Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 31 августи соли 2015 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати ворид намудани эссе (кори хаттӣ) ба номгӯйи имтиҳонҳои марказонидаи давлатӣ дастур дода буданд.
Аз ин рӯ, роҳбарияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастуру супоришҳои Пешвои миллат нақша — чорабиниро таҳия намуд, ки дар асоси он чанде қабл дар Институти такмили ихтисоси муаллимони Тоҷикистон оид ба омода намудани омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик барои санҷиши корҳои хаттӣ семинар баргузор гардид. Тибқи нақша аз байни 175 омӯзгор беҳтаринҳо интихоб гардиданд. Ҳоло ҷараёни санҷиши эссе дар 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ давом дорад. Мақсад аз ворид намудани кори хаттӣ ба номгӯйи имтиҳонҳои марказонидаи давлатӣ муайян намудани маҳорати дарк, мураттабӣ ва баёни фикри хонандагон, хулосабарорӣ ва баррасии мустақилонаи довталабон ба забони давлатӣ мебошад.
Эссе – калимаи лотинӣ «exagium» — санҷиш, ҷустуҷӯ буда, иншои мухтасар низ маънидод мешавад.
Дар эссе ҷаҳонбинӣ ва андешаҳо ба таври мухтасар ва асоснок баён мегардад. Ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва довталабон тавсия мешавад, ки онро бештар бо услуби публитсистӣ нависанд.
- Истисно гардидани кори хаттӣ дар имтиҳонҳои марказонидашудаи давлатӣ сабаби ғалатнависӣ гардида, хонандагонро то андозае фориғбол кардааст. Эссе воситаи хуби рафъи ин мушкил аст, — гуфт муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзаалӣ Ҷаъфаров.
Абдухолиқи МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»