Ақли солим ва тани солим асоси пешрафти ҷомеа мебошад. Аз ҳамин хотир аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 ба масъалаи тандурустии аҳолӣ диққати махсус зоҳир намуд.
Дар ин робита хабарнигорамон аз директори Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Туманова хоҳиш намуд, ки андешаҳояшро иброз дорад.
-Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти имрӯза ва ояндаи кишвар, аз лиҳози зарурати таъмини минбаъдаи суботи сиёсӣ, расидан ба ҳадафҳои умумимиллии мамлакат, беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, таҳкими муътадилӣ ва устувории мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳаматарафа баррасӣ ва таҳлил гардида, мақсаду мароми давлату миллати мо барои соли ҷорӣ бори дигар муайян ва мушаххас карда шуд. Ба ин маънӣ Паёми Президенти мамлакат ҳамчун барномаи таъминкунандаи рушди минбаъдаи давлатамон барои солҳои оянда маҳсуб меёбад.
Маҳз амалӣ намудани ҳадафу вазифаҳое, ки аз Паём бармеоянд, ба таъмини рушди босуботи давлатдории миллӣ, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва муҳайё намудани шароити зиндагии арзанда барои ҳар як фарди кишвар мусоидат менамоянд. Соҳаи тандурустӣ ҳамчун соҳаи муҳим ба ҳисоб рафта, дар ҳифзи саломатии аҳолӣ нақши муайян дорад, — иброз дошт Гулҷаҳон Туманова.
- Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла зикр шудааст: «Соҳаи тандурустии кишвар таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Соли равон барои маблағгузории соҳа зиёда аз 900 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2000- ум 47 баробар зиёд мебошад. Музди меҳнати кормандони муассисаҳои тандурустӣ дар ҳафт соли охир 12 баробар зиёд карда шуд», ки аз лиҳози моҳият хеле саривақтӣ аст,- гуфт ҳамсуҳбатам.
- Рӯйдоди фараҳбахши дигар барои мо — табибон аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд: «Давлат ва Ҳукумати мамлакат бо мақсади ҳифзи саломатии мардум андешидани чораҳои заруриро барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ минбаъд низ идома хоҳад дод». Ин далели возеҳи дастгирии соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Сардори давлат мебошад,- афзуд Гулҷаҳон Туманова.
Ҳамон тавре Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон таъкид карданд: «Дигар далели беҳтар шудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ин аст, ки баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар боиси тадриҷан камшавии нишондиҳандаҳои фавти модару кӯдак, зиёд шудани дарозумрӣ ва афзоиши табиии аҳолии мамлакат гардидааст. Агар дар соли 2000-ум дарозумрии сокинони мамлакат ба ҳисоби миёна 68,2 солро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2011-ум ба 72,5 сол баробар шудааст. Инчунин тибқи таҳқиқоти гузаронида, нишондиҳандаи фавти модарон дар соли 2010 нисбат ба соли 2005-ум 12 фоиз паст гардида, фавти кӯдакони навзод дар ин давра ду баробар кам шудааст. Ҳамзамон бо ин, агар дар соли 2000-ум беш аз 167 ҳазор нафар кӯдак таваллуд шуда бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2012-ум ба 220 ҳазор нафар баробар гардидааст, ки 25 фоиз зиёд мебошад. Дар натиҷа, шумораи аҳолии мамлакат аз 6,1 миллион нафари соли 2000-ум то ба имрӯз беш аз 30 фоиз афзоиш ёфта, ба зиёда аз ҳашт миллион нафар расидааст».
Барои расидан ба ин нишондиҳандаҳо муассисаҳои тиббӣ низ ҳиссагузоранд. Дар оянда ҳам тибқи нишондодҳои Паёми Сарвари давлат амал карда, ҷиҳати паст шудани ҳодисаҳои фавти модару кӯдак кормандону ходимони Маркази миллии солимии репродуктивӣ чораҳои муассир меандешанд.
Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»