Амнияти озуқаворӣ имрӯз яке аз он ҳадафҳои стратегиест, ки кишвари мо таъмини онро дар радифи амнияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва амсоли инҳо вазифаи умдатарини хеш қарор додааст. Оё мо дар бораи амнияти озуқаворӣ тасаввуроти кофӣ дорем? Амнияти озуқаворӣ силсилаи томи тадбирҳоеро дар бар мегирад, ки дастрасии комили аҳолиро ба маводи озуқа таъмин гардонад ва аз байн бардоштани манбаъҳои хатар ба умури озуқаро пешбинӣ карда бошад. Амнияти озуқаворӣ тақозо мекунад, ҳама шабакаи захиравие, ки дар умури озуқа ба ҳам васл шудаанд, рӯйи кор гирифта шавад. Вай бояд барои ҳимояи бозори истеъмолии мамлакат аз таъсири ҳодисаҳои ногуворе, амсоли ҷанг, инҳисори иқтисодӣ, маҳдудшавии воридот, фалокатҳои табиӣ, хурӯҷ кардани бемориҳои сироятии набототу ҳайвонот ва ё ҳамлаи ҳашароти зараррасон қобил бошад. Захираҳое, ки худкифоии озуқавориро таъмин мекунанд, танҳо аз маҳсулоти хӯрока ва ё ҷузъи муҳимтарини онҳо -ғалла иборат нестанд. Барои амнияти озуқаворӣ, захираи доимии васоили моддӣ, дороиҳои молиявӣ ва маводи ғизоӣ зарур аст. Осоиши иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ ва амнияти иқтисодии кишвар ба ҳадди зиёд аз фаъолияти пурраи маҷмааи аграрию саноатӣ вобаста аст. Низоми мавҷудаи тавлидот ва таъминоти аҳолӣ бо озуқаворӣ, мутаассифона, чандон хушоянд сурат намегирад. Соҳаи нисбатан муҳими ҳаёти мардуми кишвар, ки умури ғизоӣ мебошад (маҷмааи аграрию саноатӣ ва неъматҳои табиат), баъди ба даст овардани истиқлолият барои таври кофӣ таъмин кардани аҳолӣ бо озуқа тавонмандӣ зоҳир накард, ки дар натиҷа мамлакат дар худкифоии ғизоӣ ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардид. Сатҳи пасти рушди мамлакат, ки ҳаҷми ММД — и он ба ҳар нафар назар ба кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта 10 — 15 баробар камтар аст ва айни замон суръати нисбатан тези афзоиши аҳолӣ (аз суръати афзоиши аҳолӣ дар кишварҳои пешрафта беш аз панҷ баробар зиёд) Тоҷикистонро ба вобастагии ғизоӣ рӯ ба рӯ сохтааст.
Маълум аст, ки яке аз шартҳои муҳимтарини истиқлолияти мамлакат ҳадди лозими худкифоӣ аз маводи ғизоӣ мебошад ва ҳиссаи тавлидоти дохилӣ аз рӯйи талаботи байналмилалӣ дар ҳаҷми умумии маводи ғизоии истеъмолшаванда бояд на камтар аз 80 дарсадро ташкил диҳад. Аммо барои Тоҷикистон ин андоза бештар аз 50 дарсад аст ва он ҳам дар сатҳи хеле пасти ғизонокӣ қарор дорад.
Бинобар ин, вазифаи муҳими мо на фақат фароҳам овардани шароит барои ҳифзи умури кишоварзӣ аст, балки ҳамчунин ташаккул додани низоми самарабахши аграрӣ низ мебошад. Даромади пасти аҳолӣ сатҳи пасти зиндагиро ба думбол дорад, ки аз ҷумла дар натиҷаи инқирози умумии умури кишоварзӣ ба миён омадааст. Ин бошад, дар навбати худ ба нимгуруснагию истеъмолоти каммоя боис мегардад, ки барои ҷомеа оқибатҳои ногувори иҷтимоию иқтисодӣ ба думбол дорад. Он афзоиши шумори бемориҳо ва кӯтоҳ шудани умри одамон мебошад, ки дар натиҷа қобилияти эҷодию меҳнатиашон истифода намегардад ва бадтар аз ҳама шумори насли ноқис зиёд мешавад, ки боиси заъфи генофонди миллат хоҳад буд. Дар шароити нимгуруснагии бардавом ва истеъмолоти каммоя захираи инсонии солим коҳиш меёбад. Бинобар ҳамин, масъалаҳои худкифоии ғизоӣ ва амнияти озуқаворӣ барои давлати соҳибистиқлол аз масоили умда ва авлавиятнок аст, зеро он яке аз шартҳои асосии истиқлоли давлат ба шумор меравад.
Бинобар ҳамин, давлати моро мебояд сиёсати пухтаи иқтисодиеро, ки ба пешгирии хатарҳо ба амнияти озуқаворӣ равона гардидааст, рӯйи кор бигирад. Ин сиёсат бояд ба имкониятҳои мавҷудаи обу замин дар мамлакат асос ёфта бошаду пеш аз ҳама заминаҳои моддиро барои умури ғизоӣ таъмин гардонад. Моҳияти ин аз дастрасии ҷисмонӣ ва дастрасии иқтисодӣ ба ғизо, мутобиқати маҳсулоти ғизоӣ ба меъёри комили рӯзонаи ғизо иборат аст. Дастрасии ҷисмонӣ ба ғизо ҳамроҳ бо худкифоии ғизоӣ имконпазир аст ва аз таносуби баробари захираҳою талабот бо назардошти сохтори зарурии он (аз ҷумла ангиштобҳо, сафедаҳо, чарбу, минералҳо, витаминҳо ва ғайра) иборат мебошад.
Илова бар ин, ҳар нафар бояд қобилияти харидорие дошта бошад, ки ба вай имкон диҳад худро ақаллан аз рӯйи меъёри пасттарини хӯрок бо маводи ғизоӣ таъмин созад.
Ва боз таъминоти ғизоиро танҳо ҳамчун пешниҳоди миқдори зарурии маводи ғизоӣ фаҳмидан дуруст нест. Таҳти ин мафҳум, инчунин дастрасӣ ба маводи ғизоии ғайрисунъӣ ва бидуни маводи зарарнокеро бояд фаҳмид, ки ба саломатӣ, давомнокии умр ва фаъолияти муназзами меҳнатии инсон зиён намерасонад.
Амнияти ғизоии миллӣ бояд ҳадаферо думбол кунад, ки вобастагии кишвар аз содироти хориҷӣ барҳам хӯрда, қобилияти харидории мардум баланд гардида, номгуйи хӯрока аз ҳисоби навъҳои пурарзиши онҳо (маҳсулоти чорво ва коркардашон мураккаб, меваҳои ситрусӣ) ғанӣ гардонида шавад.
Дар шароити феълӣ бахши кишоварзии мамлакат маҷбур аст дар шароити сангини дастрасӣ ба бозори ҷаҳонӣ, ки зимни тадбирҳои протексионӣ дастгирӣ мешавад, фаъолият дошта бошад. Қариб ҳамаи давлатҳои пешрафта умури кишоварзиашонро танзим намуда, онро дастгирӣ ва ҳифз мекунанд. Дар Тоҷикистон бошад, ҳоло ин гуна нест. Бинобар ҳамин, ба мо ташаккул додани чунин сохтори ташкилию иқтисодие зарур аст ва он вазифаю захираҳои молиявие бояд дошта бошад, ки паҳлуҳои нисбатан заифи умури кишоварзиро дастгирӣ карда, барои тавлидоти густурда шароит ба вуҷуд оварад.
Воридоти доманадор ва ҳуҷуми молӣ, ки аз ҷониби давлатҳои пешрафта сурат мегирад, молбаророни ватаниро бо шароити нобаробар рӯ ба рӯ мекунад. Махсусан ин ба он соҳаҳое дахл дорад, ки барои истеҳсолоташон ҳама шароити табиию иқлимӣ мавҷуданд: пахтаю бофандагӣ, ордкашию хӯроки омехтаи чорво, сабзавоту консервакунонӣ, гӯшту шир, пӯсту пашм, ангурпарварию шароббарорӣ, равғану чарбу ва ғайра. Аммо аз сабаби мавҷуд набудани сиёсати фаъоли ҳифозатӣ дар соҳаи иқтисоди кишоварзӣ вазъи корхонаҳои бахши маводи озуқа хароб буда, онҳо ё наздик ба муфлисшавианд ё иқтидорҳояшон аз фаъолият бозмондаанд. Умури аграриамон бошад, ба кишварҳои пешрафта пахта, пилла, тамоку, пӯст, пашм, геран, гиёҳҳои давоӣ ва ғайра содир карда, ба манбаи ашёи хоми онҳо табдил меёбад. Ҳол он, ки фарқи байни ашёи хом ва маҳсулоти тайёр дар нарху даромад 10 — 15 баробар аст. Ин вазъият ҷорӣ кардани шабакаи мутаҳаррики танзими давлатиро тақозо намуд, ки вақтҳои охир дар маркази диққати ҳукуматамон қарор дорад. Дар зимн бояд сиёсати пухтаи гумрукӣ рӯйи кор гирифта шавад, ки ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мусоидат карда, барои бозори дохилии озуқа шароити зарурӣ фароҳам оварад. Баробари ин, молистеҳсолкунандагони ватанӣ бояд тавассути дастгирии иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароит ба истеҳсолот ҳавасманд гардонда шаванд. Бояд соҳаҳои афзалиятнокеро, ки воридоти маҳсулоти он, аз қабили тухм, картошка, баъзе намудҳои сабзавот, маҳсулоти гӯшту шир аз сабаби дурии роҳ ва вайроншавӣ ғайриимкон аст, муайян ва ба онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Соҳаи кишоварзии Тоҷикистон метавонад мамлакатро бо маводи озуқа таъмин созад. Барои ин захираҳои кофии замину об ҷиҳати васеъ кардани майдонҳои кишти зироат ва ҷангалзор, кӯҳҳо, ҳавзу дарёҳо мавҷуданд. Аммо усули маъмули истифодаи киштзорҳо боиси мушкилоти ҷиддии экологӣ мегардад ва имконоти онҳоро маҳдуд месозад. Ин на фақат дар эътибор надодан ба макони ҷойгиршавии замин вақти киштукор зоҳир мешавад, ҳамчунин воситаҳои коркарди механикию кимиёвии хок низ зиёновар аст. Ҳамчунин муносибати бепарвоёна дар истифодаи неъматҳои табиат – беназоратӣ дар шикори ҳайвоноту моҳӣ, ҷамъоварии гиёҳҳо ва дарахтбурӣ.
Шарти асосии амалӣ гардидани амнияти озуқаворӣ ба вуҷуд овардани заминаи мустаҳками умури ғизоӣ мебошад. Ба кишвари мо камзаминӣ ва ҳосилнокии пасти заминҳо хос аст. Барои бартараф намудани ин омилҳои манфӣ интихоби зироат ва чорво ва гузаштан ба технологияҳои муосири сарфакоронаи коркарду парвариши онҳо аҳамияти муҳим касб мекунад. Ин бошад, бо назардошти технологияҳои муосир таҷдиди заминаи моддию техникии истеҳсолоти кишоварзиро талаб мекунад.
Истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замини киштбоб ва ба даст овардани ҳосили баланд зарур аст. Бояд зироатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ нисбатан фоидаовар тавассути муқоисаи сарфу харҷ ва фоидаи ҳар гектар; фоидаи маҳсулот дар муқоиса бо кори ҳар корманд ва ҳар воҳиди захираҳои масрафшуда.
Вале барои ин бояд мо амалияи истифодаи заминро дар самтҳои зайл тағйир диҳем: ҷудо кардани зироатҳои аз ҷиҳати фоида афзалиятнок, аз ҷумла пахтаи маҳиннах, ғалладонаҳо, меваҳои ситрусӣ; ҷудо намудани зироатҳои озуқавии содирнашаванда (баъзе навъҳои сабзавот, ғалла, хӯроки чорво ва ҳама хелҳои маҳсулоти ҳайвонӣ) ва ғайриозуқаворӣ (пахта, пашм, пилла, тамоку, геран, пашми буз, пӯст, пашм); ҷобаҷогузории оқилонаи зироатҳо вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ, аз рӯйи фоидаи зиёд гирифтан ва хароҷоти кам талаб карданашон (дар водиҳо — пахта, меваҳои субтропикӣ, паррандапарварӣ, дар заминҳои лалмӣ — ангурпарварӣ, парвариши чорво, зироаткории кӯҳӣ, боғдорӣ, парвариши картошка, тамоку, ғалла, гӯсфанду буз, чорвои гӯштӣ); истифодаи фаъолонаи бозёфтҳои илму техникаи ҳозиразамон.
Муносибат бояд ба ин корҳо ба тариқи зайл бошад: сарфаи неру ва ашёи хоми кишоварзӣ ва муайян намудани роҳҳои истифодаи технологияи нави истеҳсолӣ. Масалан, истифодаи соя барои ғизои одам назар ба истифодаи он барои ғизои ҳайвонот 13 баробар камтар заминро талаб мекунад. Сафедаи гӯшти гов 30 — 50 баробар аз сафедаи ғалла қиматтар меафтад. Майдони кишти соя, амарант, хлорелла назар ба ҳамин гуна майдони зироатҳои дигар садҳо баробар бештар аҳолиро бо ғизо таъмин мекунад. Аз ҳамин рӯ, имрӯз дар шароити қувваи асосии тавлидӣ гардидани илм навъҳои зироат ё ҳайвонот омили муҳими иқтисодии фаровонии ғизо шуда метавонанд. Зиёда аз он, натиҷаҳои илмӣ имкон медиҳанд, ки ҳаҷм ва анвои ғизо васеъ карда шавад. Масалан, аз растаниҳо имкон ҳаст маҳсулоте тавлид шавад, ки бо тамъу ғизонокиаш ба маҳсулоти чорво монандӣ дошта (шир, гӯшт, ҳасибҳо ва ғайра), даҳҳо маротиба аз он арзонтар меафтад.
Фаррух Абдувосиев, номзади илмҳои кишоварзӣ