16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бунёдгузори бахтномаи миллат

№133 (3770) 14.11.2017

DSC_0921Таърихи башарият шахсиятҳоеро ёд дорад, ки рӯзгору корномаашон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Онҳо дар марҳалаҳои муайяни таърихӣ бо назару диди фарох амал карда, корномаҳои тақдирсоз анҷом дода, дар сарнавишти мардуми сайёра нақши бориз доранд ва талошу ҷонбозиҳояшон дар чаҳорчӯби анъанот ва қонунгузорӣ қадршиносӣ шудаанд. Дар қатори ин фарзонагон, барҳақ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи сазовор доранд.

Ин шахсияти таърихӣ вақте зимоми давлатдориро ба даст гирифтанд, ки фанову бақои давлати тозаистиқлол, сарнавишту зиндагии минбаъдаи мардуми кишвар бояд ҳал мешуд. Маҳз дили пок, нияти соф ва умеди нек ба оянда Сарвари тозаинтихобро муваффақу сарбаланд гардонд. Ва аввалин нидои Роҳбари ҷавон аз сулҳ буд, ки мардум аз он фардои худро дарёфт ва ҳамовоз гардид. Ҳамин боварии мардум буд, ки талоши Роҳбари ҷавон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат ва садоқат самар овард.

Агар ба фаъолияти Пешвои миллат назари иҷмолӣ андозем, мебинем, ки аз рӯзҳои нахуст дурандешонаву пайгирона, созандаву бунёдкорона аст ва на танҳо миллату давлати моро ба рӯзи саодату некӣ расонд, балки дар сарнавишти мардуми сайёра дар самти мубориза алайҳи терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, муаммоҳои глобалии марбут ба ҳифзи муҳити зист, дастрасии инсоният ба оби ошомиданӣ нақши бориз дорад.

Нахустин талоши Пешвои миллат ворид кардани ҷомеа ба фазои қонуният буд. Бори аввал дар фазои соҳибис­тиқлолӣ ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Бахтномаи давлат қабул гардид, ки ҳоло он дар қатори беҳтарин конститутсияи панҷ кишвари олам ном бурда мешавад. Таҳияву қабули ин санади тақдирсоз бевосита таҳти сарварии ­Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, бозгӯйи иродаи устувори сиёсии Пешвои миллат мебошад ва ҳамчун кафили иҷрои он минбаъд Сарвари давлат волоияти қонунро дар ҷомеа таъмин сохтанд.

Барои ба даст овардани Конститутсияи комилу устувор миллат ва давлат роҳи басе душвор ва печидаро пушти сар гузошт, ки ҳар қадами он моҳияти таърихӣ ва аҳамияти тақдирсоз дошт. Дар садри он ҳама талошу муборизаи таърихии миллат Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон меистод. Шахсе, ки бо ҷонбозӣ халқро соҳиби шиносномаи давлатӣ, аркони давлатдорӣ ва давлати комилан соҳибис­тиқлол намуд.

Корномаи сиёсии Эмомалӣ Раҳмон бо мафҳуми конститутсия аз оғоз пайванди ногусастанӣ дошт, зеро ӯ аввалин қадамро ба водии сиёсати бузург маҳз бо барқарории ҳокимияти конститутсионӣ гузошт. Ба ибораи дигар, қонунгароӣ ва конститутсионализм аз ибтидо меҳвари тафаккури сиёсии ӯро ташкил дода, ба тадриҷ ба мазмуни фаъолият ва ба мактаби сиёсӣ табдил ёфтанд. Ин аст, ки дар таърихи давлатдории навин номи Эмомалӣ Раҳмон бо мафҳумҳои усулие чун волоияти қонун, ҳукумати қонунӣ ва ҳокимияти конститутсионӣ пайванди амиқ дорад.

Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон ба волоияти қонун ва иҷрои қатъии меъёрҳои конститутсионӣ бесабаб набуд. Ӯ дар замоне ба роҳбарии давлат расид, ки Конститутсияи Тоҷикистон на танҳо ба як санади бетаъсир, балки ба бозичаи дасти гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ табдил ёфта буд. Қариб дар ҳар ҷаласаи Шӯрои Олии Тоҷикистон чанд банди Конститутсия ба манфиати ин ё он гурӯҳ тағйир дода мешуд. Умуман, танҳо соли 1992 ба Конститутсияи Тоҷикистон даҳ маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Аз тарафи дигар, таҷрибаи давлатдории ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бе устувории Конститутсия таъмини устувории раванди сиёсӣ ва пойдории давлат номумкин аст.

Танҳо ҳамин хизмати Ҷаноби Олӣ кофист, ки ӯро ҳамчун поягузори ҳуқуқии давлати навини тоҷикон эътироф намоем. Барои дарки дурусти ин корномаи таърихӣ таваҷҷуҳ ба чор ҷанбаи асосии фаъолият дар ин самт хеле муҳим аст.

Ҷанбаи якум, саҳми Эмомалӣ ­Раҳмон дар ташкил ва роҳбарии бевоситаи раванди таҳия ва қабули Конститутсияи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол. Аввалин нуктаи муҳим дар ин самт он аст, ки Эмомалӣ Раҳмон раванди таҳия ва қабули Конститутсияро дар шакли бисёр шаффоф ва демократӣ ба роҳ гузошт. Гарчӣ мувофиқи Конститутсияи амалкунанда то соли 1994 Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳуқуқи ворид намудани ҳама гуна тағйиру илова ба Конститутсияро доро буд, лек баръакси ин, Эмомалӣ Раҳмон барои таҳияву баррасии Конститутсия ва қабули он аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ иқдом кард. Барои ҳар чӣ шаффоф ва демократӣ идома ёфтани ин раванд се гурӯҳи мустақили корӣ таъсис ёфт, ки амали бесобиқа буд. Илова бар ин, Эмомалӣ Раҳмон шахсан ин равандро бевосита зери назорат гирифта, пайваста таъкид менамуд, ки дар Конститутсияи навин бояд ҳар як пешниҳоди мардум ва орзуву омоли ҳар як қишри ҷомеа ба назар гирифта шавад. Қобили зикр аст, ки дар ин раванди таърихӣ аз тарафи мардум ба гурӯҳҳои корӣ беш аз ҳаштуним ҳазор таклифу пешниҳод расид, ки баёнгари иштироки фаъоли оммаи халқ дар ин раванди сарнавиштсоз аст. Пешвои миллат он лаҳзаҳои таърихиро ба тариқи зайл ёдоварӣ намудаанд: «Қабули Қонуни асосии кишвар, ки аслан бо дарназардошти андешаву пешниҳодҳои сершумори мардуми шарифи Тоҷикистон таҳия гардидааст, танҳо ба шарофати кӯшишу талошҳои халқи тоҷик дар роҳи эъмори давлатдории навин муяссар гардид. Аз ин лиҳоз, қабули ин санад дастоварди бузурги миллии мо ба шумор меравад».

Хусусияти дигари муносибати Эмомалӣ Раҳмон ба раванди таҳияи Конститутсияи навини Тоҷикистон дар он буд, ки бо супориши ӯ гурӯҳҳои корӣ бояд таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ дар самти конститутсионализмро ҳамаҷониба омӯхта, дастовардҳои олитарини башариро дар ин самт фаро мегирифтанд. Илова бар ин, беҳтарин мутахассисони сатҳи байналмилалӣ низ ба кори арзёбӣ ва экспертиза ҷалб шуданд. Натиҷа он шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи беҳтарин дастовардҳои башарӣ таҳия гардид.

Ҷанбаи дуюм, саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули мазмун ва меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол. Аъзои гурӯҳҳои кории таҳияи матни Конститутсия дар ёддоштҳои худ хотирнишон кардаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сардори давлат дар шаклгирии мазмун ва меъёрҳои усулии Конститутсия низ саҳми таърихӣ дошт. Ҳарчанд бисёре аз аъзои гурӯҳ ходимони собиқадори давлатӣ, ҳуқуқшиносони касбӣ ва олимону муҳаққиқони соҳаи илмҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ буданд, аммо зимни нишастҳои корӣ Эмомалӣ Раҳмон идея, арзиш, меъёр ва механизмҳоеро ироа менамуд, ки бо дурандешона ва амалгароёна будан фарқ мекарданд. Масалан, матни моддаи якуми Конститутсия, ки мазмун ва моҳияти давлатдории миллиро ифода мекунад, бевосита аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шудааст. Он меъёрҳои усулие, ки дар ин модда сабт шудаанд, ҳанӯз дар аввалин суханронии Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми интихобаш ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода буданд. Маҳз дар он лаҳзаи таърихӣ ӯ бо қатъият эълон кард, ки ҷонибдори давлати демок­ратии дунявии ҳуқуқбунёд мебошад. Маҳз ҳамин идея аввалин хишти Конститутсияи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид ва он ба тадриҷ такмил ёфта, ба меъёри муайянкунандаи модели давлатдории миллии муосир табдил ёфт: давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд. Имрӯз бо гузашти замону андозагирӣ дар маҳаки таҷриба дармеёбем, ки интихоби меъёр ва модели давлатӣ то чӣ андоза дуруст, муҳим ва барои миллат ва давлат сарнавиштсоз аст.

Яке аз меъёрҳои бунёдии дигаре, ки дар раванди таҳияи Конститутсия Эмомалӣ Раҳмон рӯи он таъкид ва пофишорӣ намуд, дар сатҳи конститутсионӣ ҳифз шудани моҳияти иҷтимоии давлат буд, зеро ӯ ҳамчун як намояндаи мардум аз вазъияти зиндагии халқ ба хубӣ огоҳ буду нағз медонист, ки гузариши якбора аз модели давлати иҷтимоӣ ба модели давлати сармоядорию либералӣ боиси қашшоқии мардум, боз ҳам сангин шудани вазъи иҷтимоии халқ ва якбора ба қафо рафтани сатҳи иқтисодиву фарҳангии кишвар мегардад. Ин буд, ки бо вуҷуди мушкилоти иқтисодии давлат, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи мафҳуми «давлати иҷтимоӣ» ҳуқуқҳои бунёдии аҳолӣ барои дастрасӣ ба таҳсили ройгон, хидматрасонии тиббии ройгон, ҳимояи иҷтимоии қишрҳои осебпазир ва дигар хидматрасониҳои иҷтимоӣ ҳифз карда шудааст. Ин нукта низ мавқеи халқпарварона ва мардумдӯстона доштани Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро нишон медиҳад.

Ҷанбаи сеюм, саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми реформаи конститутсионӣ ва такмили низоми ҳуқуқии кишвар. Моҳияти ин ҷанба дар он аст, ки пас аз қабули Конститутсияи мукаммал бояд маҷмӯи қонунгузории кишвар пурра ислоҳ гашта, бо таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иморати ҳуқуқии кишвар ба низоми ҳуқуқии давлати мустақили миллӣ табдил дода мешуд. Ин вазифаи моҳиятан мушкил ва кори ҳаҷман бузург аст, ки дар таърихи давлатҳои мутамаддин маъмулан чанд даҳсола ва ҳатто садсоларо дар бар мегирад.

Ҳамин тавр, зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Конститутсияи нав ислоҳоти амиқи қонунгузорӣ сурат гирифта, дар як давраи кӯтоҳ 17 қонуни конститутсионӣ, 22 кодекс, 17 қонуни афв, 21 қонуни буҷет, 17 санади ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба, 30 санади ҳуқуқии байналмилалии дуҷониба, 345 қонуни соҳавӣ ва зиёда аз 17 ҳазор қарори Ҳукумати кишвар қабул шудааст. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, 749 ададро ташкил медиҳанд. Ба ин восита, модели давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ, ки дар Конститутсия қабул шуд, дар низоми қонунгузории кишвар пурра татбиқ гашт.

Чун ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ имзои Роҳбари давлат гузошта мешавад, аз назари илми ҳуқуқшиносӣ ва техникаи қонунгузорӣ ӯ ба таври табиӣ тарҳрезандаи низоми ҳуқуқии кишвар ба ҳисоб меравад. Таҷриба нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳуқуқӣ аз субъектони ташаббуси қонунгузорӣ камтар набуда, бо ташаббус, пешниҳод, эрод ва идеяҳои сершумор дар раванди такмили қонунгузорӣ саҳми бевосита гузошта, барои ҳимояи манфиатҳои мардум дар қонунгузории кишвар пофишорӣ ва истодагарӣ кардааст.

Ба ҳамин минвол, зери роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон раванди бисёр муҳим ва мураккаби таърихӣ, яъне ислоҳоти амиқи конститутсионӣ ва миллишавии низоми ҳуқуқии кишвар пурра анҷом ёфт ва бо ин хидмати бузурги таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон ба давлатдории миллӣ моҳият ва ҳастии ҳуқуқӣ бахшида, шакли ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳамчун кишвари аз назари ҳуқуқӣ мустақил ба вуҷуд оварданд.

Ҷанбаи чорум, саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи амалии ҳадафҳо ва меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистони соҳибис­тиқлол. Моҳияти ин самти фаъолият дар он аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдории миллӣ на танҳо ҳамчун ташаб­бускори қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, балки ҳамчунин, ба унвони татбиқкунандаи амалии ин санади таърихӣ шинохта мешавад. Таҷриба нишон медиҳад, ки гарчӣ қабули Конститутсияи мукаммал кори осон набуд, аммо дар амал татбиқ кардани он вазифаи боз ҳам душвор аст. Дар ин кор рӯ ба рӯи Эмомалӣ Раҳмон чанд мушкили ҷиддӣ меистод. Аввалан, солҳои аввали татбиқи Конститутсия дар шароити мураккаби сиёсию низомӣ идома ёфта, дар кишвар низои дохилӣ давом дошт. Дар ин шароит раванди татбиқи амалии сохтори давлати миллӣ бояд бо анҷоми музокироти бисёр печида барои дастёбӣ ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ идома меёфт. Аз тарафи дигар, элитаи сиёсӣ ва идории кишвар, ки асосан дар шароити ҷомеаи шӯравӣ ташаккул ёфт, дар татбиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ таҷрибаи амалӣ надошт. Бинобар ин, баъзан ташаббусҳои пешқадами Роҳбари давлат дар миёни элитаи сиёсӣ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешуд. Душвории дигар он буд, ки кишварҳои дигар барои татбиқи амалии аслҳои давлати дунявии демократии ҳуқуқбунёд даҳсола ва садсолаҳоро сарф намуда буданд, аммо Тоҷикистон бояд ин марҳиларо дар фурсати кӯтоҳ пушти сар мекард. Ҳамин тавр, дар шароити печида, татбиқи меъёрҳои баланд ва аксаран нави конститутсионӣ дар ҷомеаи пасошӯравӣ аз Эмомалӣ Раҳмон заҳмат, талош ва ҷасорати махсусро талаб мекард. Хушбахтона, Пешвои миллат аз уҳдаи ин вазифаи таърихӣ низ ба хубӣ баромад.

Имрӯз мафҳумҳое чун волоияти қонун, давлати дунявии демократӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ, моликияти хусусӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, матбуоти озоду мустақил, парлумони касбӣ, судҳои дахлнопазир ва даҳҳо мафҳуми дигар, ки башарият онҳоро дар тӯли асрҳо бо мубориза ба даст овардааст, барои ҷомеа мафҳумҳои бисёр ошно ва маъмулӣ шудаанд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки бисту шаш сол пештар аксари ин мафҳумҳо барои мардуми Тоҷикистон мафҳумҳои комилан нав буд, дарку эътироф ва татбиқи онҳо ба сахтӣ пеш мерафт. Пас, метавон хулоса кард, ки аз назари татбиқи амалии меъёрҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ кишвар зери роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як ҷаҳиши беназири таърихиро анҷом додааст. Бешубҳа, дар муддати андаке беш аз ду даҳсола, ки назди таърих лаҳзаи кӯтоҳ аст, ба даст овардани муваффақиятҳо дар самти татбиқи арзишҳои демократӣ дастоварди муъҷизаосост.

Агар ҷанбаҳои зикршудаи фаъолиятро канори ҳам гузорем, метавон хулосагирӣ намуд, ки Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ташаббускор, бунёдгузор, ҳомии қавӣ ва татбиқкунандаи амалии нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Ба ин восита, нақш, хидмат ва симои таърихии ӯ ҳамчун меъмори ҳуқуқии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, бунёдгузори низоми ҳуқуқии давлат, тарроҳ ва татбиқкунандаи модели муосири давлатдории миллӣ пеши назар меояд. Табиист, ки бо ин нақш, хидмати таърихӣ ҷойгоҳи Эмомалӣ Раҳмон дар таърих бисёр баланд ва номи ӯ дар саҳифаи давлатдории миллӣ барои ҳамеша устувор ва пойдор аст.

Ҷамшед МУРТАЗОҚУЛОВ,

вакили Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор