Ҳафтаи гузашта, ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Боку – пойтахти Озарбойҷон бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дастгирии Парлумони Озарбойҷон бо иштироки намояндагони корпуси дипломатии муқими Озарбойҷон, вакилони Парлумони ин кишвар, олимон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳамоиши сатҳи баланд доир гардид.
Дар он сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон Зияфет Аскеров, раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Озарбойҷону Тоҷикистон Айдон Мирзозода ва дигар вакилони Парлумони Ҷумҳурии Озарбойҷон доир ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карданд.
Зикр шуд, ки маҳз бо шарофати қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди низоми нави давлатдории тоҷикон, заминаҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошта шуданд. Инчунин, қайд гардид, ки созиши миллӣ, сулҳу ваҳдат ва ягонагие, ки ба мардуми тоҷик муяссар гардид, идомаи мантиқии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Гузашта аз ин, нақши таърихии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти сулҳовар ва асосгузори истиқлолияти тоҷикон, бунёдгузори ислоҳоти амиқи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, инчунин ташаббускори дигаргуниҳои созанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардида, аксҳо аз ҷараёни Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳи минбаъдаи амалисозии қарорҳои тақдирсози он, китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, адабиёт ва лавҳаҳо бахшида ба фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намоиш гузошта шуданд.
«Садои мардум»