14 декабри соли равон дар ноҳияи Ёвон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ дар мавзӯи «Зарурат ва аҳамияти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» дар таърихи навини давлатдории халқи тоҷик» соати парламентии сайёр баргузор шуд.
Дар оғоз Абдуҷаббор Азизӣ гуфт, ки ҷиҳати такмили қонунҳои амалкунанда ва таҳияи қонунҳои нав ҳамеша дархосту пешниҳоди сокинони мамлакат, ки зимни вохӯриҳо, аз ҷумла мулоқот бо интихобкунандагон, баён мегарданд, ба инобат гирифта мешаванд.
- Дар давраи фаъолият Маҷлиси намояндагон чанд қонуни мукаммалро қабул намуд, ки аксарият бори аввал қабул шудааст. Қабули қонунҳои нав як раванди табиӣ ва талаби ҷомеаи муосир маҳсуб мешавад. Нахустин қонунҳои миллӣ — «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» мебошанд, ки дар таърихи қонунгузории кишвар саҳифаи нав боз карданд, — изҳор дошт А. Азизӣ ва илова кард: — Дар таҷриба зиёданд давлатҳое, ки бо мақсади нигоҳ доштани мероси таърихӣ, рушди бонизоми ҷомеа ва давлат хизматҳои содиқона, созанда ва тақдирсози фарзандони қаҳрамони худро ҳанӯз айёми дар қайди ҳаёт будан қадрдонӣ намуда, онҳоро ҳамчун «Қаҳрамон», «Пешво», «Падари миллат» эътироф кардаанд.
Чунончӣ, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Вашингтон, Ҷон Адамс, Томас Ҷефферсон, Ҷеймс Медисон, Александр Гамилтон ба ҳайси «Падарон — асосгузорони давлати Амрико», дар Туркия Отатурк «Падари миллати турк», дар Ҳиндустон Маҳатма Гандӣ «Падари миллати ҳинду» ва Ҷавоҳирлаъл Неру «Бунёдгузори давлати Ҳинд», дар Покистон Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ «Падар — асосгузори давлати Покистон», дар Сингапур Ли Куан Ю «Асосгузори давлати Сингапур» ва дар Қазоқистон Нурсултон Назарбоев «Пешвои миллат» шинохта шудаанд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки аз шинохт ва эътирофи онҳо демократия ва озодии ин давлатҳо ҳеҷ зарар надидааст, баръакс, ба ин васила ибтидои давлатдории худро аз назари ҳуқуқӣ эълон карда, роҳи рушди босуботро ба сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати демократӣ ҳифз намудаанд.
- Ба илова, — гуфт Абдуҷаббор Азизӣ, — эътироф намудан ва муттаҳид гардидани халқ дар атрофи пешво ва бунёдгузорони давлатҳо тайи зиёда аз дусад соли охир ҳамчун симои тарғибгари ваҳдат, нигоҳдорандаи таъриху фарҳанг, меросу таҷриба як идда давлатҳоро ба дастовардҳои ниҳоят бузург ноил гардонд.
Таҷрибаи таърихи сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷаҳон нишон медиҳад, ки доштани пешвои миллӣ, эътирофи бунёдгузори давлат барои рушди худшиносӣ ва тараққиёти давлатдорӣ вобаста ба шароити дохилию байналмилалӣ шарт ва зарур аст.
Номбурда, ҳамчунин илова кард, ки маҳз барои миллати азиятдида, ранҷкашида ва борҳо аз давлатдорӣ маҳрумгардидаи тоҷик дар шароити ҷаҳони ноороми имрӯза доштани пешвои сиёсӣ ва эътирофи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» ҳамчун рамзи муттаҳидии халқ дар атрофи ғоя ва андешаҳои ӯ аҳамияти бештари таърихӣ, замонавӣ ва ояндабиниро касб менамояд.
Аз ин рӯ, бо риояи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дархости шаҳрвандони мамлакат ва такя ба таҷрибаи мусбати давлатҳои демократӣ, бо арҷгузорӣ ба хизматҳои содиқонаву таърихии фарзанди халқ Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» қабул гардид.
Қонуни мазкур падидаи нави сиёсӣ ва ҳуқуқиест, ки дар доираи он халқи Тоҷикистон хизматҳои таърихии фарзанди содиқу қаҳрамонашро эътироф кардааст. Бо қабули қонуни мазкур мо таҷрибаи нек, хирадмандона ва пешқадами халқу миллатҳои соҳибдавлатро ба раванди қонунгузорӣ ворид намудем, ки он маҳз ба хотири тарбия ва ташаккули инсони солеҳ, содиқ ва вафодор равона шудааст.
Бо дарназардошти ин, аз ҷониби Маҷлиси намояндагон Қонуни конститутсионии нав — «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» қабул гардид.
Сипас, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода зарурат ва аҳамияти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» ва ташаббусҳои Президенти кишвар дар таҳия ва қабули қонунҳои миллӣ, нақши онҳо дар устуворӣ, пойдории давлати соҳибихтиёри Тоҷикистонро шарҳ дод.
- Агар Рӯдакӣ адабиёти форсиро поя гузошта, баъд аз араб зинда карда бошад, Исмоили Сомонӣ нахустин давлати мутамаркази халқи тоҷикро бунёд намуд. Устод Садриддин Айнӣ пас аз ҳазор соли фаромӯшӣ забон ва адабиёти ғановатманди тоҷикро боз ба курсӣ нишонид, аллома Бобоҷон Ғафуров бо офаридани шоҳасари «Тоҷикон» нақши қаҳрамононаи халқи тоҷикро аз саҳифаҳои таърихи гумшудаю тороҷшуда ҷамъоварӣ карда, ба таърихи ҷаҳонӣ ворид сохт, фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ раҳо бахшид, кохи муҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор намуда, низоми давлатдории муосирро асос гузошт ва ҳаққи таърихии миллатро ба давлати мустақил баргардонд, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои Ватан, забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ кард, — гуфт А. Холиқзода.
Дар соати парламентӣ, ҳамчунин вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Раҳмонзода, А. Дамдор, И. Абдуллозода, О. Ҳакимов, муовини раиси вилояти Хатлон Умед Зоирзода ва раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур иштирок доштанд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»