Атои Худованд

№134 -136 (3771-3773) 16.11.2017

- Сентябри соли 1991 дар харитаи ҷаҳон, баъди ҳазор соли парокандагӣ, дар асоси қабули санади сарнавиштсози таърихӣ — Қарори Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи эълон кардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», давлати дорои тамаддуни бой — Тоҷикистон пайдо шуд. Ин санад дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун санади барқарорсозии адолати таърихӣ буд, ки мардум дер боз онро интизорӣ мекашид.

Мутаассифона, душманони берунаю дохилӣ ва зархаридони алоҳида пойдории онро нахостанд. Кор ба ҷойе расид, ки қариб ҷумҳуриро пароканда ва халқро бе ватану овора созанд. Рӯҳияи мардумро яъсу ноумедӣ фаро гирифта, кас гумон надошт, ки айёми осудаю фараҳафзо боз бармегардаду мардум дар фазои сулҳ зиндагӣ мекунад.

Хушбахтона, ба ҳама ранҷи мардуми ҷафокашида Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хотима гузошт. Дар интихоби Раиси Шӯрои Олӣ намояндагони мардум хато накарданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат омад, ки бо ҳама хавфу хатар, алайҳи душманони миллату сиёҳкорон муборизаи қатъӣ бурда, орзую омоли ҳазорсолаи миллатро ҷомаи амал пӯшонд. Тоҷикистонро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт, киштии умеди мардумро ба соҳили мурод расонид. Ин атои Худованд буд, ки ба миллату давлат расида, сулҳу озодӣ барқарор гашт ва ҷаҳон моро ба некӣ шинохт.

Кори иҷлосияро бевосита тавассути радио гӯш кардам. Вақте ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он вақт Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд, маро ҳаяҷон фаро гирифт ва ҳангоме: «Ман ба шумо сулҳ меоварам, тамоми гурезаҳоро ба Ватан бармегардонам ва агар лозим шавад, ҷонамро барои миллатам, давлатам ва халқам фидо мекунам», — гуфтанд, аз шодӣ гиристам ва аз Худованди мутаол илтиҷо кардам, ки ба ӯ қудрати Илоҳӣ ато кунад. Зеро аз толори иҷлосия садоҳое ҳам баланд шуданд, ки ҳукумати навтаъсисро панҷрӯза хонданд. Хушбахтона, тири онҳо хок хӯрд. Пешвои миллат дар майдони гуфтушунидҳо барои сулҳу ваҳдат, якпорчагии давлат, баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ сарбаланд шуданд.

Ман ҳамчун таърихшинос ба ин назарам, ки ғояи озодӣ ва истиқлолият яке аз рукнҳои бунёдӣ ва арзишҳои олии озодии инсон дар ҳама давру замон ба ҳисоб меравад. Соҳибистиқлолӣ насиби на ҳар халқу миллат мегардад. Барои  соҳиб шудан баҳри он мубориза, ҷоннисорию қурбониҳо лозим.

Агар ба Бахтнома — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нигарем, он озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифа қарор додааст. Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳоло хушбахт аст, ки озодии комил насибаш гардида, зеро озодӣ дар зиндагӣ беҳтарин ҳадяи Худовандист. Бигзор нури озодиву истиқлолият ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ файзу саодат орад.

Шодигул ҚОНУНЗОДА,

директори Муассисаи давлатии

таълимии «Мактаби президентии шаҳри Хоруғ»