Се лаҳзаи соҳибсаодатӣ, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ баҳраманд гардидам

№134 -136 (3771-3773) 16.11.2017

20171114_104904Ҳар сол, ҳамин ки моҳи ноябр фаро мерасад, лаҳзаҳои басо тақдирсозу бун­ёдӣ — рафти ҷаласаҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаи хотироти ман порча-порча падид меоянд. Биноан, аз ҳамон рӯзҳои соли 1992 дар хотираҳо дарки мафҳуми худшиносии миллӣ решапайванданд. Имрӯз низ, ки ба солгарди чаҳорякасраинаи ҳамон тадбири созанда ва таҳкимбахши пойдории давлату таҷассумгари бақои миллат расидаем, вуҷуди ҳар фарди худшиносро тафохури бузургу қавӣ фаро мегирад.

Барои он ки навиштаву рақамҳои сабтнамудаам маънову асос дошта бошанд, дар наздам бастаҳои рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод»-ро гузошта, саҳифагардон менамоям. Суханони он айём гуфтаи ҳамкорам, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ба хотирам меоянд: «Ако, саҳифаҳои рӯзномаи мо бомавқеъ ва рисолаташ минбаъд дар худаш афкори худшиносӣ, ватандӯстӣ ва миллатдӯстӣ, иродатмандиву покии имону виҷдонро пойдор ва тақвият хоҳад бахшид».

Саҳифаҳои рӯзнома бо гузашти солҳо зард шудаанд, аммо навиштаҳо дар маъно, неру ва сафои талқинкунанда болиғанд. Вақте дар саҳифаи аввали рӯзнома аз 12-уми ноябри соли 1992 Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бобати  «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад» чоп карданӣ будем, ки дар рӯи мизи кориам (солҳои 1990 -1994 ба ҳайси сармуҳаррир фаъолият доштам) «Изҳороти Раёсати Шӯрои Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон» тавассути телетайп расид. Матни онро хондам ва Изҳорот дар паҳлуи қарор ба нашр расид. Аз ҷумла, дар он гуфта мешуд – «тақдири мо – сокинони Тоҷикистон танҳо ва танҳо дар дасти худамон аст. Давлати дигаре, шахси дигаре онро ҳаллу фасл карда наметавонад».

Дар шумораҳои минбаъдаи рӯзнома бобати омодагӣ ба иҷлосия мақолаҳои дар асл дилпуркунандаи мардум, муътақид ба сохти конститутсионии давлат, ҷонибдории барқарорсозии Ҳукумати қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шуданд. Ҳамон марҳала роҳбарият ва сокинони шаҳри Хуҷанд ба иҷлосия омодагӣ медиданд. Дар саҳифаи аввали шумораи 14 ноябри соли 1992 чоп шуд: «Хабари дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шудани Сессияи Шӯрои Олӣ тамоми меҳнаткашони шаҳрро рӯҳбаланд гардонд. Онҳо тамоми чораҳоро меандешанд, то ки иҷлосия бомуваффақият гузарад ва дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии Тоҷикистон нақши муайян гузорад, ба қатъи ҷанги бародаркушӣ дар Тоҷикистон мусоидат намояд».

Ҳамчун як нафар қаламкаш, аз рӯи вазифа дар иҷлосияи тақдирсоз иштирок намудаам ва аз се лаҳзаи соҳибсаодатӣ баҳраманд гардидаам.

Аввалан, интихоби Раиси нави Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хушхабари бахтовар, олитарину шарифтарини орзуву ормонро дар шумораи 21 ноябри соли 1992 таҳти №157 (14.913)-и рӯзнома ба табъ расондем. 94,4 дарсади вакилон ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд, барои боварӣ ба депутатҳо изҳори сипосмандӣ намуда, умед бастанд, ки якдилию якдигарфаҳмии депутатҳои халқ қувват мегирад.

Дар толор менишастаму эҳсос мекардам, ки баробари изҳори ин суханони Эмомалӣ Раҳмон ба Қасри Арбоб нуру сафо омада, дар фазои шинохти ҳувияти миллӣ чароғи умед равшан шуд.

Дувум, ҳангоме ки дар иҷлосия тарҳи муқаддасоти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ тасдиқ мешуд, дар қалби депутатҳо ва намояндагони воситаҳои ахбори омма бе ҳеҷ муболиға, оташ шуъла зад, дар мазраҳои дил ниҳол сабзид, гули орзуву умед бишкуфт. Охир, Парчам ва Нишон муждарасон ва муаррифгари кишвари соҳибистиқлол ҳастанд.

Сеюм, лаҳзаи басо пурифтихор он аст, ки 2 декабри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб бомуваффақият анҷом ёфт. Дар ҳошияи ин рисолати тақдирсози таърихи миллӣ 4 декабр бо хоҳиши Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмон дар Комитети иҷроияи вилоят вохӯрӣ бо рӯзноманигорони парлумонии «Ҳақиқати Ленинобод» барпо гардид. Дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки матбуот неруи бузург дошта, аз журналис­тон масъулият ва рисолати касбиро тақозо менамояд. Нақши рӯзнома ва маҳорату малака, донишу фаросати касбии журналистон дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бағоят калон аст.

Дар идомаи вохӯрӣ Сардори давлат изҳор намуданд: «Ба рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» боварӣ дорам». Ин баҳои Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар саҳифаи аввали шумораи №176 (14.922) аз 5 декабри соли 1992-и рӯзнома сабт шудааст, то ба имрӯз ба аҳли эҷоди нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд неру, илҳом ва покии виҷдону имон мебахшанд.

Хотираҳо ва андешаҳоямро менависаму аз мантиқу рабту низоми замон, кору пайкор ва ҳаёти имрӯз маъно мебардорам, дар тафаккурам ҳар лаҳзаи тақдирсозро зеҳннишин менамоям. Боиси ифтихормандӣ ва саодати бебадал аст, ки бо азму талошҳои зиёд, бо кӯшишу ҷасоратмандии фарзанди шоистаи миллат дар кишвар сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ ба даст омад. Меъмори муаззами ин кохи пурбаҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Ва дарки дурусти воқеа, мавқеи устувор, иродаи мустаҳкаму қалами созандаи рӯзноманигорони «Ҳақиқати Ленинобод» (ҳоло «Ҳақиқати Суғд»), алҳол низ бо роҳбарии сармуҳаррир, журналисти шинохта ва ҳақбин Мухтори Абдуллоҳ дар меҳвари ташаббусҳои бунёдӣ шоёни таҳсину офарин мебошад.

Файзулло АТОХОҶАЕВ,

Аълочии матбуоти Тоҷикистон, дорандаи медали «Хизмати шоиста»