Қонуне, ки пеши роҳи исрофкорию худнамоиро гирифт

№141 (3778) 28.11.2017

DSC_9246Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода дар ҷамъомаде, ки 23 ноябр бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи парлумони касбии мамлакат баргузор шуд, дар бораи моҳияти тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридшуда сухан ронд.

- Мақсад аз нахустин қонуни миллии кишвар, ки аз проблемаю мушкилоти зиндагии мардум сарчашма мегирад, ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии сокинони кишвар аст, — гуфт Абдураҳим Холиқзода. – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба муқаррароти ислом ва фарҳанги миллӣ мувофиқ буда, дар доираи арзишҳои пурғановати ниёгон тарҳрезӣ гардидааст. Ҳар як қонун ё санади меъёрии ҳуқуқӣ бо тақозои замон ва пешрафти ҷомеа ба тағйиру иловаҳо ниёз пайдо мекунад. Аз ҷумла, баъди даҳ соли амали қонуни мазкур низ ин талабот пеш омад.

DSC_9240Абдураҳим Холиқзода зикр намуд, ки дар асоси дархосту пешниҳодҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ такмили меъёрҳои қонун дар самти танзими маъракаи «хатнасур», маросими азодорӣ, пешгирӣ намудани хароҷоти зиёдатӣ дар маъракаҳои оилавӣ, таҳким бахшидани масъулияти комиссияҳои доимию ҷамъиятӣ, вазнин намудани ҷавобгарии ҳуқуқии вайронкунандагони қонун, махсусан шахсони мансабдор, кам кардани забҳи чорво дар назди ҳукумату Парлумон масъалагузорӣ гардид ва ба моддаҳои дахлдори қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Тағйироти воридшуда қадами нав­батии ислоҳот ба раванди муътадили рушди ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат аст, ки ҳадафи аслиаш беҳтар кардани маданияти маъракаороӣ ва шароити зиндагии сокинони мамлакат мебошад.

Қонуни зикршуда яке аз ташаб­бусҳои нодири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҳамчун як барномаи мукаммали ислоҳоти ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавӣ маҳсуб меёбад.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Н. Алиев