Дар шаҳри Роғун ба фасли сармо омодагӣ вусъат гирифтааст. Дар ин бора зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдухолиқ Ҷойлобов чунин гуфт:
-Ҷиҳати татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013 таҳти № 122 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014» омодагиро мо барвақт сар кардем. Дар ин бора моҳи апрел қарори раиси шаҳр ба тасвиб расида, дар асоси он нақша-чорабинӣ тартиб дода шуд ва ситоди махсус ба фаъолият шуруъ кард.
Дар шаҳр се адад дегхонаи барқӣ вуҷуд дорад, ки айни замон як дегхона аз таъмир бароварда шуда, таъмир дар самти хатҳои интиқоли гармидиҳии берунӣ идома дорад. Ин дегхонаҳо дар мавриди маҳдудияти қувваи барқ истифода бурда мешавад. Таваҷҷуҳи асосӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ дода шудааст. Дар ҳафт мактаб, боғчаи бачагонаи №1 ва беморхонаи марказӣ дегхонаҳои алоҳидаи бо сӯзишворӣ (ангиштсанг) ва барқ фаъолияткунанда сохта ба истифода дода шуд. Эҳтиёҷоти муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисоти тиббиро ба генераторҳои тавлиди неруи барқ ба назар гирифта, рӯйхати махсус омода гардид. Айни замон 23 мактаби таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумӣ, ҳамчунин ду муассисаи тандурустӣ бо чунин генераторҳо таъмин шуданд.
Талаботи муассисаҳои буҷетии шаҳри Роғун ба ангишт 900 тонна ва ҳезум 665 метри мукаабро ташкил медиҳад. Ҷиҳати ҳалли ин масъала бо Корхонаи фаръии «Зиддӣ» шартнома баста, то ба имрӯз зиёда аз 490 тонна ангишт оварда, захира карда шуд. Инчунин дар ҳудуди шаҳр ҳашт нуқтаи фурӯши ангишт ва як нуқтаи фурӯши гази моеъ фаъолият мекунад. Ҳамзамон аз ҷониби соҳибкорон фурӯши сайёри ангишт ба роҳ монда шудааст. То имрӯз ба аҳолӣ зиёда аз 500 тонна ин навъи сӯзишворӣ фурӯхта шуд.
Оид ба таъмири техникаю мошинҳо барои кори мунтазам дар давраи тирамоҳу зимистон кори зиёд анҷом дода мешавад. Дар давраи шаш моҳи гузашта барои нигоҳдорӣ ва таъмири роҳҳо 181,7 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардид. Баҳри бехатарии иншоот, идораю ташкилотҳо ва корхонаю хоҷагиҳо аз сӯхтор, ҳолати таҷҳизоти мавҷуда ва таъминот бо маводи зиддисӯхтор 360 корхонаю муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон ва 3569 хонаи истиқоматӣ санҷишҳо гузаронида шуд. Ҷараёни омодагӣ нишон медиҳад, ки дар мавсими тирамоҳу зимистони навбатӣ фаъолияти самарабахш ва мунтазами ташкилоту муассисаҳои шаҳр таъмин мегардад.