ва ё нафрат ба барномаи «Таҳлилӣ»-и Додварз
Рӯзҳои охир овозаи фитна, иғво ва бадфитратию бадгӯйиҳои журналисти иғвоангез Додоҷон Атовуллоев (Додварз) ба дуриҳои дур паҳн гардид. Сиёҳкуниву ҳарзагӯйиҳои ӯ то дараҷае расид, ки нафрати тамоми мардуми сулҳдӯсту ваҳдатошнои тоҷик аз ҳад боло рафт. Дар куҷое, ки аз ин хусус сухан ба миён меояд, албатта, ба ин журналисти бе рӯй носазо гуфта мешавад. Дарвоқеъ, барномаи «таҳлилӣ»- и ӯ, ки аз Шабакаи телевизиони «К+» намоиш дода шуд, бори дигар кӣ будану чӣ ниятҳои бад доштани ӯро ошкор намуд…
Додоҷони Додварз! Мо шуморо нағз медонему мешиносем. Вақте ки дар съезди якуми Бунёди забони тоҷикӣ бо ҳам будем (соли 1989), пай бурдем, ки шумо киву «Чароғи рӯз» -атон чӣ мақсаду маром дорад.
Ана ҳамон фитнагариҳову бесарусомониҳо буданд, ки кишвар ва халқи тоҷик дар вартаи азбайнравию парокандашавӣ қарор дошт. Давлатдорӣ масали машҳури «Қу, моҳӣ ва харчанг» -ро пеши назар меоварад. Чӣ қадар мардум сарсону саргардон буд ва дар ғурбат ба нокомиву хорӣ дучор гардид. Албатта, ҳар касе, ки ин ҳолро медиду аз сар мегузаронид, аз чашмонаш ашки ғаму навмедӣ мерехт…
Ҳодисаҳои хунини ҷанги ҳамватанӣ, тамоми бедодгариҳо, тарғиботи нодаркори ғаразнок ва рӯзҳои тираву тори беҳокимиятиву мудҳиш, умуман ҳамон иштибоҳҳо аз ёди мардуми шарифи тоҷик мераванд?! Ҳаргиз!
Ҳамаи он рӯзҳои сиёҳу даҳшатро кӣ намедонад? Оё, мардуми шарифи тоҷик он рӯзҳоро фаромӯш мекунад?
Тоҷикистонро аз вартаи нестшавӣ кӣ халос кард? Зиндагии мардумро аз ҳолати пастиву навмедӣ ба имрӯзи фирӯз кӣ расонд? Кишварро дар арсаи байналмилалӣ кӣ шуҳратманд гардонид?!…
Мардуми тоҷик ҷавоби ин ва садҳо чунин суолҳоро медонад. Медонад, ки дар ҳақиқат «Кӯр як бор асояшро гум мекунад».
Имрӯз Тоҷикистону Сарвари маҳбуби он ва зиндагии мардуми сарбаланди тоҷикро нодида гирифтану аз дур баҳо додан аз рӯйи ақл, адл ва инсоф нест. Ҳама медонад, ки дар тӯли бештар аз 21 соли соҳибистиқлолӣ ва зуҳуроти Ваҳдати миллӣ кишвару халқи тоҷик ба кадом комёбиҳо ноил гардидааст. Бадастоварии сулҳу ваҳдат, соҳибватанӣ, ободонӣ, аз ҷумла бунёди роҳҳои бузурги автомобиливу роҳҳои оҳан, нақбу пулҳо, истгоҳҳои барқӣ, бунёди ҳазорҳо гектар боғ, иншооти хурду бузург ва дигар паҳлуҳои зиндагӣ аз он башорат медиҳанд, ки мардуми тоҷик дигар ба ҳеҷ гуна «пақ- пақ» -ҳои ғаразноку насиҳатҳои ҳар фитнагару иғвоангез бовару эҳтиёҷ надорад.
Айни замон ҳама гӯшаҳои Тоҷикистон рӯз то рӯз ободу зебо гашта, зиндагии мардум назар ба солҳои қабл аз замин то бар само пеш рафтаву фарқ дорад. Як гӯшаи хурдакаки Хатлони бостонии кишвари тоҷик -Ховалингро мисол меорем, ки мо дар ин гӯшаи зеботабиату биҳиштосо зиндагӣ мекунем.
Дар ноҳияи Ховалинг ободониву пешравиҳо ба дараҷае расидааст, ки ин орзуи деринаи мардум буд. Ҳоло аз 62 деҳаи ҳудуди ноҳия деҳае нест, ки дар он мактаб, бунгоҳи тиббӣ, клубу китобхона ва ё дигар иншооти хурду бузурги замонавӣ сохта нашуда бошад. Агар дар замони Шӯравӣ дар ҳар деҳа як- ду мошини сабукрав буд, имрӯз дар бисёр хонаҳо мардум як –ду ва ҳатто се мошин доранд. Дастурхони бофайзи имрӯзаи мардум аз солҳои пеш ба куллӣ фарқ дорад.
Телефону воситаҳои техникии компютерӣ ва пешрафти илму техникаро дар ин поя дидан маҳол буд. Он замонҳо дар деҳаи Доробии ноҳияи Ховалинг Қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дорандаи ордени Суворов Сайидаҳмад Каримов зиндагӣ мекард. Ӯ вакили халқ буд. Солҳои охири умраш дар ҳар маҷлису сессияҳо масъала мегузошт, ки ба деҳаи калонтарини ноҳия- Доробӣ як нуқтаи телефон гузаронида шавад. Ваъда болои ваъда буду ин масъала ҳалли худро намеёфт. Имрӯз дар ин деҳа хонае нест, ки як ё ду телефони мобилӣ надошта бошад, телефони рақамӣ он тараф истад.
Хизматрасонии мусофирон дар кишвар ба дараҷаи баланд расонида шудааст. Имрӯз барои сафар ба бисёр давлатҳои дунё шароит осону муҳайёст. Мусофир метавонад дар чор- панҷ соат ба Москва ва дигар шаҳрҳои Федератсияи Россия, инчунин дигар гӯшаҳои дунё ва аз он ҷо ба Ватани худ сафар кунад.
Бо ёриву роҳнамоии Сардори давлат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 21 соли соҳибистиқлолӣ корҳое ба сомон расонида шудаанд, ки орзуи деринаи мардум, аз ҷумла зиёиён ба ҳисоб мерафт. Хулоса карда гӯем, тамоми мақсади Давлату Ҳукумат ободониву шукуфоии кишвар ва дар ҳамин замина баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқ аст…
Аз як суханронӣ то ба суханронии дигар, аз як вохӯриву мулоқот то вохӯриву мулоқоти дигар, аз як Паём то Паёми дигар ва ё аз як сафари корӣ то ба сафари кории дигари Сарвари давлат падидаҳое ба амал меоянд, ки онҳо орзуи ҳамешагии мардуманд. Дар ҳар ҷое Сарвари давлат қадами мубораки худро мегузорад, он ҷо ба гулистон табдил ва падидаҳои наву нек пайдо мешаванд: ду сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалингро гирем, ки яке 9 август ва дигаре 15 октябри соли 2011 ба вуқуъ пайваста буд.
Зимни сафари якуми кории Сарвари давлат толори варзишии барҳаво, қасри фарҳанги бузург барои 600 ҷойи нишаст ва дигар иншоотҳо ба истифода дода шуда, доир ба ташкили кори тармиму таъмири роҳи мошингарди Восеъ- Ховалинг ба масъулон супориш дода шуд.
Дар сафари дуюми кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки ба деҳоти Шукнов ташриф оварда буд, сохтмони даҳҳо иншооти хурду бузург ва бунёдкориҳо падид омаданд, ки то имрӯз аксари онҳо, аз ҷумла бинои литсей- интернати хонандагони болаёқат, корхонаҳои заргарӣ, мактабҳо дар ҳудуди деҳот дар арафаи ба истифодадиҳӣ ҳастанд.
Ин ишораи мухтасаре аз пешрафти як ноҳияи хурдакаки кишвари тоҷик буд.
Ҳоло дар тамоми шаҳру ноҳияҳо чунин пешравиву комёбиҳо ба назар мерасанд, ки ҳамаи онҳо самараи истиқлолият, сулҳу ваҳдат, ибтикору бедорхобиҳои Сарвари давлат ба ҳисоб мераванд.
Ин ва дигар дастовардҳоро нодида гирифта, ба сӯйи кишвар санги маломат задани шумо- Додоҷони Додварз кӯрнамакист. Шумо аз зиндагии мардум ва ободии кишвар огоҳ нестед, ғаразнок ҳарф назанед! Додоҷони Додварз шумо ҳамаи пешрафту комёбиҳои кишвар ва Сардори давлатро нодида гирифта, ноодилонаву ноодамона аз дур гап мезанед. Шумо сарвари гурӯҳи «Ватандор»-и беватанед. Ватандор дар ватан ва ба нафъи мардуми Ватан ва ободии он бояд зиндагиву фаъолият намояд. Ватан- Модар ду вожаи бузурги қариб ҳаммаъноянд. Шумо на танҳо «Ватандор»-и беватан, балки доғи дилу ҷигар, чашми пуроби модари худ мебошед. Ҳайф, ҳайфи хоку оби зодгоҳу шири сафеди модарат…
Амир Сайиди МУНКӢ, адиб