Чанде пеш дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бо иштироки масъулони дастгоҳҳои раисони ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Сангвор, роҳбарони шуъбаҳои маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва омўзгорони соҳибтаҷриба муаррифии лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он ректори Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Муродалӣ Маҳмадизода оид ба аҳамияти лоиҳаи Кодекси маориф, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Нурулло Оқилзода доир ба муҳтавои лоиҳаи Кодекси маориф андеша баён доштанд.
- Бо қабули Кодекси маориф имконият фароҳам меояд, ки ихтилофи миёни қонунҳои амалкунандаро аз байн барем, — зикр намуд Н. Оқилзода.
- Имрўз дар қонунҳои амалкунанда як қатор ихтилоф мавҷуд аст. Аз ҷумла, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» омадааст, ки омўзгор метавонад баъди 25 соли кор ба нафақа барояд, аммо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақа» инро ба эътибор намегирад. Дар лоиҳаи Кодекси маориф ин талабот ба назар гирифта шудааст. Баъд аз қабули Кодекси маориф қонунҳои дар бораи маориф қабулшуда тибқи моддаи 210 — уми он аз эътибор соқит дониста мешаванд. Дар лоиҳаи кодекси мазкур, ҳамчунин, ба масъалаи ҳавасмандгардонии кормандони соҳа низ аҳамият дода шудааст.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»