Арбобқаср

№134 -136 (3771-3773) 16.11.2017

Усмон ОлимГунбади гардунписанд Арбобқаср,

Ҳусни Сайҳуну Хуҷанд Арбобқаср.

Сарбасар кошонае андарзи сабз,

Сарбасар маскуни панд Арбобқаср.

Хоҷагон аз худ нишонат мондаанд,

Хоҷасадри ҳушманд Арбобқаср.

Аз ҳамин ҷо аз қудуми Тоҷвар,

Остонат арҷманд, Арбобқаср.

Душманони хаппакат дар Анҷуман,

Мушт бар сар мезананд, Арбобқаср.

Дар ҳамин ҷо оҳи поки модарон,

Чоҳканро чаҳ фиканд, Арбобқаср.

Поргашта риштаҳои ҳамдилӣ,

Аз ту шуд занҷирбанд, Арбобқаср.

Бар футӯҳи аҳди Сомон даҳр гуфт:

Чоҳканро чоҳ канд, Арбобқаср.

Баски гаштӣ қасри Сулҳу Оштӣ,

Ту намеёбӣ газанд, Арбобқаср.

Усмон Олим