Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон мақолаи «Баҳси замин дар Бохтар»-и Ш. Атобуллоевро, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» 19 октябри соли 2017 таҳти № 124 нашр гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Маълум гардид, ки вобаста ба ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ ва муайян намудани саҳми замин аз тарафи як гурӯҳ сокинони деҳаи «Меҳробод»-и Ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол»-и ноҳияи Бохтар ба унвони раиси ноҳия 16 апрели соли 2016, таҳти № Б-2773 ариза пешниҳод гардидааст. Он барои баррасӣ ба Кумитаи идораи замини ноҳияи Бохтар ирсол шуда, 18 апрели соли 2016, таҳти № Б-56 ба қайд гирифта шуда, барои дида баромадан ба Абдурасул Ашӯров вобаста шудааст. Аз тарафи А. Ашӯров ариза мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба унвони раиси ноҳияи Бохтар ва муаллифон ҷавоби хаттӣ гардонида шудааст, ки бинобар дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Қуноқов Э» ва «Султонов Ш» кишт гардидани зироатҳои кишоварзӣ, баъди ғунучини ҳосили соли 2016 масъала баррасӣ мешавад.
Баъдан, шаҳрвандон Н. Болтаев ва дигарон бо ариза ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар оид ба барқарор намудани саҳми замин 10 октябри соли 2017, таҳти № Б-3017 муроҷиат намудаанд. Ин навбат низ аризаи онҳо барои иҷро ба Кумитаи идораи замини ноҳияи Бохтар ирсол гардида, ба сармутахассис А. Ашӯров барои иҷро вогузор карда шуд. Муайян шуд, ки дар ҳақиқат, вақти таҷдиди хоҷагии ба номи Н. Сафаров муаллифони ариза бо сабабҳои номаълум ҳамчун саҳмдор дар рӯйхати саҳмдорон номнавис нашудаанд.
Зикр намудан зарур аст, ки далелҳои мақола дуруст буда, Кумитаи идораи замини ноҳияи Бохтар дар вақти таҳия намудани ҳуҷҷатҳои заминсозӣ ба камбудиҳо роҳ дода, дар қарори раиси ноҳия тарҳи замин ва муҳлати ба истифода додани онро дарҷ накардааст.
Камбудиҳои дар фаъолияти Кумитаи идораи замини ноҳияи Бохтар ҷойдоштаро ба инобат гирифта, дар асоси қарори Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июли соли 2017, таҳти № 34 нисбат ба раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Бохтар Алишер Ватанов чораҳои интизомӣ андешида шуд.
А. Одиназода,
раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон