«Нақши таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди минбаъдаи кишвар». Таҳти ин унвон 10 ноябри соли ҷорӣ дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ бахшида ба 25-умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо ҳузури намояндагони муассисаҳои илмии кишвар конференсияи илмӣ баргузор шуд.
Зимни суханронӣ ва музокирот президенти АИ ҶТ Фарҳод Раҳимӣ, аъзои пайвастаи АИ ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонзода, Кароматулло Олимов, Мӯсо Диноршоев, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ Худобердӣ Холиқназар ва дигарон нақши таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиро аз лиҳози илмӣ чун воситаи барқарории низоми сиёсӣ дар мамлакат маънидод карданд. Зеро маҳз дар он тақдири ояндаи давлату миллат тарҳрезӣ гардид ва ба сӯйи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аввалин қадамҳо гузошта шуданд.
«Садои мардум»