Тифле, ки уребча истифода мебарад, то дусолагӣ 4 дарахтро нест мекунад

№142 (3779) 30.11.2017

кудакМувофиқи таҳқиқоти созмони экологии Womens Environmental Network, уребчаҳои якдафъаина баъди зарфҳои пластикию картон аз рўи ҳаҷм сеюмин манбаи бузурги партовгоҳҳоро ташкил медиҳанд. Дар ҷаҳон 2 дарсади партовҳо ба уребчаҳо рост меояд ва ин таносуб сол то сол рў ба афзоиш дорад. Муддати пурра пўсидани уребчаҳо аз 200 то 500 солро ташкил медиҳад. Дар тўли пайдоиши зиёда аз 40 — сола то ҳол ягон уребча ба таври табиӣ дар партовгоҳ нест нашудааст.

Уребчаҳои якдафъаина дар таркиб 48 номгўй моддаи химиявӣ доранд, ки метавонанд ба низоми муҳофизатӣ (иммунитет)- и ҳанўз ­мус­т­­аҳкамнашудаи тифл таъсири манфӣ расонанд. Пўсти тифли навзод барои монеа гузоштан ба таъсири он моддаҳои сершумор қувваи кофӣ надорад.

Барои истеҳсоли як уребчаи якдафъаина тақрибан як истакон нефт сарф мешавад. Ҳангоми зуд — зуд иваз кардани он дар як рўз барои як тифл тақрибан 3 — 4 истакон нефт, ки яке аз гаронбаҳотарин захираҳои табиӣ ба шумор меравад, масраф мегардад. Акнун ҳисоб кунед, ки барои як кўдак то дусолагиаш чӣ қадар уребча лозим аст?

Мувофиқи ҳисоби коршиносони амрикоӣ, барои як тифли истифодабарандаи уребча дар 6 моҳ селлюлозаи як дарахт сарф мешавад. Яъне, як тифли истифодабарандаи уребча то дусолагӣ 4 дарахтро нест мекунад. Аз як тараф, уребчаҳои истифодабурда дар партовгоҳ ғарам шаванд, аз ҷониби дигар, ў сабаби буридани чор дарахт мегаштааст.

Моддае, ки дар уребча пешобро ба худ мекашад, аз полиакрилати натрий тайёр мешавад. Ҳангоми ба пўст расидан он метавонад боиси сар задани синдроми шоки токсикӣ шавад. Зимни истеҳсоли уребчаҳои якдафъаина ҳамчунин, ранги сафед, моеъ барои гарм нигоҳ доштани он, моддаҳои хушбўй, часпак, матои чандир (эластикӣ), селлюлоза барои қабати дохилӣ истифода мешавад. Ҳамаи ин ба хотири чанд соат «хушк» нигоҳ доштани кўдак аст. Уребча, ҳамчунин аз трибутилен таркиб ёфтааст, ки ҳормонҳои ҷинсиро вайрон мекунад. Агар як тифл рўзе 4 уребчаро истифода барад, пас робитаи ў бо ин моддаи химиявӣ 3,5 маротиба аз меъёри муқарраршуда зиёд мешавад. Дар сурати ба ҳуҷайраҳои масъули мубориза бо бактерияҳои ҷисм афтодан он модда метавонад фаъолияти системаи муҳофизатии ҷисмро вайрон созад.

Мушкилоти дигари уребчаҳои ­якдафъаина ихроҷи моддаҳои химиявии барангезандаи диққи нафас мебошад. Толуол, ксилол, этилбензол, стирол, изопропилбензол барин моддаҳо аз ҳамон қабиланд. Гирифторони диққи нафасро зарур аст, ки аз ин ашё худро дур гиранд. Ба хотири пешгирии афзоиши партовҳои заҳрнок ҳоло дар баъзе аз кишварҳо истеҳсоли уребчаҳои бисёрдафъаинаи карбонӣ — бамбукиро ба роҳ мондаанд.

Уребчаҳои аз нахи карбонӣ истеҳсолшуда хусусияти зиддибактериявӣ ва зиддизамбурўғӣ доранд. Он уребчаҳо барои волидайн нисбатан камхарҷ буда, матои он баъди шустани бисёркарата низ хосияти худро нигоҳ медорад. Ҳам дар мавсими гармо ва ҳам дар мавсими сармо пўсти кўдак хуб нафас мекашад. Агар тоҷирон ба ҷойи уребчаҳои якдафъаина уребчаҳои карбонӣ — бамбукиро ворид кунанд, афзоиши партов, бемориҳои сироятӣ ва гармшавии атмосфераро пешгирӣ хоҳанд кард. Вагарна, рўзе маҷбур мешавем, ки ба хотири ҳифзи муҳити зист ва пешгирии бемориҳо тибқи қонун воридкунии уребчаҳои якдафъаинаро манъ кунем.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»