8 декабри соли ҷорӣ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бо роҳбарони воситаҳои ахбори омма ва нашриётҳои мамлакат ҷаласа баргузор намуд, ки зимни он масоили марбут ба ҳифзи фазои иттилоотии Тоҷикистон аз таҳдидҳои муосир ва нақши ВАО дар ташаккули давлатдории миллӣ баррасӣ гардиданд.
- Фаъолияти босифату боэътимоди воситаҳои ахбори омма, нашриётҳо, низоми алоқа ва дигар сохторҳои дахлдор барои таҳкими имконоти мудофиавии мамлакат, рушди устувори соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва истиқлолияти кишвар аҳамияти махсус дорад, — иброз дошт А. Раҳмонзода.
Ба гуфтаи ӯ, асри XXI-ро барҳақ асри иттилоот ном мебаранд, зеро технологияҳои нави иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ тақрибан ба ҳама соҳаи фаъолияти инсон ва ҷомеа таъсир расондаанд. Онҳо сифати зиндагии одамонро ба таври назаррас тағйир дода, ба ҷаҳонишавии иқтисодиёт ва фазои гуманитарӣ мусоидат мекунанд. Дар баробари ин, хатарҳо ва таҳдидҳои дар соҳаи иттилоот мавҷудбударо низ набояд нодида гирифт.
Зикр гардид, ки баъзе аз қувва ва гурӯҳҳо пайваста кӯшиш менамоянд, ки фазои иттилоотии ҷаҳониро барои ноил шудан ба ҳадафҳои иқтисодӣ, ғаразнок ва сиёсӣ истифода баранд. Бо ин мақсад ВАО ва шабакаҳои иҷтимоиро ҳамчун воситаи ноил шудан ба манфиат истифода мекунанд ва дар шабакаи интернет мақолаҳои террористию экстремистиро ошкоро паҳн менамоянд.
Намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтамшо Пиров дар бораи корҳои тайи солҳои охир дар самти таъмини амнияти мамлакат дар соҳаи иттилоот анҷомшуда сухан гуфта, аз ҷумла зикр кард, ки оғози даврони соҳибистиқлолӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи иттилоот» қабул гардиданд. Ҳуҷҷати стратегӣ ва маҷмӯӣ, чун Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад. Тоҷикистон бо шарикон, аз ҷумла дар доираи СММ, СААД, СҲШ ва ғайра дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ фаъолона ҳамкорӣ менамояд.
«Дар баробари ин, зарур аст, ки дар самти амнияти иттилоотӣ чораҳои иловагӣ таҳия ва амалӣ намоем, — афзуд А. Пиров. — Мо наметавонем ба ҳуҷумҳои беасос ва бадхоҳона нисбат ба кишвар, ба матолиби тарғибкунандаи терроризм, экстремизми динӣ ва кинаю адоват, ки баъзе аз сомонаҳои интернетӣ рӯирост паҳн менамоянд, вокуниш нишон надиҳем».
Инчунин, доир ба масъалаи зикршуда вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода, сармуҳаррири Саридораи илмии «Энсклопедияи миллии Тоҷикистон» Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ, сармуҳаррири маҷаллаи «Тоҷикистон» Ҳабибулло Нозирӣ, сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанг Давлат Сафар, котиби масъули Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Наҷмиддин Шоҳинбод андешаҳои ҷолиб баён доштанд.
Бо дарназардошти пешниҳодҳои баёншуда тавсия гардид, ки доир ба беҳтарсозии кор дар соҳаи ҳифзи амнияти иттилоотии мамлакат маҷмӯи чорабинӣ таҳия ва амалӣ гарданд.