Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам таъкид менамоянд, ки насли калонсол — шоҳидони бевоситаи воқеаҳои таърихӣ, баҳри тарбияи ахлоқию хештаншиносии ҷавонон, аз ҷумла доир ба ҳодисаю воқеаҳое, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рух доданд ва дастовардҳои солҳои истиқлолият корҳои ташвиқотию тарғиботӣ баранд. Биноан, мехоҳам хотираҳоямро доир ба Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки поягузори сулҳу ваҳдат ва давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб меравад, баён намоям.
Он солҳо дар вазифаи муовини раиси Комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, ҳамзамон сардори Идораи молияи вилоят кор мекардам.
Дар бисёр давлатҳои нав ба мустақилиятрасида, бинобар пайдо шудани як қатор муаммоҳои иқтисодию иҷтимоӣ, зери ниқоби демократияю ошкорбаёнӣ нооромиҳои сиёсӣ ба амал меомаданд. Баъзе аз гурӯҳҳои манфиатхоҳ бо истифода аз дастгириҳои хоҷагони хориҷӣ, мехостанд дар миёни мардум низоъ барангехта, соҳиби мансабу сарват шаванд ё нуфузи сиёсиро дар минтақа қавӣ гардонанд. Дар он маврид бештар усули барангехтани оташи миллатчигию маҳалгароӣ, мансабталошию гумроҳкунӣ бо истифода аз номукаммалии донишҳои мардум, алалхусус ҷавонон, ба кор бурда мешуд, ки дар натиҷа соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ғарқи гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гардид.
Ҳодисаҳои бавуқӯъпайваста боиси ба ояндаи неки давлат нобоварӣ изҳор кардани аксар созмонҳои байналмилалии молиявӣ низ шуд. Масалан, моҳи ноябри соли 1993, ҳангоми сафари хизматӣ бо собиқ муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Р. Қ. Мирзоев (рӯҳашон шод бод!) ба Фаронса шоҳид будам, ки дар яке аз ҷаласаҳо намояндаи созмони бонуфузи байналмилалӣ, бинобар дар Тоҷикистон идома доштани ҷанги шаҳрвандӣ, ҳама гуна маблағгузориро бесамар ҳисобид.
Бо истифода аз вазъи муташанниҷ мухолифони Давлату Ҳукумати кишвар барои расидан ба мансабу дороӣ олимони бузург, соҳибкорони муваффақ, роҳбарони кордону ватанпараст ва сиёсатмадорони варзидаро ба қатл мерасониданд.
Насли калонсол хуб дар ёд дорад, ки яке аз аввалин қурбонии дасисабозон дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ нахустин сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», вакили Шӯрои Олӣ Муродулло Шерализода буд, ки 5– уми майи соли 1992 аз тири нохалафе ба ҳалокат расид.
Ҳамчунин, 24 августи соли 1992 ба тариқи ваҳшиёна собиқ прокурори генералии ҷумҳурӣ Нурулло Ҳувайдуллоев, 18 октябри соли 1992 санъаткори боистеъдод Кароматулло Қурбонов ва аъзои гурӯҳаш, олимони шинохтаи кишвар Муҳаммад Осимӣ (29 июли соли 1996), Юсуф Исҳоқию Минҳоҷ Ғуломов (6 майи соли 1996), собиқ муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Моёншо Назаршоев (10 марти соли 1994), рӯзноманигор Муҳиддин Олимпур (12 декабри соли 1995) ва дигар шахсиятҳои маъруф ба қатл расиданд.
Як ҳодиса ҳаргиз аз хотирам намеравад. Баъди расидани хабари марги Муродулло Шерализода, сарвари ҳамонвақтаи Кумитаи телевизион ва радиои вилоят Муҳаббат Мирсаидова аз роҳбарият талаб кард, ки тавассути телевизион ба мардум вазъиятро фаҳмонида диҳанд. Бо кадом сабаб бошад, ҳама аз баромад кардан худдорӣ намуданд ва тавсия доданд, ки ман баромад кунам.
Он вақт ҳамчун узви Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Ленинобод доир ба вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, роҳ надодан ба амалишавии ғаразҳои сиёсии мухолифон, худдорӣ намудан аз бесарусомониҳо муроҷиат карда будам. Он мусоҳиба, ки бо Муҳаббат Мирсаидова сурат гирифт, 6, 7, 8 майи соли 1992 чанд маротиба тавассути телевизион намоиш дода шуд. Модарам (рӯҳашон шод бод!) бисёр хавотир шуданд ва дуо мекарданд, ки ба ман намояндагони мухолифин зарар нарасонанд. Шукри Худо, ҳақ ғалаба карду ман низ аз он ҳодисаҳо зарар надидам.
Ё ин ки ибтидои соҳибистиқлолии кишвар, бисёр сиёсатмадорони маҳалгаро ба саҳна баромада, даъво намуданд, ки ҳама даромад бояд дар вилоят монда шавад ва аз ман ҳамчун сардори Идораи молия талаб карданд, ки ҳиссаҷудокуниро ба буҷети ҷумҳурӣ боздорам.
Рӯзҳои охири кори иҷлосия ҳангоми интихоби кадрҳо маро Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон даъват намуда, номзадиамро ба ҳайси вазири молия пешниҳод карданд. Барои ба боварии Роҳбари давлат сазовор гаштанам хеле хурсанд будам, аммо танҳо бо сабаби аз назди модари куҳансолам (рӯҳашон шод бод!) дуртар рафтан он рӯзҳо тамоман имконият надоштам ва пешниҳодро қабул карда натавонистам. Вале ба Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваъда додам, ки дар кадом мансабе кор кунам, барои устувории пояҳои давлатдорию рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат то лаҳзаҳои охири умр саҳмгузор хоҳам буд ва шукрона, ки тӯли солҳои сипаригардида ҳамеша баҳри иҷрои қавли додаам кӯшиш мекунам.
Имрӯз ҳар фарди солимақл дарк менамояд, ки таҳти роҳбарии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалӣ гардонидани барномаҳои дигаргунсозии иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, тадбирҳои ниҳоят муҳим андешида мешаванд. Корҳои азими ободонию бунёдкорӣ, аз қабили сохтмони нақбу кӯпрукҳо ва роҳҳои ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ, идома ёфтани корҳо бобати бунёди неругоҳҳои хурду бузург, алалхусус НБО-и «Роғун», ки иншооти бузурги аср ва кафолатдиҳандаи бадастоварии истиқлолияти пурраи энергетикии мамлакат мебошад, ҳамчунин афзоиши мунтазами хароҷоти Буҷети давлатӣ барои маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, далели гуфтаҳои боло мебошанд.
Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақвият додани ободонию созандагӣ дар мамлакат, бинои Қасри Арбоб пурра таъмир ва дар ҳудуди он иншооти боҳашамати истироҳатию фароғатӣ (чойхонаи миллӣ, амфитеатр, фаввораю гулгаштҳои зебо ва ғайра) бунёд гардида, ба минтақаи ободи сайру саёҳат табдил ёфтааст.
Онҳое, ки 25 сол қабл, дар рӯзҳои баргузоршавии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба ин гӯшаи кишвар бо дили ғамноку хотири парешон омада буданд, имрӯз аз дидани манзараҳои зебою нотакрори Қасри Арбоб ба ҳаяҷон омада, дарк мекунанд, ки танҳо вазъияти ороми сиёсӣ метавонад ба рушди бонизоми иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат намояд. Барои ба ин роҳи тараққиёт расонидани давлат нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва ҷасорату хирадмандии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст.
Таҷлили пуршукӯҳи 25-солагии Иҷлосияи тақдирсозу наҷотбахши XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён хиради азалӣ, дурандешии сиёсию заковати бузурги фарзандони далеру шуҷои миллатро баҳри муттаҳид намудани қувваҳои солим ва ба роҳи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ нигаронидани мамлакат муаррифӣ хоҳад намуд. Ҳар як фарди баору номусро зарур аст, ки ба қадри сулҳу ваҳдати имрӯза расида, аз ҳодисаҳои солҳои 90- уми асри гузашта хулоса бароварда, баҳри таҳкими дӯстиву рафоқат, баланд бардоштани иқтидори иқтисодии кишвар ва бо ин роҳ ноил гардидан ба зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат ҳиссагузор бошад.
Карамулло ОДИЛОВ,
Корманди шоистаи
Тоҷикистон