Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Қоимдодов Қозидавлат бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Литва, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Латвия, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Эстония ва Намояндаи доимӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 5 декабри соли 2017, №963