7 августи соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон наздики 80 нафар кормандони мақоми судиро, ки ба вазифаҳои судя ва роҳбарии ин мақомот дар маҳалҳо таъин гардидаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Тавре зикр гардид, аз шумораи умумии ба вазифаҳои нав таъиншудагон шаш нафар бонувон ва 30 нафар касонеанд, ки бори аввал ба вазифаи судя сазовор дониста мешаванд. Дигарон тибқи нақшаи ҷойивазкунии муҳлатноки кадрҳо ва ба навбат дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ фаъолият кардану таҷриба андӯхтан ба вазифаҳои нав таъин гардиданд.
Пас аз қироати фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъиноти кадрӣ ахбори роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷумҳурӣ, аз ҷумла раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов, прокурори генералӣ Шерхон Салимзода ва вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов доир ба фаъолияти кормандони мақомоти судӣ, ҳодисаҳои ташвишовари даст задани онҳо ба ҷинояту қонуншиканӣ, аз ҷумла кирдорҳои коррупсионӣ шунида шуд.
Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки судяҳо «бояд ба халқу Ватан ва савганди касбии худ ҳамеша содиқ бошанд, кору фаъолияти худро бо дасту дили пок ва нияти нек ба роҳ монда, дар амалӣ намудани адолати судӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлату шаҳрвандон танҳо тобеи қонун бошанд».
Бо нигаронӣ аз даст задани баъзе судяҳо ва дигар кормандони мақомоти судӣ ба ҷинояту қонуншиканӣ, амалҳои коррупсионӣ ва ба ҷазои сазовор гирифтор шудани онҳо изҳори боварӣ карда шуд, ки барои пешгирӣ аз чунин кирдорҳои нангин аз тамоми имконоти мавҷуда самаранок истифода бурда мешавад. Таъкид гардид, ки кормандони ба чунин амалҳо роҳдода минбаъд бояд умуман ба мақомоти судӣ, дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ба хизмати давлатӣ роҳ дода нашаванд.
***
Худи ҳамин рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як зумра тағйироти дигари кадрӣ амалӣ намуд.
Қаюмҷон Маҳмудов аз вазифаи Директори генералии КВД «Заря Востока» озод карда шуда, ба вазифаи Директори генералии КВД «Востокредмет» таъин карда шуд.
Ба вазифаи Директори генералии КВД «Заря Востока» Зиёдулло Носиров таъин гардид.
Мавлон Қазоқов ва Саноӣ Боев намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии Наҷоти Арал таъин карда шуданд.
www.president.tj