Дар ҳама давру замон бузургон китобро ҳамчун рукни муҳимтарини тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсонҳо гиромӣ дошта, дар васфаш ашъору сухани зиёд гуфтаанд. Зеро ба қавли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Китоб дар радифи Модар ва Ватан арзандатарин муқаддасот ба ҳисоб меравад. Тамоми бузургон, донишмандон ва хирадмандони гузаштаву муосир китобро яке аз беҳтарин арзишҳои зиндагӣ дониста, онро «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» пиндоштаанд».
Дар ноҳияи Ғончӣ бо ҳиммату пуштибонии сарвари ҷамъияти матлуботи ноҳия Ҳамроқул Қӯлдошев дар радифи даҳҳо мағозаву дӯконҳои молҳои мавриди ниёзи мардум як мағозаи алоҳидаи китоб амал мекунад. Ин маскани тарғибгари илму маърифатро як тан аз китобдӯстони ноҳия, нависандаи ҳаҷвнигор Эгамназари Соҳибназар ба уҳда дорад. Мағоза дар маркази шаҳраки Ғончӣ воқеъ буда,чанд сол қабл бунёд шудааст ва дараш ҳамеша ба рӯйи ихлосмандони адабу фарҳанг, рӯзномаю маҷаллаҳои тоза боз мебошад.
Мағоза ҳамеша тозаю озода буда, дар рафҳо китобҳои зиёде батартиб чида шудаанд. Дар қисмати болоии рафҳо чандин гуфтаҳои бузургонро дар ситоиши китоб ҷо-ҷо насб кардаанд. Духтаракону писаракони зиёде машғули интихоби китоб, рӯзнома ё маҷаллаҳо. Дар ин ҷо ҳамчунин метавон маводи конселярӣ, ашёҳои хониш ва дигар асбоби таълимро дарёфт кард.
-Имсол бо қарори раиси ноҳия Зуфар Исмоилов дар Ғончӣ «Соли бузургдошти куҳансолон» эълон шудааст. Мо ин гӯшаро ташкил карда, дар он асарҳои панду андарзи классикон ва қиссаю ҳикоёти пандомези нависандагони муосирро ҷой додем, то наврасону ҷавонон хонанду ба қадри меҳнату заҳмати калонсолон расанд, -мегӯяд Эгамназари Соҳибназар.
«Бидонед, ки китобхониву китобдӯстӣ инсонро ҳатман ба қуллаи мурод мерасонад, мартабаашро дар ҷамъият баланд, ӯро ҳимматбаланду қадршинос мегардонад. Эҳтиром ба Ватан, ифтихор бо Тоҷикистони азиз, дӯст доштани ҳар гӯшаю канори он аз дуруст мутолиа кардани китоб ва аз бар кардани матнҳои он ба даст меояд».
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ман ин марди чустучолок ва ҳамеша дар тараддудро солҳои зиёд инҷониб мешиносам. Ӯ дар баробари китобдӯстиву эҷоди шеър ва ҳикояҳои ҳаҷвӣ яке аз машъалбардорони маърифати ноҳия мебошад. Корро пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 1-уми шаҳраки Ғончӣ аз хаткашони сар карда, сипас дар рӯзномаи ноҳиявии «Байрақи Октябр» (ҳозира «Овози Ғончӣ») ба ҳайси корманди техникӣ идома дода, баъдан вазифаи котиби масъули ҷамъияти китобдӯстони ноҳияро ба уҳда гирифт ва дар ин ҷода солиёни зиёд кор мекунад.
-Раёсати ҷамъияти китобдӯстони вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд)-ро он замон нависандаи номии тоҷик, устоди шодравон Раҳим Ҷалил ба уҳда доштанд. Кор дар ин маркази маърифатӣ диду нигоҳи маро ба зиндагӣ билкулл дигар кард. Дар ин даргоҳи муқаддас ман бо чеҳраҳои бузургу шинохтаи адабиёти тоҷик, устодони зиндаёд Фазлиддин Муҳаммадиев, Лоиқ Шералӣ, Озод Аминзода, Мавҷуда Ҳакимова, адибони шинохта Бозор Собир, Гулрухсор Сафиева, шоирону нависандагони ӯзбек Примқул Қодиров, Ҳалима Худойбердиева, Зулфия ва дигарон аз наздик ошно шудам. Ба китобдӯстию китобхонӣ аз хурдсолӣ муҳаббат доштаму ин ҳамнишиниҳо бо бузургон маро ба шеърнависӣ ҳидоят намуд.
Ба навиштани ҳаҷвияҳо бо забони тоҷикӣ бошад, нависандаи ҳаҷвнигор Додохон Эгамов сабаб шудаанд. Он кас он вақт масъулияти бахши ҳаҷву ҳазли ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»-ро ба уҳда доштанду нахустин ҳаҷвияҳои ман дар ин рӯзнома рӯйи чопро дидаанд,-мегӯяд Эгамназари Соҳибназар.
-Ҳоло дар мағоза чанд номгуй ва чӣ қадар китоб доред?
-Ҳаштод-навад номгуй китоб, танҳо асарҳои бадеӣ, боз адабиёти техникиву фаннӣ ҳам дорем. Миқдори китобҳои бадеӣ шояд аз 2000 адад зиёд бошад. Ин шумора зуд –зуд тағйир меёбад.
-Мебинам, ки адабиёти бадеӣ харидор дорад. Оё ҳамеша мағоза чунин серодам аст?
-Хушбахтона, дар давоми панҷ- шаш соли охир сафи дӯстдорони китоб афзоиш ёфт, ҳарчанд ки нархи китобҳо гарон аст, падару модарон ҳаракат мекунанд, ки фарзандонашон китобхон шаванд.
Солҳои 1991-1996 мағоза бар асари буҳронҳои шадид бекасу харидор монд. Раиси ҷамъияти матлуботи ноҳия Ҳамроқул Қӯлдошев аз ташкилотчии радиои маҳаллӣ Эгамназари Соҳибназар хоҳиш намуд, ки ба воситаи радио чунин эълон диҳад: «Ба мағозаи китоб фурӯшанда даркор!», вале талабгор пайдо нашуд.
-Ҳамин мағозаро худатон гиреду монед,-пешниҳод мекунад раиси ҷамъияти матлубот. Дар як рӯз ду-се соат кушоед, мешавад, мақсад мағоза аз байн наравад,-мегӯяд ӯ.
Аҳли оила ба ташкил кардани кор мепардозанд. Аз шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан китобу ашёи зиёдро ҷамъ оварданд, вале харидор аҳён-аҳён…
Соли 2003 заминҷунбӣ шуду мағозаи куҳнабунёду солҳои сол рӯйи таъмирро надидаи китоб, дар қатори чанд иншооти дигар, хароб мешавад. Роҳбарони вилоятӣ бо роҳбарии муовини раиси ҳамонвақтаи вилояти Суғд Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов ба хотири барқарор кардани хисороти заминҷунбӣ ба ноҳияи Ғончӣ омаданд. Ин мағоза ҳам ба рӯйхати иншооти барқароршаванда шомил гардид.
-Хости Худоро бинед, ки худи ҳамон сол Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони шаҳру ноҳияҳои кишварро вазифадор карданд, ки мағозаҳои фурӯши китобҳоро аз нав барқарор кунанд. Ҳамин тавр, ин мағозаи мо ҳам бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раёсати ИҶМ-и вилоят ва ҷамъияти матлуботи ноҳия аз нав пурра барқарор гардид ва дар шакли ҳозираи зебо мо корро сар кардем.
-Китобҳоро аз куҷо дастрас мекунед?
-Ҷамъоварии китобҳоро даставвал аз Палатаи китоби ҷумҳурӣ сар кардем. Аз номи ҷамъияти матлубот ба номи сарвари он нома навиштем. Бо «Корвони китоб» дафъаи аввал 3500 адад китоб омад. Бо нашриётҳои «Рангинкамон» ва «Истиқбол»-и пойтахт робита ёфта, ҳар гуна китобчаҳои афсона, ҳикоя, маҷаллаҳо, мисли «Ахтарон»-ро дастрас мекардагӣ шудем. Муассисони ин нашриётҳо Рӯзибой Мавлонзода ва Латофат Кенҷаева ҳамдиёрони моянд. Инак, бо нашриёти «Адабиёти бачагона»-и ҷумҳурӣ (сарвараш Наҷмиддин Салоҳиддинзода) шартнома бастем, китобҳо шукр, омада истодаанд.
Мо ба ҷуз ин мағоза боз ду дӯкони рӯзномафурӯшӣ дорем. Яке дар бозори марказӣ ва дигарӣ дар назди беморхонаи ноҳия.
-Албатта, аз ин кор даромади кироӣ намегиред?
-Муҳимаш мо кори савоб мекунем. Агар ин кор даромади кироӣ медошт, ман магар дар чор ҷо кор мекардам: радио ва телевизиони вилоят, радиои маҳаллӣ, «Овози Ғончӣ» ва ғайра…
Чеҳраи ӯ лаҳзае намуди ҷиддиро мегирад ва ӯ қаноатмандона аз кору рӯзгори худ мегӯяд: — Мо ба ҳар як харидори худ гуфтаҳои Сарвари давлатамонро гӯшрас мекунем:
«Бидонед, ки китобхониву китобдӯстӣ инсонро ҳатман ба қуллаи мурод мерасонад, мартабаашро дар ҷамъият баланд, ӯро ҳимматбаланду қадршинос мегардонад. Эҳтиром ба Ватан, ифтихор бо Тоҷикистони азиз, дӯст доштани ҳар гӯшаю канори он аз дуруст мутолиа кардани китоб ва аз бар кардани матнҳои он ба даст меояд».
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»