Занбӯриасалпарварӣ яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзӣ мебошад, ки таҳти таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва пайваста рушд меёбад. Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ», шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ҳамчунин ташкилоту корхонаҳо имкон доранд, ки ба парвариши занбӯри асал машғул шаванд.
Тибқи иттилои мутахассисон, шумораи оилаи занбӯри асал дар ноҳияи Рашт ба 21571 адад расидааст. Қадриддин Ҳоҷиев аз деҳоти «Қалъаи сурх» ба занбӯриасалпарварӣ ва боғдорию картошкапарварӣ машғул аст. Ӯ 50 оилаи занбӯри асалро парвариш карда, аз ҳисоби фурӯши асал рӯзгори худро пеш мебарад.
Ба қавли Қ. Ҳоҷиев, ӯ ҳар сол 800-900 килограмм асал ҷамъоварӣ мекунад. Барои парвариши занбӯри асал маҳали ҷойгиршавии онҳоро ба гулистон табдил додааст, ки хосияти шифобахшии асалро меафзояд.
Бар изофа, Қадриддин Ҳоҷиев дар хоҷагӣ 0,25 гектар боғи себу нок бунёд кардааст, ки ҳар сол беш аз 2,5 тонна меваи онро ба фурӯш мебарорад.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»