иҷлосия фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва сокинони мамлакат дар шахсияти ӯ наҷотбахши давлату миллатро пайдо намуданд. Дар он вазъи мураккаби сиёсӣ мардуми Тоҷикистон ба роҳбари кордону ботадбир, дурандешу олиҳиммат, хайрхоҳу хирадманд, ғаюру далер ва шуҷоаткору шикастанафс ниёз дошт.

Дувоздаҳуми декабри ҳамон сол Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфт: «тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Якуми июни соли 1993 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муроҷиатномаи телевизионӣ бо таваҷҷуҳи хоса ба фирориён рӯ оварда, аз онҳо даъват ба амал оварданд: «Ба Ватан баргардед. Аммо мо ба шумо кӯҳи тилло ваъда намекунем. Ҳамин қадар мегӯем, ки як бурида ноне, ки дорем, якҷоя мехӯрем, як қатра обе, ки дорем, якҷоя менӯшем. Паҳлуи ҳамдигар истода, Ватани вайроншудаамонро обод мекунем, иқтисоди харобгаштаамонро барқарор менамоем. Ватан бе шумо холист, аммо донед, ки шумо ҳам бе Ватан пурра нестед… Халқи азизам, падару модарон, хоҳару бародарон ва фарзандон! Шуморо хонаатон, заминатон, боғатон, мактабатон интизор аст! Шумо тоҷику тоҷикистониед, Тоҷикистон шуморо интизор аст». Дар заминаи ин муроҷиати самимиву саршор аз меҳру муҳаббат нисбат ба халқи шарифи Тоҷикистон, дар кӯтоҳтарин муҳлат тақрибан як миллион мардуми гурезаву сарсон ба Ватани аҷдодӣ баргаштанд ва аз ҳаёти осудаву осоишта бархӯрдор гардиданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ бо тадбирҳои дурандешонаву хирадмандона ва матонату ҷасорат дар дилу дидаи сокинони мамлакат ҷой гирифтанд, сулҳи комилро барқарор намуданд, кишварро аз вартаи таназзул ва маҳвшавӣ раҳо бахшиданд ва собит намуданд, ки халқи куҳанбунёди тоҷик дар интихоби Пешвои миллат саҳв накардааст, зеро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар мамлакат, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии онро фалаҷ гардонида, он замон Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона мақоми олии салоҳиятдор ва дорои ваколати конститутсионӣ буд. Дар робита бо ин, дар давраи басо мураккабу мушкили сиёсӣ қарорҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҳал мекарданд. Аз ин рӯ, мардуми Тоҷикистон орзу менамуданд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ҳар чӣ тезтар баргузор гардад ва низоми конститусиониро дар мамлакат барқарор созад.

Қарорҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихӣ ва ҳар яке аз онҳо дар андешаву тафаккур ва ғояву ақидаҳои ҳар сокини мамлакат нақши муҳим бозиданд. Мардуми шарафманди Тоҷикистонро дар атрофи Сардори давлат муттаҳид намуда, ба созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун сохтанд.

Ба шарофати баргузории иҷлосия сохти конститутсионии мамлакат барқарор гардида, фаъолияти сохторҳои фалаҷгардида аз нав ба роҳ монда шуд. Роҳҳои муайяну мушаххаснамудаи Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ ­сиёсати дурандешонаву хирадмандона ва ботадбиронаву суботкоронаи Роҳбари муаззами давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаву иҷтимоӣ мешиносад ва эътироф менамояд.

Қобили зикр аст, ки маҳз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, эъмори низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибис­тиқлол, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, бунёди ҷомеаи адолатпарвар саҳми беназир ва нақши арзанда гузошта, дар рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон хизматҳои бузургу арзишманд намуданд. Хизматҳои пурарзишу қаҳрамононаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11- уми декабри соли 1999, №923 бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд. Ҳамчунин, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» (аз 14-уми ноябри соли 2016, №1356) қабул шуд, ки ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътироф гардиданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

 Х. САИДМУРОДОВ,

мудири котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ф. САЙНОЗИМЗОДА,

мушовири калони кумитаи Маҷлиси

намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон