ДУШАНБЕ. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Аз ҷониби доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров дастурамали муфиде зери унвони «Бунёди боғ» таҳия гардид, ки бо дастгирии барномаи Гурӯҳи ҳифзкунандагони ҷангали Норвегия (NFG) дар Тоҷикистон ба нашр расид. Олими варзида бо истифода аз тадқиқотҳои назариявӣ ва амалӣ ба боғдорон оид ба давра, тарз ва муҳлати шинонидани ниҳол, парваришу ғизодиҳӣ, шаклдиҳӣ ва буридани дарахтони ҷавон, усулҳои самарабахши пайванди ниҳолҳо маслиҳатҳои пурқиммат додааст.
Ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист.
Эмомалӣ Раҳмон