Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2017 тартиби гузаронидани аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва 17 сентябр бо фармони вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ ҷиҳати гузаронидани аттестатсия гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Роҳбарии гурӯҳи мазкур, ки аз шаш зергурӯҳ иборат мебошад, ба зиммаи муовинони вазир вогузор шудааст. Тибқи тартиби муайяншуда дараҷаи тахассусии кормандони соҳаи омӯзгорӣ — категорияи олӣ, дараҷаҳои якуму дуюм муқаррар карда мешавад.
Чанде пеш гурӯҳи корӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахшу Сангвор аттестатсияи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва мудирони кӯдакистонҳоро доир намуд.
- Дар мувофиқа бо раисони шаҳру ноҳияҳо муовинони онҳо низ ба гурӯҳҳои кории аттестатсионӣ шомил гардиданд, — мегӯяд муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Латофат Назирӣ. Номбурда афзуд, ки то нимаи моҳи ноябр дар ноҳияи Сангвор гурӯҳи корӣ 60 нафар, дар ноҳияҳои Лахшу Тоҷикобод зиёда аз 100, дар Нуробод 80 ва ноҳияи Рашт 114 нафар роҳбарони муассисаҳои таълимӣ — директорони мактабҳо ва мудирони кӯдакистонҳоро аз аттестатсия гузаронд. Директорони марказҳои рушд, иттилоот ва технологияҳои коммуникатсионӣ низ аз санҷиш гузаронида шуданд. Дар маҷмӯъ, дар минтақаи Рашт, зиёда аз 400 нафар корманди соҳаи маориф аз санҷиш гузаштанд. Аттестатсия, ки аз моҳи октябр оғоз ёфт, идома дорад.
Аттестатсия муайян намуд, ки ҳанӯз дар баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва кӯдакистонҳо ашхоси ғайриихтисос роҳбарӣ менамоянд. Фаъолияти бархе аз роҳбарон ба талабот ҷавобгӯ нест ва бархе солҳои тӯлонӣ курсиро иваз накардаанд. Масъалаи мазкур рӯзҳои наздик дар мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, хулосабарорӣ мешавад. Нафароне, ки ба вазифа мувофиқат намекунанд, бояд дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ҷобаҷогузорӣ карда шаванд.
Зимни санҷиш гурӯҳи корӣ кормандони соҳаи маорифро вазифадор намуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷалби ҳар чӣ бештари падару модарону зиёиён корро дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» беҳтар ба роҳ монанд.
- Мо вазифадорем фарзандонро тавре тарбия намоем, ки ба омӯхтани илму дониш шавқу рағбати доимӣ дошта бошанд ва ҳамчун насли соҳибмаърифату забондон, дорои ҷаҳонбиниву тафаккури васеъ ва ватандӯсту ватанпараст ба воя расанд, — гуфт Латофат Назирӣ.
Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»