Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҳақназар Ғоиб аз зумраи иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ӯ зимни суҳбат хотироташро дар бораи ширкат дар он ва ҳаводиси баъди иҷлосия ба тариқи зайл қисса кард:
- Он солҳо ба ҳайси сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Хатлон» кор мекардам. Суҳбати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки роҳбарии Комиҷроияи собиқ вилояти Кӯлобро бар дӯш доштанд, дар рӯзнома чоп намуда, чанд нусха аз онро як рӯз қабл аз иҷлосия ба шаҳри Хуҷанд бурдам. Пеш аз барпо шудани анҷумани тақдирсоз тавассути телевизиони Хуҷанд баромад карда, мардумро ба сарҷамъиву муттаҳидӣ дар роҳи ватансозию ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ҳукумати конститутсионӣ даъват намудем. Замоне буд, ки фикру ақидаҳо мухталиф буданд. Аз ҷумла, гуфтем, ки нафароне ҳастанд, ки пушти саҳна истода, моро ҷанг меандозанд ва нобуд карданианд. Агар чунин ҳартарафкашӣ, носозгории байни худӣ давом ёбад, оқибаташ ба бадбахтии азим бурда мерасонад.
Иҷлосия барпо шуд. Раҳмон Набиев бо хоҳиши худ аз мансаби президентӣ истеъфо дод. Ба ҷойи ӯ Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардиданд. Ҳар нафаре, ки дар дил меҳри Ватану ободию сарҷамъии миллатро дошт, Эмомалӣ Раҳмонро тарафдорӣ намуд, зеро аллакай возеҳ буд, ки ӯ ҷавонмарди асил аст ва сулҳи ваъдакардаашро ба Тоҷикистон меорад.
Як сол баъд аз гузашти иҷлосия бо супориши Сарвари давлат моро ба шаҳри Душанбе даъват карданд. Нахуст бо Маҳмадсаид Убайдуллоев вохӯрдем. Сипас, Президенти кишвар моро пазируфтанд, дастур доданд, ки мардумро ба муттаҳидию ватандӯстдорӣ даъват кунем. Ҳамроҳи дигар намояндагони расмӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои вохӯрӣ бо сокинон сафарбар шудем. Вазъияти мамлакат ва хавфи аз байн рафтани кишвару миллатро ба онҳо тавзеҳ додем. Аксарият тарафдорӣ намуданд. Гузашта аз ин, буданд нафароне, ки ба андешаю ақидаҳои мо мухолиф баромада, садо баланд карданд. Онҳоро бо нармию хушмуомилагӣ ором кардем. Хушбахтона, якдигарфаҳмию ҳамдилӣ буд, ки тамоми мушкилотро пушти сар кардем. Имрӯз қиёс кунед, Тоҷикистонро ба 25 сол қабл. Сатҳу сифати зиндагии мардум чанд карат боло рафтааст, парчами сулҳу субот парафшон аст. Тинҷию осудагӣ ва баробарҳуқуқӣ ҳукмфармост. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба ҳама бадбахтию рӯзи сиёҳи мардум нукта гузошту машъали сулҳу хушбахтии миллатро афрӯхт ва боис шуд, ки соҳиби Пешвои бофарҳангу хирадманд гардидем.
Таснифи Ёқуби СОДИҚ,
«Садои мардум»