Осоишгоҳ барои бепарасторон

№102 (3087) 12.08.2013

РӮШОН. ( Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»)  Дар назди мактаб — интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон осоишгоҳи  «Умед» ба фаъолият шуруъ кард. Ба он асосан кӯдакони бепарастор ҷалб карда  шуданд.  Дар ин ҷо барои истироҳату омӯзиш, хурду хоб ва тамринҳои варзишию фарҳангӣ  шароити муносиб мавҷуд аст.

Дар осоишгоҳ барномаҳои гуногунеро ба роҳ мондаанд, ки кӯдакон ҳеҷ гоҳе дилгир намешаванд. Махсусан ба  истироҳату тарбияи духтарон эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Онҳо баробари истироҳат, инчунин дӯзандагию бофандагӣ, тарзи тайёр кардани ғизоҳои гуногунро меомӯзанд. Маҳсули дасти онҳо дар худи урдугоҳ ба намоиш гузошта мешавад. Ҳоло дар урдугоҳ 70 нафар кӯдакону наврасон аз ҳар гӯшаву канори вилоят истироҳат доранд. Рӯзҳои наздик теъдоди онҳо  ба 100 нафар расонида мешавад.