Ифтитоҳи ду иншооти нав дар шаҳри Душанбе

№151 (3788) 21.12.2017

19 декабри соли 2017 дар ноҳияи Синои пойтахт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ кӯдакистони №68 — ро барои 160 нафар ифтитоҳ намуданд.

Бинои кӯдакистон 2 — ошёна буда, аз маҷмӯи иншооти асосӣ ва ёридиҳанда иборат аст. Дар он 6 ҳуҷраи бозии кӯдакон, 6 ҳуҷраи хоб, 1 ҳуҷраи ёрирасон, толори мусиқӣ, ошхона ва дигар иншооти асосиву ёрирасон ҷойгир шудааст.

Фармоишгари асосии сохтмон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад. Арзиши умумии иншоот қариб 8 миллион сомониро ташкил медиҳад. Лоиҳа аз ҷониби мутахассисони Ҷамъи­яти дорои масъулияти маҳдуди «Саимо» тарҳрезӣ шудааст. Корҳои сохтмониро бинокорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кадучӣ» анҷом додаанд. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур 25 декабри соли 2016 оғоз ёфта буд.

Барои таъмини пурраи кӯдакистон бо барқ дар ҳама фасли сол 2 трансформатори 400-киловатта насб шудааст.

Соли ҷорӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахт чанд муассисаи таълимию кӯдакистони нав бунёд ва қисми зиёди муассисаҳои таълимиву тарбиявиро азнавсозӣ карданд.

***

19 декабри соли 2017 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ биноҳои иловагии синфхонаи ҳунаромӯзӣ, ошхона бо 180 ҷойи нишаст, толори маҷлис бо 400 ҷой ва толори муосири варзишӣ бо 150 ҷойи нишастро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44 мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Фармоишгари бунёди иншооти мазкур Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе» мебошад. Корҳои сохтмониро дар давоми 11 моҳ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТИСМ» ба анҷом расонидааст. Дар давраи сохтмон 120 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гардида, маблағи умумии корҳои сохтмону муҷаҳҳазгардонӣ беш аз 8 миллион сомониро ташкил додааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити муассисаи таълимии мазкур Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, онро дар арафаи фарорасии Соли нави мелодӣ туҳфаи арзанда ба омӯзгорон ва хонандагон арзёбӣ намуданд.

Омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат барои фароҳам овардани шароити муосиру замонавии таълим изҳори миннатдорӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгоронро даъват намуданд, ки бо истифода аз шароиту имконияти мусоиде, ки Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ барои онҳо фароҳам овардааст, сатҳи таълиму тарбияи насли наврасро боз ҳам беҳтар намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, инчунин бо рафти сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар шаҳри Душанбе 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бунёд ёфта истодааст ва онҳо соли 2018 ба истифода дода мешаванд. Мавриди зикр аст, ки дар маҷмӯъ то соли 2019 беш аз 21 ҳазор ҷойи нишасти иловагӣ барои муассисаҳои таълимии пойтахт муҳайё карда мешавад.

 www.president.tj