14 августи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Ба муносибати фаро расидани ҷашни солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Исломии Покистон сарфарозам ба Шумо ва ба мардуми кишваратон табрикоту шодбошҳои самимонаи худро бифиристам.
Изҳори итминон менамоям, ки равобити воқеан дӯстонаи байни кишварҳои мо дар такя ба анъанаҳои неки ҳусни ҳамҷаворӣ дар оянда низ густариш ёфта, боз ҳам мустаҳкамтар хоҳанд гашт.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ва бо таъкид ба ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои гуногунарсаи судманд бо Покистони дӯст, мехоҳам омодагии хешро барои саъю кӯшишҳои муштарак ҷиҳати таҳким ва рушди минбаъдаи муноси-батҳои ҳасанаи байни кишварҳоямон иброз намоям.
Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Исломии Покистон суботи пойдор ва хушбахтиву рифоҳ таманно дорам».
***
15 августи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷи барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Бароям мояи сарфарозист, то Шумо, Ҳукумат ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Ҳиндустонро ба ифтихори фаро расидани Рӯзи истиқлолияти кишваратон самимона табрику таҳният гӯям.
Аз ин фурсати муносиб истифода карда, мехоҳам изҳори итминон намоям, ки муносибатҳои ҳасанае, ки то имрӯз байни кишварҳои мо ташаккул ёфтаанд, дар оянда низ густариши тоза пайдо намуда, ба манзури таҳкими анъанаҳои дӯстию бародарии байни мардумонамон дар соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мазмуну мундариҷаи мушаххас ғанӣ хоҳанд гашт.
Тоҷикистон Ҳиндустонро шарики дерина ва муътамади худ дар арсаи байналмилалӣ медонад ва омодаи ҳамкориҳои густурдатар ва амиқтар дар ҳамаи заминаҳои ҳамкорист.
Ба Ҷаноби Олӣ сиҳату саломатӣ, бахту саодат, пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Ҳиндустон сулҳу амонӣ, пешрафти рӯзафзун ва шукуфойӣ таманно дорам».
***
15 августи соли 2013 ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кын Хе барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Хонуми Олиҷоҳ!
Сарфарозам, ки Шуморо ба муносибати фаро расидани иди миллии кишваратон самимона табрику таҳният мегӯям.
Имрӯз равобити ҳасана ва мутақобилан судманди байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар марҳилаи рушди худ қарор доранд.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш мехоҳам таъкид намоям, ки ҷониби Тоҷикистон дар маҷмуъ нисбати дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан муфид бо Ҷумҳурии Корея аз диди нек мавзеъгирӣ менамояд ва хоҳони густариши онҳо мебошад.
Бо камоли масаррат ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ, сиҳатии комил, бахту иқбол ва дар фаъолияти кориатон дастовардҳои нав ба нав, ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея пешрафту шукуфойии рӯзафзун таманно дорам».
www.president.tj