Лорд Вейверли: Шумо комилан ҳақ доред, ки НБО «Роғун»-ро бунёд кунед

№101 (3086) 08.08.2013

DSC_0128

5 августи соли 2013 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо лорд Вейверли узви Палатаи лордҳои  Британияи Кабир мулоқот намуд. Лорд Вейверли аз соли 1993 ҳамчун узви мустақили Палатаи лордҳо (Палатаи болоӣ), иштирокчии фаъоли  ҷаласаҳо доир ба масъалаҳои гуногуни доғи рӯз – маводи нашъаовар, терроризм, низоъҳо ва дигар масъалаҳо буда, ба бисёр кишварҳои дунё сафар кардааст. То моҳи июли соли 2013 Гурӯҳи дӯстӣ оид ба Осиёи Марказиро  дар Парламенти Британияи Кабир роҳбарӣ мекард. Вай ҳамчунин ҳамраиси Гурӯҳи дӯстии Парламенти Британияи Кабир бо Муғулистон, мушовири раиси Каз Мунай Газ (Қазоқистон), раиси Ҳамоиши нави Роҳи абрешим, ҳамраис ва сарпарасти чандин ҷамъияту марказҳо, аз ҷумла сарпарасти ҷамъияти Британияю Ӯзбекистон мебошад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров лорд Вейверлиро ба кишвари мо хайрамақдам гуфта, роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ, экологӣ ва вазъи минтақа, аз ҷумла бо хоҳиши меҳмон дар бораи бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва вазъи экологии Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» суҳбат намуд.

-Бо Шумо суҳбат кардан барои ман осон аст, зеро чандин бор ба ҷумҳурии мо ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар карда, бо вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва экологии минтақа ошнойии комил пайдо кардаед. Шумо яке аз шахсиятҳои шинохтаи сиёсати Аврупо ва ҷаҳон мебошед, ки дар густариши  равобити Тоҷикистону Британия ва Тоҷикистону Парламенти Аврупо саҳми арзишманд доред, -изҳор дошт Шукурҷон Зуҳуров. -Умедворем, ки сафари Шумо ба кишвари мо ва Ӯзбекистон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои баҳсии мавҷуда мусоидат хоҳад намуд. Мо медонем, ки Шумо аз ин ҷо ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати иштирок дар конфронсҳое, ки ҳамсоякишвари мо доир ба вазъи экологии Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик», инчунин оид ба захираҳои обии Осиёи Миёна ташкил кардааст, меравед. Худ қазоват кунед, ки чунин конфронсҳои роҷеъ ба масъалаҳои дохилии Тоҷикистон бе даъват ва иштироки тарафи Тоҷикистон баргузор мегарданд. Онҳо мехоҳанд бо ин чорабиниҳои худ ба ҳамоиши байналмилалии ба мавзуи об бахшидашуда, ки анқариб дар кишвари мо баргузор хоҳад шуд, ҳамсангӣ намоянд. Ва онҳо даъватҳои моро ҷиҳати иштирок дар чунин конфронсҳо бо хомӯшӣ рад мекунанд.

Мо чӣ будани ҷангу низоъҳоро, ки аз сари худ гузаронидаем, медонем ва дар мисоли Афғонистон дар паҳлуи худ ҳамеша эҳсос менамоем. Аз ин рӯ, Тоҷикистон ҳамеша саъю талош бар он дорад, ки дар минтақа оромию субот барқарор гардида, миёни кишварҳои минтақа равобити ҳамаҷониба пойдор бошад. Имрӯз ҷойи он буд, ки дар миёни кишварҳои ҳамсояи Осиёи Миёна, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон равобити ҳамаҷониба вуҷуд дошта, бозорҳо ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ амал мекарданд, аммо, мутаассифона, тавре медонед, чунин муносибатҳо қариб, ки вуҷуд надоранд. Мардуми тоҷику ӯзбек садсолаҳо дар як минтақа зиндагӣ карда, муносибатҳои хешу таборӣ пайдо кардаанд,  имрӯз бо сабаби душвории гирифтани раводид ба кишвари ҳамсоя дар маъракаҳои муҳими хешутаборӣ иштирок карда наметавонанд. Мо ба корҳои дохилии ҳеҷ яке аз ҳамсояҳоямон дахолат намекунем. Вале ҳамсояи мазкури мо нисбати бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бо даъвои бебунёд дар ҷомеаи ҷаҳонӣ сару садо баланд мекунад. Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳанӯз дар замони мавҷудияти сохти Шӯравӣ тарҳрезӣ гардида, лоиҳаи он аз ҷониби институтҳои лоиҳасозии Тошканд бо назардошти манфиати неругоҳи мазкур ба Ӯзбакистон таҳия гардида буд. Зарари Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» низ, тавре мутахассисон таҳқиқ гузаронидаанд, аз тариқи технологияи муосири пешгирии партовҳо то ҳадди ақал кам  карда шудааст. Вале ин ҷо ҳадафҳои тарафи даъвогар дигар буда, бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва зарари заводи алюминий танҳо баҳона аст.

Шукурҷон Зуҳуров роҷеъ ба муроҷиати Раиси палатаи қонунгузори Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи экологии ноҳияҳои ҳамҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо  Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷавоби Маҷлиси намояндагон роҷеъ ба муроҷиати мазкур муфассал суҳбат намуд.

Шукурҷон Зуҳуров пешниҳоди лорд Вейверлиро дар мавриди имкони машварати ғайрирасмии намояндагони панҷ ҷумҳурии Осиёи Миёна дар Британияи Кабир, ки лорд Вейверли нияти доир намудани чунин як машваратро дорад, ҷонибдорӣ намудаву қобили қабул донист.

Лорд Вейверли узви Палатаи лордҳои  Британияи Кабир аз пазиройии самимонаи Раиси Маҷлиси намояндагон изҳори сипос намуда, изҳор дошт, ки нақши парламентҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва кишварҳо бояд аз ин ҳам баланд бошад. Дар ин самт робитаҳои байнипарламентӣ метавонанд мусоидати комил дошта бошанд. Ман аз ҷониби худ ҳамеша саъй мекунам, ки ҷиҳати ҳалли масъалаҳои баҳсталаби миёни кишварҳои  Осиёи Марказӣ мусоидат намоям. Бо ин мақсад ба ин кишварҳо бисёр сафар мекунам.

-Ба наздикӣ маҷаллаи «Экономик» мақолаеро роҷеъ ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба нашр расонд, ки бар хилофи манфиатҳои иншооти мазкур равона шуда буд. Ман тасмим гирифтам, ки мактубе навишта, воқеияти ҳолро роҷеъ ба ин ду иншоот баён намоям.

-Шумо комилан ҳақ доред, бигӯед, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро бунёд мекунем. Ин ҳаққи шумост. Ман бо истифода аз фурсат аз Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва Неругоҳи барқи обии «Роғун» дидан намуда, баъдан воқеияти ҳолро арз хоҳам намуд. Ба Шумо ва тамоми мардуми кишваратон комгориҳо орзумандам.

Дар суҳбат Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Робин Ҷереми Орд-Смит иштирок дошт.

Котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон