Суханронии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар Конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот ва ташаккули рукнҳои давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қасри Арбоби н. Бобоҷон Ғафуров, 18 ноябри соли 2017

№ 21.11.2017

DSC_2137

Вакилони арҷманд – иштирокчиёни Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳозирини гиромӣ, меҳмонони азиз,

Дар ташаккули ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии ҳар халқу миллат рӯйдодҳои  таърихие истодаанд, ки ба ҳастӣ ва  сарнавишти онҳо пайванди ногусастанӣ доранд. Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини халқи мо, бешубҳа, аз зумраи чунин рӯйдодҳои нодир ва муҳими сиёсӣ  маҳсуб мешавад.

Ҳар қадаре, ки гузашти айём  моро аз он 17  рӯзи таърихии соли 1992  дуртар мекунад ва ҳар қадаре, ки Тоҷикистони азиз рушд меёбад ва халқи заҳматкаши мо ба дастовардҳои нав ба нав ноил мегардад, қадру қиммат ва аҳамияту манзалати ин рӯйдоди таърихӣ назди хиради инсонӣ баландтар ва устувортар мегардад. Чунки маҳз ба шарофати ҳамин рӯзҳо, ки дар онҳо Иҷлосияи таърихии XVI-ум баргузор гардид, халқи мо ба оғози ин музаффариятҳо асос гузошт.

Мо, ки аксарамон шоҳиди ҷанги мудҳиши шаҳрвандӣ ҳастем, сӯхтани хонаву кошонаи тоҷикро бо чашми худ дида, навҳаи модарону тифлону арусонро шунидаем, хуб эҳсос мекунем, ки Иҷлосия дар чи гуна шароит баргузор гашту чи пайғоме ба халқи азияткашидаи мо овард.  Он замон сарзамини кишвари мо воқеан ҳам месӯхт, мақомоти давлатӣ фаъолият намекарданд, мардум охирин такягоҳи маънавӣ  - бовариро аз даст медод. Мақоми олии ҳокимияти давлатӣ — Иҷлосияи Шӯрои Олӣ дар пойтахти кишвар имкони фаъолиятро пайдо накард. Масъалаи ҳастии миллат ва ояндаи давлати тозаистиқлоли тоҷикон зери савол  рафта буд.  Дар чунин шароит  касе ҷуръат карда масъулияти идораи давлатро бар дӯш намегирифт. Вазнин буд шароит, мушкил буд идора. Вақт қаҳрамонӣ, фидокорӣ ва қурбониҳо талаб мекард.

Имрӯзҳо, мо — вакилони мардумӣ, сиёстамадорон ва ҳар фарди Ватандӯсти кишвар  беш аз пеш эҳсос мекунем, ки  назди ин рӯйдоди таърихӣ чӣ масъулияти азиме бар дӯш дорем. Олимон, таърихшиносон, сиёсатмадорон, рӯзноманигорон ва онҳое, ки ба давлатдории навини миллии мо бетараф нестанд, нуктаҳои муҳим ва тақдирсози ин Иҷлосияи таърихиро борҳо шарҳу тавзеҳ додаанд ва оянда низ ин корро анҷом хоҳанд дод.

Ба назари ман, ки  ба ҳайси узви Ҳукумати кишвар дар он Иҷлосия ширкат доштам, ин се дастоварди бузурги Иҷлосияи XVI-ум барои мо ва наслҳои ояндаамон пурарзиштар ва хотирмон боқӣ хоҳанд монд:

Аввалин ва асоситарин дастоварди Иҷлосия ин буд, ки ба мақоми роҳбарии давлат шахси арзанда, масъул ва Ватандӯстро интихоб намуда, ба халқи тоҷик  Пешво ва роҳнамо тақдим  кард.

Дуюмин ва   муҳимтарин дастоварди Иҷлосия дар он ифода меёбад, ки таҳти сарварии Роҳбари арзандааш ба оғози давлатории навини мо, ташкили фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, дар маҷмӯъ ба давлатсозии миллии мо, асос гузошт.

Сеюмин дастоварди нодир ва тақдирсози ин Иҷлосия он буд, ки самти сиёсати давлатиро ба сӯи оштии миллӣ гардонда, ба халқи Тоҷикистон Ваҳдати миллӣ ва сулҳи сартосарӣ овард.

Бояд зикр кард, ки ҳар се дастоварди Иҷлосия ба ҳам пайванди қавӣ дошта, аз назари аҳамият ва зарурат барои халқ ва ҳастии давлати мо — чи дар замони худ ва чи баъд аз он — арзиши олӣ ва ҷовидониро доро мебошанд.

Агар дар Иҷлосия сухани ваҳдатовари Пешвои муҳтарами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва ваъдаи «Ман ба шумо сулҳ меорам» намебуд, имкони амалӣ шудани нақшаҳои ташкили идора,  ба Ватан баргардондани фирориён, оштии миллӣ ва оташбас зери савол мемонданд. Ҳамин тавр, ҳар яке аз ин дастовардҳо аз назари афзалият мақому мартабаи олӣ ва арзиши  баробарро доро ҳастанд.

Дӯстони  азиз!

Тавре зикр намудем, муҳимтарин масъалаи Иҷлосия интихоби Роҳбари ғамхор, роҳнамо ва матиниродае буд, ки тавонад дар ҳамон шароити вазнини сиёсӣ давлатро аз завол ва   миллатро аз парокандагӣ  наҷот диҳад.

Вакилон дар ҳалли ин масъала дурандешии комил ва зиракии сиёсӣ нишон доданд. Вақт низ равшан сохт, ки интихоби кардани Эмомалӣ Раҳмон  саривақтӣ ва комилан дуруст будааст.

Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ва шоҳроҳи интихобкардаи Иҷлосияи таърихӣ мо — тоҷикон ба давлатсозии воқеӣ рӯ оварда, ба ваҳдат расида, халқи парокандаро ҷамъу оташи ҷангро хомӯш карда, миллати дар вартаи нобудиро наҷот додаву давлати азбайнрафтаистодаро барқарор карда, хатти марказии давлатдории миллии насли имрӯзу фардоро ба сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳидоят бахшидем.

Худоро шукр, ки қарорҳои таърихии Иҷлосияи ХУ1-уми  Шӯрои Олӣ ба дарди миллат даво бахшиданд, Роҳбари интихобкардаи ӯ ба ваъдаи додааш содиқ монда, бо заҳмати ҳалолу матонати беандозааш аз ҷониби халқи Тоҷикистон ҳамчун Пешвои миллат эътироф гашт ва ба мо — вакилони кунунӣ муяссар шуд, ки ин эътирофи халқро бо либоси қонун ба расмият дарорем.

Нақши бунёдгузории Эмомалӣ Раҳмон барои давлати муосири тоҷикон, хидматҳои фидокорона ва созандаи ӯ дар соҳаи сиёсати давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, густариши иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, фарҳанги пурғановат ва ҷанбаҳои дигар ба андозае эътирофшуда мебошанд, ки ёдраскунии иловагиро талаб надоранд. Ин ҳама созандагию қаҳрамониҳо аз баракату шарофати ҳамон интихоби дуруст, бузург ва муҳими шумо — муҳтарам вакилони иштирокчии Иҷлосияи ХУ1-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон мебошад. Имрӯз месазад ба интихоби таърихии шумо мо сари таъзим фуруд оварда, (аз ҷо хеста) бо кафкӯбии самимонаи худ миннатдории бепоёни халқи Тоҷикистонро ба шумо арза дорем.

Ҳозирини арҷманд!

Пешорӯи Роҳбари ҷавон таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ,  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таҳияи низоми судӣ ва дар маҷмӯъ  бунёди як механизми мукаммали низоми ҳокимияти давлатӣ, ки тавонад халқро аз балои ба сараш омада халос намояд, истода буданд. Зарур ва ногузир буд, ки  низоми идораро ҳарчӣ зудтар аз ҷангиён гирифта, боварии мардумро ба мақомоти давлатӣ барқарор карда, ҷангро хотима бахшида,  халқро  ба ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ расонанд.

Иҷлосияи таърихӣ аз 16-уми ноябр то 2-юми декабр давом карда, дар кори он аз 222 вакил 197 нафар иштирок намуд ва дар маҷмӯъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот, қабул гардид.  Аз панҷ гурӯҳи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки Шӯрои Олӣ қабул намудааст,   ду гурӯҳи аввал ба барқарорсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ,  гурӯҳи сеюм ба расидан ба Ваҳдати миллӣ, гурӯҳи чорум барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва гурӯҳи панҷум ба самти муносибатҳои байналмилалӣ бахшида шуда буданд.

Дар Иҷлосия қарорҳои Шӯрои Олӣ доир ба  ҳайати роҳбарию ташкилии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳо ва комиссияҳои доимии Шӯрои Олӣ қабул гардида, ҳайати нави Девони вазирон тасдиқ гардид.

Қадамҳои нахустини ҳокимияти давлатӣ таҳти сарварии Роҳбари ҷавон вобаста ба шароит дуруст бардошта шуд. Зеро бе ташкили низоми идора, бе таъсиси мақомоти назораткунанда, бе пешгирии амалҳои ҷиноятии ҷангҷӯён на тартиб ҷорӣ мегашту  на ҳарфи мардум ҷиҳати муттаҳид шудан шунида мешуд.

Иҷлосияи XVI -уми Шӯрои Олӣ дар баробари масъалаҳои ташкилӣ ҷиҳати шаклгирии рукнҳо ва рамзҳои давлатӣ қарорҳои муҳимми сиёсӣ қабул намуд.  Дар Иҷлосияи таърихӣ қабул шудани қонунҳо «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гувоҳи он буд, ки ташаккули давлати мустақили Тоҷикистон баъд аз эълони Эъломияи Соҳибихтиёрӣ аз 24 августи соли 1990 ва Эъломияи Истиқлолияти давлатӣ аз 9 сентябри соли 1991 ҳанӯз идома дошт. Раванди мазкур на танҳо аз назари қонунӣ ба итмом нарасида буд, балки давлат то он замон рамзҳо, рукнҳо ва аломатҳои муҳимми қонунии ифодакунандаи худро пайдо накарда, ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда буд. Ин рамзҳо ва ин муқаддасоти давлатиро Тоҷикистони азизи мо таҳти  роҳбарии бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон  ва шумо —  вакилони арҷманд соҳиб шуд.

Масъалаҳое, ки Роҳбари ҷавони давлат  25 сол муқаддам ба ҳалли онҳо иқдом намуд, воқеан масъалаҳои бунёдии давлатдорӣ буданд. Ӯ дар Муроҷиатномаи худ аз 12-уми декабри соли 1992 аз ҷумла дар хусуси таъсис додани Артиши миллӣ, пурзӯр кардани дифои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид шудани ҷумҳурӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо ҳамаи мамлакатҳое, ки мехоҳанд бо Тоҷикистон дар асоси баробарҳуқуқӣ ва муносибатҳои судманди тарафайн ҳамкорӣ кунанд, возеҳу равшан иброз дошта буд.

Дар ин замина, ислоҳоти низоми идора   се давраи мукаммалро  бо се ислоҳоти конститутсионӣ паси сар намуда, дар мамлакат институти Президентии комилан  халқӣ, парламенти касбӣ, ҳукумати ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ, ҳокимияти судии мустақил, таҷзияи мувозанаи ҳокимияти давлатӣ, интихоботи шаффофи  Президент, парламент ва маҷлиси вакилони маҳаллӣ давра ба давра заминаҳои ҳуқуқии худро пайдо намуданд. Низоми ҳуқуқии кишвар тайи ин муддат дар пояи 1704 санади қонунгузорӣ ва зиёда аз 22 ҳазору 500 санади зерқонунӣ қомат афрохта, Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар сафи давлатҳои мутамаддин қарор дод. Тоҷикистон айни ҳол бо беш аз 150 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, узви комилҳуқуқи беш аз 40 созмони байналмилалӣ гардидааст.

Дӯстони гиромӣ!

Масъалаи муҳим ва тақдирсози ҷомеа барои ҳар мақомоти олӣ ва ҳар роҳбаре, ки дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ зимоми идораи кишварро ба даст мегирад, муносибати дуруст  нисбат ба муноқиша ва хунрезиҳост. Аз ёд намебарорем, ки Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ аз зумраи чорабиниҳои сиёсие буд, ки маҳз ба хотири хотима бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ  даъват шуда, шояд он замон охирин умеди халқи мотамзадаи кишвар буд.

Назди Иҷлосияи таърихӣ ва Роҳбари ҷавон дар роҳи расидан ба Ваҳдат се масъалаи асосӣ:  шунидани якдигар, оташбаси умумӣ ва  ба Ватан баргардонидани ҳамаи гурезаҳо истода буд. Қавлу қасами таърихии Роҳбари ҷавон зери парчами давлат дар ин самт зина ба зина амалӣ шуд. Зеро ҳамаи корҳо, тарзе Паёмбари гиромии ислом мефармояд, вобаста ба ният аст. Нияти Роҳбари мо нек буд.

Банда бо амри тақдир дар гуфтушунидҳои байни тоҷикон ва  баргардондани гурезаҳо низ бевосита ширкат доштам.

Дар ин ҷараён, бахусус дар лаҳзаҳои вазнини вохӯриҳо дар майдонҳои набард, ки бо Роҳбари давлат ҳамроҳ сафар доштем, ман барои худ Эмомалӣ Раҳмонро боз ҳам амиқтар ва беҳтар кашф кардам: аз дилсӯзҳо дилсӯзтар, аз меҳрубонҳо меҳрубонтар, аз инсонҳо болотар ва аз дӯстҳо самимитар. Дар ҳоле, ки  сару либосаш пур аз ҷанг, дар кафи дасташ пиёлаи чойи сард, рӯйи кӯрпачаи фарсуда нишаста боз меҳрубонӣ мекард ва дар сари проблемаҳо бо роҳбари мухолифини тоҷик андеша меронд, аз дилам гузашт, ки  ин ҷавонмард тайёр аст ҳамин ҳозир ҷонашро  фурӯшад ва барои Тоҷикистону тоҷикон сулҳу ваҳдати миллӣ  харидорӣ намояд.

Ӯ дар ҳақиқат ҳамчун Роҳбари ғамхор ва дилсӯзи халқ  ба ваъдааш на танҳо содиқ буд, балки ҳамчун инсони комил, меҳанпарасти асил, фарзанди содиқи миллат ва қаҳрамони воқеӣ рафтор менамуд. Дар он зулмоти таърихӣ яқин кардам, ки оҳи халқи моро Худованди Замину Осмон шунид. Бузургтарин неъмате, ки дар ин сафар аз чеҳраи ӯ барои худ дарёфтам, ин боварии комил ба хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ буд.

Таърих собит сохтааст, ки ҷангҳои шаҳрвандӣ ғолиб ва мағлуби комил надоранд. Дар шароите, ки чашми силоҳбадастон  хун гирифта буд, ҷуръат карда даъват ба сулҳ ва оромӣ намудан  қаҳрамонӣ ва матонати фавқулодаро талаб менамуд. Ашхосе, ки хостори созиш ва сулҳ набуданд, дар ҳар ду ҷониб зиёд буданд.  Роҳбари ҷавон ният ва иродаи худро дар интихоби роҳи ягонаи наҷот ошкоро дар муқобили тарафҳои даргир  назди рамзи озодии миллат — Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  эълон намуд.

Нахустин қонунҳо ва қарорҳои қабулгардидаи Иҷлосияи XVI-ум ҷиҳати ба ваҳдати миллӣ овардани мардуми Тоҷикистон равона шуда буданд.  Қонунҳо «Дар бораи гурезагон» ва «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992» сарфи назар  аз он, ки баъдан ба мушкилӣ мувоҷеҳ шуданд,  ба сулҳ ва ваҳдати мардуми кишвар бахшида шуда буданд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз баъд аз 23 рӯзи интихоб шудан дар  Муроҷиатномаи худ  ба халқи шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 гуфта буд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Аз ин муроҷиатномаи таърихӣ то 27 июни соли 1997, яъне то рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлат ва Пешвои миллат 80 маротиба  муроҷиатнома, хитоба, суханрониҳои расмӣ ва мусоҳибаҳо кардааст.

Қобили зикри хос аст, ки дар  ҳамаи онҳо бевосита ва ё бавосита аз ризояти миллӣ, дӯстӣ ва ваҳдат суҳбат карда, муноқишаю ҷангро маҳкум сохта, муттаҳид кардани миллатро пайваста думболагирӣ намудааст.

Ҳозирини муҳтарам!

Ин лаҳзаҳо ҳамчун як шаҳрванди одӣ, ки назди гузаштаю ояндаи худ масъулияти инсонӣ дорад…

- бидуни ҳеҷ як эҳсосот, бидуни ҳеҷ як манфиати шахсӣ, ба хотири баёни хақиқат ва иҷрои қарзи инсонӣ ва виҷдониам таърихи пурфоҷиаи миллати хешро бо садои парокандаи фарзандони барӯманди халқи тоҷик, ки дар замони бедавлатии хеш ба бедавлатон давлатдорӣ омӯхта, ба бефарҳангҳо фарҳангу адаб дода, бо мушти хоку забони шевои ашъори гуҳарбори тоҷикӣ дар паҳноҳои мухталифи олам берун аз Ватан бо орзую омоли ватандорӣ дар ғарибӣ чашм ба хоби абад рафтаанд, пеши назар оварда,

- навҳа ва фарёди ба фалак печидаи модари тоҷику гиряҳои дардолуду пурумеди фарзандони зиндаятими солҳои ҷанги шаҳрвандиро аз хотир набароварда,

- ба чашми фарзандону наберагон, ба чашми ҷавононе, ки бепадар ба воя расида, ба модароне, ки бешавҳар ятимонро тарбия карда, ба дасти дуои ҳамватаноне, ки рӯ ба сӯи қабристони муҳоҷирон ба он тарафи дарёи Панҷ карда дуо менамоянд, бо дидаи қалб назар намуда, бо қатъият изҳор медорам, ки:

-нақши иҷлосияи XVI -уми Шӯрои Олӣ, Шумо — вакилони арҷманд дар таърихи навини мо, дар интихоби дурусти Роҳбари давлат, расидан ба Ваҳдати миллӣ ва бунёди давлатдории мустақили тоҷикон тақдирсоз ва таърихӣ буд. Аз ин рӯ ба қадри  шумо — вакилони муҳтарам  расидан, Иҷлосияи таърихиро ҷашн гирифтан, доимо аз он ба некӣ ёд кардан ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро  гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи ӯро ҳифз карда, идома додан, қарзи инсонии ҳар соҳибватан буда, эҳтиром ба роҳи таърихии муборизаи халқи тоҷик барои истиқлолият ва қадршиносӣ аз давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст.

Аз  таваҷҷуҳатон  сипосгузорам.