Соли 2017 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон шуд. Бар замми ин, чанде пеш 25-солагии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид.
130 — солагии зодрўзи яке аз асосгузорони адабиёти муосири тоҷик устод Абулқосим Лоҳутӣ ва 100-солагии доктори илмҳои филология, профессор Воҳид Асрорӣ ҳам ба ин сол мувофиқ омад.
Аз идора
Воҳид Асрорӣ аз зумраи он шахсиятҳои фарҳангиест, ки умри хешро ба рушду нумўи фарҳангу адаб бахшидааст. Шароити таърихии пеш аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъдиҷангии кишвар аз зиёиёни мамлакат тақозо мекард, ки фаъолияти самаранок дошта бошанд. Вақте ки ба зиндагинома ва мероси илмиву адабии Воҳид Асрорӣ таваҷҷуҳ кунем, ин ақида равшану возеҳ собит мегардад. Зеро устод фаъолияти густурда дошта, дар соҳаҳои адабиётшиносӣ, фолклоршиносӣ ва тарҷума асарҳои зиёде ба мерос гузоштааст.
Муҳаққиқ дар асарҳои «Дар бораи эҷодиёти Юсуф Вафо» (1957), «Адабиёт ва фолклор» (1967), «Фолклор ва эҷодиёти нависанда» (1968), «Жанрҳои хурди фолклорӣ» (1983, 1985), «Халқ ва адабиёт» (1968) ва мақолаҳои зиёди илмӣ ва илмию оммавӣ мавқеи эҷодиёти шифоҳии мардуми тоҷик дар адабиёти бадеӣ, муносибати адиб ба адабиёти гуфторӣ, маҳорати нависанда дар истифодаи фолклор, ҷанбаи хаттии асарҳои бадеӣ барин масъалаҳоро мавриди тадқиқ қарор додааст. Ҷолиб он аст, ки истифодаи унсурҳои эҷодиёти шифоҳӣ дар адабиёти хаттӣ дар мисоли осори саромадони адабиёти давраи нави тоҷик — Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ корбаст шудааст.
Воҳид Асрорӣ, ки худ табъи шоирӣ дошту ба осори пурмуҳтавои Абулқосим Лоҳутӣ бо самимияти том муносибат мекард, алоқаи наздики осори шоири воломақомро ба эҷодиёти шифоҳии халқ басо амиқ медонист. Ин аст, ки тадқиқоташ оид ба равобити ашъори Лоҳутӣ ба осори шифоҳии халқ серпаҳлу, пурмуҳтаво, фарогир ва мондагор мебошад.
Маълум, ки фаъолияти эҷодии устод Лоҳутӣ, асосан дар шакли назм корбаст шудааст ва осори насрии адиб дар шакли мақола, маърўза, суҳбат ва суханронӣ дар ҷамъомадҳои расмӣ ба табъ расидаанд, ки ба гуфти муҳаққиқ, «ба маънои том насри бадеӣ нестанд», вале дар қисмати «Лоҳутӣ ва фолклор»-и китоби «Адабиёт ва фолклор» (Душанбе, «Дониш», 1967) дар қатори фаслҳои «Дубайтиҳо», «Байтҳо», «Сурудҳо», «Ғазалиёт ва ашъори мухталиф», «Достон ва тамсил», «Ашъор барои бачагон» фасли «Наср» низ дучор меояд, ки дар он муносибати бевоситаи шоир ба осори шифоҳии халқ арзёбӣ мегардад. Муҳаққиқ дар мақола ва суханрониҳо аз нақлу ривоятҳои халқӣ фаровон истифода кардани шоирро бо мисолҳо собит намуда, таъкид мекунад, ки: «Ин навъ хусусияти эҷодиёти нависанда на фақат ба осори ў қувва ва ғизои бадеӣ мебахшад, балки методи эҷодии ўро бой ва ҷиҳатҳои халқияти асари вайро мукаммал менамояд».
Олими фолклоршинос тадқиқотро аз дубайтӣ оғоз менамояд, зеро ин жанри хурди лирикӣ, чӣ хеле ки аз номаш низ маълум мешавад, хоси мардуми форсзабон буда, бо содагӣ, самимият, оҳангнокӣ ва рўҳи халқӣ аз қасида, ғазал, қитъа ва дигар шаклҳои шеърӣ фарқ дорад.
Агар ба дубайтиҳои устод Лоҳутӣ, аз ҷумла ба дубайтиҳои ба радифи «Эй дил, эй дил» эҷодгардида, таваҷҷуҳ намоем, эҳсос мекунем, ки ҳама он латофат, ҳусни баён ва сеҳри сухани шоир дар ҷанбаи мардумии онҳост. Аз халқ:
Биё, ки бор кардам, эй дил, эй дил,
Ки тарк аз ёр кардам, эй дил, эй дил.
Ҷафое, ки ба пои ту кашидам
Ҳама инкор кардам, эй дил, эй дил.
Аз Лоҳутӣ:
Илоҳӣ, пора гардӣ, эй дил, эй дил,
Чу ман бечора гардӣ, эй дил, эй дил.
Бурун аз сина афтию ба олам
Чу ман овора гардӣ, эй дил, эй дил.
Ў зимни муқоисаи дубайтиҳои Лоҳутӣ бо дубайтиҳои халқӣ монандии онҳоро аз нигоҳи услуб ва тарзи нигориш (истифодаи калима ва ибораҳои тавсифии эй дил, эй дил, сиёҳчашмак, ало духтар …) ба мушоҳида гирифта, ба талаботи эстетикии хонандагон мувофиқ карда, дар дубайтисароӣ таъсиргузор будани онро собит месозад.
Аз тадқиқот бармеояд, ки устод Лоҳутӣ вобаста ба шароити иҷтимоӣ баъди ба Иттиҳоди Шўравӣ ҳиҷрат кардан ба эҷоди суруду тарона оғоз кардааст. Дар солҳои 30 – 50-уми асри гузашта мардуми шўравӣ дар рўзҳои ид ва ҷамъомаду маросим бо оҳанг суруду таронахонӣ мекарданд, ки онро дар Тоҷикистон ва умуман, дар Осиёи Миёна, «шарқӣ» мегуфтанд. «Шарқӣ, — омадааст дар ҷилди 3-юми «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик», — як навъ суруди инқилобист… Шарқиро калонсолону мактабиён пеш аз маҷлису ҷамъомад ва рўзҳои ид месуруданд. Шарқӣ суруди пионерон низ буд»
Лоҳутӣ сурудҳои инқилобӣ ва иҷтимоӣ навишта, музаффариятҳои давлати шўравиро тараннум кард. Ба гуфти муҳаққиқ, дар суруди «Пули Вахш» «оҳанги шўх, интонатсияи суханони одами музаффари советӣ, ки дарёи саркашро ба худ ром кардааст, ғуруру ифтихори он, тарзи баёну ифодаҳои халқӣ – фолклорӣ ҳама ба ҳамдигар печу тоб хўрдаанд».
Канӣ, канӣ, ассалом,
Обаки сарди ваҳшӣ!
Як гап ба ту мегўям,
Бояд маро бубахшӣ.
Ман намеларзам дигар,
Ман наметарсам дигар.
Изни гузаштан зи ту
Ман намепурсам дигар.
Устод Асрорӣ дар баробари суруду таронаҳо, рўҳи халқӣ ва ҷанбаи мусиқӣ доштани як қатор шеърҳои Абулқосим Лоҳутиро қайд карда, шоирро, барҳақ, асосгузори суруду таронаҳо дар адабиёти давраи нави тоҷик медонад, ба дараҷае, ки як қатор шеърҳои ў муддати мадиде аз даҳон ба даҳон гузашта, чун ғазали ҳаштбайтии:
Ҷуз ишқ ҷаҳон ҳунар надорад,
Ё дил ҳунари дигар надорад.
Ё мавсими сабри ман хазон шуд,
Ё нахли умед бар надорад.
ба адабиёти омма дохил шудаанд.
Аз тадқиқот бармеояд, ки зарбулмасалу мақол ва таъбирҳои ҳикматноки халқӣ дар ашъори шоир ё айнан ва ё бо андак тағйирот истифода шуда, боиси муассирии маъно ва марғубии ифода дар матн мегардад. Ҳамчунин, шоир образҳои халқии Фарҳод, Ширин, Лайлӣ, Маҷнун, Юсуф, Зулайхоро дар ифодаи ғояҳои иҷтимоӣ ва инқилобӣ басо ҳунармандона истифода мебарад.
Ошиқи заҳмат тўӣ, Лоҳутӣ, ин сон ишқро,
Кас надид аз Вомиқу Маҷнун аз Фарҳод ҳам.
Ё:
Шуд мўи сарам ба ранги кофур,
Поёни шаби сияҳам ин аст.
Яке аз фаслҳои тадқиқоти «Лоҳутӣ ва фолклор» «Достон ва тамсил» ном дорад ва дар он мавқеи сюжетҳои афсонавӣ, образҳои халқӣ ва асотирӣ дар асарҳои калонҳаҷм ва тамсилҳои устод Лоҳутӣ тадқиқ шудааст.
Оид ба мавзўъ, мундариҷа ва муҳтавои арзишманди «Лоҳутӣ ва фолклор» сухан ронда, боз як масъалаи муҳими тадқиқотро, ки бозгўйи рўшани рўҳи халқии осори устод Лоҳутӣ мебошад, қайд кардан зарур аст. Ашъори бачагонаи шоир дар вазну қофия, услуби нигориш ва мундариҷаи бадеӣ назми бачагонаи халқиро ба ёд меорад. Таронаи «Баҳори кўҳистон» бо равонӣ, ҳамворӣ ва самимияту ҷўшу хурўш ба шеъри халқии «Духтаракон будем» иртибот мегирад:
Мо духтаракон будем,
Кўчадавакон будем.
Давидему давидем,
Сари ҷўда расидем…
«Баҳори кўҳистон»:
Омад фасли баҳорон,
Пурлола шуд кўҳсорон.
Мо ба шодӣ давидем,
Як доман лола чидем.
Дар муқоиса ба сурудҳои бачагонаи халқӣ ва ашъори ба атфол бахшидаи дигар адибон ба тадқиқ гирифтани ин ҷанбаи осори Лоҳутӣ боиси хулосаҳои муътамади муҳаққиқ мегардад. Суруди «Алла» аз номи модар бо рўҳи баланди тарбиявӣ баён гардидааст:
Хоб рав, нури ду чашмон,
Хобидаст олам,
Сабза, инсону ҳайвон,
Мурғу моҳӣ ҳам…
Танҳо ҷўйҳо равонанд,
Онҳо ширинзабонанд,
То фарзандам бихобад,
Алла мехонанд.
Алла, ҷон, алла.
Муҳаққиқ Воҳид Асрорӣ зимни таҳлили муфассали «Алла»-и устод Лоҳутӣ ба чунин хулоса омадааст, ки: «Дар фолклори тоҷик ҳам ин суруд бо оҳанги дилрабои мусиқӣ тараннум мешавад. Шоирони тоҷик аз ин шакли суруди халқӣ истифода карда, як қатор аллаҳо эҷод кардаанд. Лекин Лоҳутӣ аллаи зеботаре офаридааст».
Тадқиқоти «Лоҳутӣ ва фолклор»-и профессор Воҳид Асрорӣ дорои ҷанбаи амиқи илмӣ ва усули муқоисавӣ-таърихии таҳлил буда, дар ним аср (Китоби «Адабиёт ва фолклор» соли 1967 ба табъ расидааст) дар адабиётшиносӣ ва фолклоршиносии тоҷик дорои мақоми шоиста мебошад
Аламхон Кўчаров, профессор,
Наврўз Қаландаров, дотсент