Ҳамовозӣ

Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

№148 (3785) 14.12.2017

Хайдар Косимов, Кахрамони Ит СовМақолаи  рӯзноманигор  Сулаймон Султоновро, ки таҳти сарлавҳаи «Рӯҳи озурдаи қаҳрамонро кӣ шод мегардонад?» дар рӯзномаи «Садои мардум» (2 августи соли 2017) ба табъ расидааст, мутолиа намудаму ба андеша  рафтам.

Воқеотеро, ки бо чашмонам дидаву аз сар гузаронидаам, бори дигар пеши назарам ҷилвагар шуданд. Соли 1988 буд. Бисёр мехос­тем, ки садсолагии «Шӯриши Восеъ» дар  кишвар ботантана ҷашн гирифта шавад. Ба Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Ховалинг, ки зодгоҳи Восеъи қаҳрамон аст, нома навишта, матлаб арз намудам. Дар матбуоти маҳалливу ҷумҳуриявӣ низ мақола чоп кардам. Хушбахтона, маро дастгирӣ намуданд. Баробари дигар чорабиниҳои ҷашнӣ, ҷиҳати омӯзиши ҳудуди фарогири «Шӯриши Восеъ» набардгоҳҳои восеътанон, қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба сафар баромадем. Ҳайати моро, ки аз даҳ нафар иборат буд нависанда Раҳмон Сафаров роҳбарӣ мекард. Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ — Ҳайдар Қосимов, абераи Восеъ — Раҷабалӣ Камолов ва даъватшавандаи ҳарбӣ Муҳибулло Файзалиев низ шомили ҳайат буданд. Бо Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимов бештар аз як моҳ ҳамнишину ҳамсафар будему кӣ будани ин марди бузургу ҷасур, худогоҳу ватандӯстро  омӯхтему кашф кардем.

Дар Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои назди Балтика ва Украина ба садҳо шаҳру деҳ, ки тоҷикон дар паҳлуи дигар миллатҳо ба муқобили душман ҷангидаанд, рафта,  оромгоҳи ҳамватанонро зиёрат ва дар назди ҳарбиёну сокинони он ҷойҳо аз  таъриху адабиёт, фарҳанг ва  гузаштаи боғановати миллат ёдовар шуда, тоҷику Тоҷикис­тонро тарғиб менамудем.

Зимни вохӯрию мулоқот дар шаҳру ноҳия ва қисмҳои ҳарбӣ Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимов бо суханони  пандомез, ки саршор аз меҳри ватандорӣ буданд, диққати ҳозиринро ҷалб мекард. Ба расми Восеъ, ки онро бо худ бурда будем, ҳамчун намуна ишора карда, дар симои ӯ аз ҷасорату қаҳрамонии фарзандони ҷасури халқи тоҷик дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар мешуд. Дар Украина, ҳангоми ба шаҳри Киев- зиёрати оромгоҳи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Саид­қул Турдиев (мазори Байков) рафтанамон аз болои дарёи Днепр  гузаштем. Амаки Ҳайдар Қосимов ҳар як ваҷаб замини ин гӯшаи фарогири ҷанги  хонумонсӯзро муаррифӣ мекард. Аз ҷумла, иброз дошт, ки ӯ ва Қудрат Қаюмов дар 19 — солагӣ ба ҷанг рафтанд. Рӯзе ба онҳо супориш доданд, ки аз дарёи Днепр гузашта, амалиёти махсусро иҷро намоянд. Ин соли 1943 буд ва он вақт 21 сол доштанд. Баъди чанд муддат маълум шуд, ки ҳайат  иборат аз 201 ҷанговар, аз ҷумла ману ҳамдиёрам Қудрат Қаюмов, бо Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 16 октябри соли 1948 ба унвони олӣ — Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сазовор гаштаем.

- Вале, афсӯс, ки каме баъдтар Қудрат Қаюмов дар яке аз  набардҳо шаҳид шуд, — гуфт ӯ.

Ҳайдар Қосимов ба ин дарёи бузург дида дӯхта, маргу қаҳрамониро ба ёд оварда гуфт, ки  ӯ  шиновариро асосан аз  канали калони Вахш омӯхта будааст, ки дар рӯзҳои набард ба кор омад. Вай ҳангоми зиёрати оромгоҳи ҳар як шаҳиди ҳамнабард оби дида мерехту иброз медошт, ки агар ба шаҳодат намерасиданд, имрӯз соҳиби зану фарзанду набераву абера мебуданду ободгари Тоҷикистон.

Мушоҳида кардем, ки турбати аскарони тоҷик дар гӯристонҳо тозаву озода буд. Ӯ хурсанд шуда, ба  мансабдорони вақт миннатдорӣ баён мекард.

Ҳайдар Қосимов на танҳо Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ва ҷанговари  шуҷоъ ва ватандӯст, балки шахси дар меҳнат хизматнишондода низ буд. Пас аз ҷанг дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла раиси Ҷамоати деҳоти «Тоҷикобод»- и ноҳияи Вахш (даҳ сол) кор карда, бо бисёр мукофоти давлатӣ қадрдонӣ гардидааст. Ӯ обрӯи баланд дошт. Хурду калони кишвар аз ӯ ифтихор  мекарданд. Бо мардум доимо мулоқот баргузор менамуд ва гули сари сабади маъракаҳо буд, Тоҷикистонро хеле дӯст медошт. Бисёр афсӯс мехӯрам, ки мақсади мо ва нависанда Раҳмон Сафар амалӣ нашуд ва Давлати Шӯравӣ аз байн рафт. Мехостем амаки Ҳайдар Қосимов ва даъватшаванда — Муҳибулло Файзалиев намунаи ибрати ҷавонони тоҷик бошанд. Бо ҳамин васила мебоист дар тарбияи ҳарбӣ — ватандӯстии ҷавонон саҳми арзанда гузорем. Муҳибулло баъди саёҳату ҷустуҷӯ ва тарғиботи ҳарбӣ — ватандӯстӣ касби хизматчии ҳарбиро пеша намуд, афсари ҷавону лаёқатманд шуд. Вале афсӯс, ки ҳам Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимов ва ҳам шогирдаш-лейтенанти калон Муҳибулло Файзалиев (аз деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг) ҳадафи тири силоҳбадастони ҷанги таҳмилӣ шуданд. Ҳайдар Қосимов 17 январи соли 1993 аз дасти  қотилон дар шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун бо азобу шиканҷа кушта шуд.

Мақолаи «Рӯҳи озурдаи қаҳрамонро  кӣ шод  мегардонад?»- ро мутолиа кардаму ба акси манзили охирати Ҳайдар Қосимов дар гӯристони бесоҳиби ноҳияи Ҷайҳун нигариста, хиҷолат кашидам ва расмҳои зебои ӯро  дар бойгониам як — як тамошо намудаму дар фикри  навиштани ин мақола шудам.

Имрӯз аз Ҳайдар Қосимов чанд  мактубу  табрикнома ва даҳҳо  расм дорам, ки  аҳамияти таълимиву тарбиявӣ доранд ва дар осорхонаи  ташкилкардаам (дар ноҳияи Ховалинг) маҳфузанд.

Банда ҳамчун журналист, адиб, омӯзгор ва  кишваршинос аз номи ҳампешагон ба  марҳум бобои Абдурасул, ки манзили охирати ин марди ҷасурро обод нигоҳ доштааст, миннатдорӣ баён менамоям.

Воқеан ҳам зарур аст, ки раиси Шӯрои  собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Ҷайҳун Қобилҷон Зулматов, раиси ноҳия Аминзода Фотеҳи Файзулло, муовини соҳавӣ ва сарвари ҷавонону дигар  мутасаддиёни ноҳия ба ин масъа­ла эътибори ҷиддӣ диҳанд, манзили охирати қаҳрамонро обод намоянду ба зиёратҷойи мактабиёну ҷавонон табдил диҳанд.

Ҳамчунин, лозим аст, ки дар зодгоҳи қаҳрамон, ноҳияҳои Бохтар ва Ҷайҳун, маркази вилояти Хатлон — шаҳри Қӯрғонтеппа (Ҳайдар Қосимов аз ҳамон ҷо ба фронт рафтааст) ва дигар  шаҳру ноҳия бо номи ин марди бузургу дигар фарзандони асили миллат кӯча, мактаб ва маҳаллаҳо номгузорӣ ва дар осорхонаҳо гӯшаҳои махсус ташкил карда шаванд. Мо дар Осорхонаи таърихӣ — кишваршиносӣ ва Боғ — осорхонаи Шӯриши Восеъ (ноҳияи Ховалинг) дар ҳавлии қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ дастуру адабиёти зиёди таълимию тарғиботӣ, бахусус, расмҳои собиқ Фотохроникаи ТАСС-ро дорем, ки аз зиндагинома ва хидмату қадрдонӣ нисбат ба Ҳайдар Қосимов маълумот медиҳанд.

Ҳақ бар ҷониби рӯзноманигор Сулаймон Султонов аст, ки ӯ мақолаашро бо суханони зерин ба анҷом мерасонад:

«Хавфи хатари фашизм дар ивази ҷонбозиҳои  бузургмардон (Ҳайдар Қосимов ва Қудрат Қаюмов) аз  миён бардошта шуд. Вале, ҳоло зуҳуроти номатлуби дигаре, аз қабили  терроризму экстремизм пеш омадааст. Моро лозим меояд, ки ба муқобили он аз тамоми воситаву имконият истифода барем. Аз ҷумла, ба воситаи тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи корнамоию қаҳрамонии Ҳайдар Қосимову Қудрат Қаюмов барин падарони шуҳратманд».

Оре, бояд сатҳи тарбияи ҳарбӣ — ватандӯстии ҷавонон дар мисоли корнамоии қаҳрамонони ватандӯст боз ҳам баланд бардошта шавад ва хонаи охираташон низ обод бошад.

Амир Сайиди МУНКӢ,

узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ноҳияи Ховалинг