Баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хотири ман нақш бастааст. Агар гӯям, ки он шабу рӯз чашми оламиён ба умед сӯи Қасри Арбоб буд, хато нахоҳад шуд, зеро тақдири миллат дар он ҳаллу фасл мешуд.
Вақте кас ёди он рӯзҳо мекунад, пеш аз ҳама, воқеаҳое ба хотир меоянд, ки баъди иҷборан аз сари қудрат дур кардани собиқ Президенти ҷумҳурӣ шодравон Раҳмон Набиев аз ҷониби силоҳбадастон шохаҳои ҳокимият оҳиста — оҳиста ба фалаҷшавӣ рӯ оварданд. Ин вазъият, бо вуҷуди он ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ аллакай шурӯъ шуд, фидоиёни миллатро ором нагузошт ва шахсиятҳои ватандӯст ба хулоса омаданд, ки хавфи аз байн рафтани давлати мустақили тоҷикон ҷилавгирӣ карда шавад.
Нахустин қарори ояндасоз дар Хуҷанди бостонӣ даъват намудани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии мамлакат буд. Бо вуҷуди ин душвориҳо дар пеш буданд, зеро вакилон ба гурӯҳҳо тақсим шуда, ба қавли масали шоири рус Крилов, «ҳар кадом аробаро сӯи худ кашидан» мехост. Ба ҳар ҳол, шукрона, ки 15-уми ноябри соли 1992 соати 16-и рӯз аллакай 160 нафар вакилони халқ аз қайд гузаштанд. Ин умед ва эътимоди мардуми тоҷикро ба баргузории иҷлосия афзуд.
Ҳарчанд се рӯзи аввали иҷлосия байни вакилону гурӯҳҳои пайрав баҳсу талош хеле давом кард, вале як чиз ниҳоят муҳим ба назар мерасид: ҳама медонистем, ки Раиси Шӯрои Олиро иваз карда, ба сохтори идораи давлат тағйирот ворид намудан ҳатмист. Азбаски вазъ муташанниҷ буд, хушбахтона, аксари вакилон чунин андеша доштанд, ки дар интихоби сарвар ба хатогӣ роҳ додан гуноҳи азим хоҳад буд.
Барои иштирокчиён суханронии раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон хеле таъсирбахш буд, ки иброз дошт: «Ҳукуматдорон меъёри шабонарӯзии нонро ба ҳар сокини вилояти мо ба 50 грамм расониданд. Мо аз Комиҷроияи вилояти Ленинобод ва меҳнаткашони шаҳри Хуҷанд барои фароҳам овардани шароити хуб баҳри гузаронидани иҷлосияи Шӯрои Олӣ бағоят миннатпазирем. Аз ҷанги дохилӣ бисёр ҷойҳо валангор шуданд, даҳҳо ҳазор одам ба шаҳодат расиданд. Барои ободонии хароботи ин фоҷиаи даҳшатангез даҳҳо сол заруранд. Давом додани хунрезӣ камоли беақлист. Бинобар ин, мо ҷаҳд дорем, ки дар ҳар хонадон сулҳу салоҳ барқарор гардад. Мо маҳз бо ҳамин мақсади наҷиб ба иҷлосия омадем…».
Саҳари 18 — уми ноябр иҷлосия корро идома дод. Вакилони халқ баъди мубоҳисаҳои тӯлонӣ рӯзномаро тасдиқ намуданд. Ҳамон рӯз иҷлосия ду қонуни муҳими марбут ба фаъолияти вакилони халқро баррасӣ ва қабул намуд.
Аз ҷараёни иҷлосия маълум буд, ки Акбаршо Искандаров дигар аз уҳдаи идораи кори он баромада наметавонад, зеро ҳалли ҳар масъаларо бемаврид кашол дода, ба таъхир андохтанӣ мешуд. Ба ин хотир, рӯзи дигар, яъне 19 — уми ноябр, масъалаи бозхонди ӯ аз вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ ба баррасӣ гузошта шуд. Дар натиҷа, аз 196 нафар вакил 140 нафар ба тарафдории бозхонд ва 54 нафар ба муқобил овоз доданд.
Чун вакилон ба баррасии интихоби Раиси Шӯрои Олӣ гузаштанд, аввалин шуда, вакил А. Мирзоев номзадии раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмонро пешбарӣ намуд. Ин пешниҳодро вакили халқ шодравон Ҷаҳон Набиев низ дастгирӣ кард. Дар натиҷаи овоздиҳии пӯшида 186 вакил ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати интихоб шудан ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ овоз доданд.
Лаҳзаи савгандхӯрии Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ дар назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нутқи муассираш то ҳол дар гӯшам садо медиҳад, ки самимона буд.
26-уми ноябр сарварони гурӯҳҳои мухолифи силоҳбадаст Сангак Сафаров, Ҷумъа Буйдоқов, Бӯрихон Ҷобиров ва Ёқуб Салимов дар назди вакилон сухан гуфта, иброз намуданд, ки ба хотири ояндаи миллат тайёранд аз гуноҳи якдигар гузаранд ва дасти ҳам фишурда, якдигарро ба оғӯш гиранд. Ба ин муносибат Шӯрои Олии Тоҷикистон 26 — уми ноябрро Рӯзи сулҳ ва ризояти миллии халқи Тоҷикистон эълом дошт.
Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки мо — вакилон дар интихоби Сарвари давлат хато накардем ва Эмомалӣ Раҳмон бо хидматҳои шоистаю садоқат ба қасами ёдкарда боварии халқро сазовор гардид. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадде содиқона хизмати арзанда ба халқу Ватан кард, ки халқ низ ӯро ба таври арзанда қадршиносӣ намуда, барояш унвони олии Пешвои миллатро сазовор донист.
Темур ДАДОБОЕВ,
вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Киров, №164, ноҳияи Вахш.
Дар сурат: муаллиф (аз рост) бо вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Оқғоза, №165, ноҳияи Вахш Усмонқул Шокиров дар толори Қасри Арбоб.
Сурат аз бойгонии муаллиф