Ин масъала нуздаҳуми декабри соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни як нишаст баррасӣ шуд.
Дар он қисме аз ҳозирин оид ба мавзӯи «Имкониятҳои инкишофи низоми арзёбии фазои сармоягузорӣ дар миқёси минтақаҳои кишвар» изҳори ақида карданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Худобердӣ Холиқназар зимни ифтитоҳи чорабинӣ гуфт: «Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон чанд сол аст, ки барои рушди соҳибкорӣ ба мақомоти марбута дастуру супориш медиҳанд, мутаассифона, мониторинги гузаронидашуда аз ҷониби коршиносон нишон дод, ки онҳо сари вақт ва пурра иҷро намешаванд. Аз ин рӯ, бояд монеаҳои рушди соҳибкорӣ ошкоро гуфта ва ба Ҳукумати кишвар барои чораҷӯйӣ фиристода шаванд. То соҳибкорӣ рушд накунад, иқтисод мелангад».
Дар чорабинӣ намояндагони КВД «Тоҷинвест», Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ», Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бонкҳо, бахши хусусӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ иштирок доштанд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»