12 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо нашъунамои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан дар Боғи миллии Тоҷикистон, воқеъ дар қисми ғарбии пойтахт, шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки ба шарофати истиқлолияту ваҳдати комил дар кишвар, бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат боғҳои куҳна аз нав таҷдиду барқарор ва дар майдони ҳазорҳо гектар боғҳои нав бунёд мешаванд.
Бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои куҳна дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 — 2020» амалӣ мешавад, ки ин тадбир омили муҳими расидан ба яке аз ҳадафҳои асосию стратегӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ, инчунин бо ин роҳ мусоидат кардан ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии зиндагии аҳолӣ мебошад.
Муассисаи давлатии «Боғи миллии Тоҷикистон» соли 2006 — ум дар заминаи собиқ Боғи ботаникии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, ки соли 1937 таъсис ёфт, ташкил шудааст.
Масоҳати умумии заминҳои боғ қариб 92 гектарро ташкил медиҳад, ки дар 63 гектари он дарахтони себ, ангур, бодом, анҷир, нок, гелос, олу, шафтолу, хурмо, себи биҳӣ, чормағз, зардолу ва писта шинонда шудааст. Ҳосили аксар дарахтон ба хориҷи кишвар содирот мегардад.
Дар масоҳати 9,48 гектар ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ парвариш карда мешавад.
Дар Боғи миллӣ то 1 — уми ноябри соли 2017 шумораи дарахтони мевадиҳанда 17 ҳазору 365 бех, теъдоди умумии 30 намуд дарахтони сояафкану ороишӣ ва ҳамешасабз 66 ҳазору 840 бехро ташкил медиҳад. Инчунин, дар он ҷо барои ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ кардан 8 намуди дарахт бо шумораи 354 бех мавҷуд аст, ки нашъунамои хуб доранд.
Дар Боғи миллӣ кормандон аз тухм ниҳолҳои дарахтони санавбар, моржевика, сарви аризонӣ, сарвиноз, сафора, липа, каштан, магнолияи ҳамешасабз, магнолияи баргпарто ва гулҳои садбарг, соквойа, зирк, легустра, брисклет, фарзетсия, туяи тиллоранг ва шамшодро парвариш кардаанд.
Дар муассисаи мазкур, ҳамчунин ба хотири таъмини дигар хоҷагиҳои боғпарварӣ парвариши қаламчаи дарахтон ва гулу буттаҳои ороишӣ ба роҳ монда шудааст. Дар 3,80 гектар замини корам ғалла ва картошка кишт карда мешавад. Дар майдони 0,5 гектари дигар гармхонаҳои парвариши лимӯ сохта шудааст.
Дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Тоҷикистон» беш аз 100 нафар доимӣ фаъолият мекунанд ва дар вақти ҷамъоварии ҳосили дарахтон боз даҳҳо нафари дигар ба кор ҷалб мешаванд.
Ниҳолҳои ороишию сояафкан ва гулу буттаҳои нодири ороишӣ ва хушбӯйи Боғи миллӣ ба хотири зебо кардани боғҳои пойтахт ва ташкили боғҳои нав дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе парвариш меёбанд.
Аз ин рӯ, зимни шиносоӣ бо нашъунамои дарахтон Пешвои миллат ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва роҳбарони боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт тавсия доданд, ки ба хотири ба шаҳри гулҳо табдил додани пойтахти кишвар ба таври васеъ аз дарахтони дар Боғи миллӣ парваришшуда истифода баранд.
Ҳамин тавр, дастур дода шуд, ки барои боз ҳам зебою дилнишин кардани Боғи Маҷмааи давлатии «Қасри миллат», Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, боғҳои «Дӯстӣ», «Рӯдакӣ», «Парчам», «Нишони давлатӣ», «Ирам», «Наврӯзгоҳ» ва ғайра дарахтони ороишӣ шинонанд.
Дастурҳои дигар ба роҳбарияти Боғи миллӣ барои васеъ кардани майдони боғ ва ба макони дилрабои сайру саёҳат мубаддал гардонидани он дода шуд. Таъкид гардид, ки барои ба боғи муҳташам табдил додан аз ҳозир ниҳолҳои гуногун ва гулу буттаҳои зиёд парвариш карда шавад.
Мавриди зикр аст, ки табиат ва иқлими Тоҷикистон барои рушди боғу токпарварӣ, бунёди боғи меваҳои содиротӣ хеле мувофиқ мебошад. Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар бо дастуру ҳидоят ва иштироки бевоситаи Сарвари давлат бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои куҳна бомаром идома дорад. Тавре мушоҳида мегардад, солҳои охир ба хотири беҳдошти иқтисодиёти кишвар бештар ба бунёди боғи дарахтони меваҳои содиротӣ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад, зеро дар кишварҳои хориҷ талабот ба меваҳои хуштамъи кишвар зиёд аст.
Бо дастури бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар доираи татбиқи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ҳазорҳо гектар замини бекорхобидаи талу теппаҳо ба гардиши кишоварзӣ дароварда, аз ин ҳисоб заминҳои кишт ва боғҳо васеъ карда шуд. Танҳо дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастур ва иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо боғи интенсивӣ бунёд гардидааст.
Боғҳои калонтарини ҷумҳурӣ — Боғи миллии Тоҷикистон (соли таъсисёбӣ 2006), Боғи «15 — солагии Истиқлолият» (18 феврали соли 2006) дар шаҳри Ҳисор, Боғи «Ваҳдати миллӣ» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд (20 марти соли 2008), Боғи «Истиқлол» дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд (26 марти соли 2011), Боғи «3000 — солагии Ҳисор» (1 марти соли 2014), Боғи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ» дар хоҷагии фермерии «Асадулло» — и ноҳияи Хуросон (23 феврали соли 2016), Боғи «25 — солагии Истиқлолият» дар шаҳри Ҳисор (25 феврали соли 2016) ва боз даҳҳо боғи интенсивӣ, ки меъморашон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, аз ҳамон ҷумлаанд.
Ин иқдомҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агар, аз як ҷониб, барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи кори нав ва ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ нигаронида шуда бошанд, аз тарафи дигар, ба истифодаи самараноки заминҳои бекорхобида, содироти меваю хушкмеваҳо ба хориҷи кишвар ва бо ин роҳ гирифтани даромади хуби иқтисодӣ дар кишвар мусоидат менамоянд.
www.president.tj