Дар шаҳри Роғун соҳаи кишоварзӣ манбаи асосии истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва ашёи хом буда, барои рушду нумуи ин соҳа 1098 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, се хоҷагии ёрирасон, ду кооперативи истеҳсолӣ ва як хоҷагии давлатии ҷангал фаъолият менамояд. Шарҳи фаъолияти кишоварзонро мо аз сардори шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр Муҳриддин Ҳоҷиев хоҳиш намудем:
-Масоҳати умумии заминҳои корами шаҳр 2376 гектар буда, кишти умумии зироатҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 2318 гектарро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 61 гектар зиёд аст. Кишти зироатҳои ғалладонагӣ 1836 гектар, яъне нисбати соли гузашта 155 гектар зиёд гардид. Мавриди зикр аст, дар ҳудуди марзиву маъмурии ноҳияи Фархор тибқи шартнома барои шаҳри мо 12 ҳазору 490 гектар замин ҷудо карда шудааст, ки 1281 гектари он қитъаҳои корам мебошад. Дар ин мавзеъ корҳои саҳройӣ нисбатан барвақттар оғоз ва анҷом меёбад. Чунончӣ, давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 12 миллиону 641 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи порсола 2 миллиону 675 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Дар давраи ҳисоботӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар атрофи шаҳр 6260 бех дарахтони мевадиҳандаи гуногун дар майдони 24 гектар шинонида шуд. Ҳамчунин «Боғи умумишаҳрӣ» бунёд шуд. Хоҷагиҳои кишоварзӣ 25 гектар боғҳои кӯҳнаро аз нав барқарор намуданд. Ҳамагӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар майдони 118 гектар боғҳои нав бунёд карда шуд, ки нисбати соли гузашта зиёд мебошад.
Саршумори чорвои калон 17,1 ҳазор сарро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,2 ҳазор сар зиёд аст. Саршумори моли майда 56,9 ҳазор сар ба ҳисоб гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6,6 ҳазор сар зиёд мебошад. Миқдори оилаҳои занбӯри асал ба 2097 адад расонида шудааст.
Дар нимсолаи аввали соли равон истеҳсоли гӯшт 23 тонна, шир 51 тонна, тухм 31 ҳазор дона афзоиш ёфт.
Бояд тазаккур дод, ки давоми ним сол се маротиба ярмарка- фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ барои сохтмончиён ва аҳолӣ ташкил карда, нархи ҳамаи маҳсулот нисбат ба нархи бозор то 30 фоиз арзон пешкаш гардид.
Дар нимсолаи аввали соли 2013 гузаронидани корҳои бунёду барқароркунии ҷангал ва боғот дар майдони 28,1 гектар анҷом дода, ба миқдори 10774 бех ниҳолҳои гуногун шинонида шудааст, ки нисбати соли гузашта 5 гектар зиёд мебошад.
Кишоварзони шаҳр дар кӯшиши онанд, ки барои таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми арзанда гузоранд.