Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо мақсади баррасии саривақтии муроҷиати сокинон тартиби нави қабули арзу шикоят ва дархостҳоро ҷорӣ намуд.
Чунонки сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИМҲД-и шаҳр Парвина Абдуллоева хабар дод, тибқи тартиботи нав, сокинон имкон доранд, ки ба раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту идораҳо бо паёмакҳои телефонӣ (SMS) муроҷиат намуда, ба суолҳои хеш ҷавоб гиранд. Дар сомонаи расмии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо эълони ин хабар рақами телефонҳои роҳбарони идораҳои дахлдор низ пешниҳод гардидааст.
Ҳусейни Назрулло,
«Садои мардум»