Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту вохӯрӣ бо мардум ба соҳибкорон дастур медиҳанд, ки ба ҷои маъракаҳои пурдабдаба, ки мақсад аз баргузории онҳо худнамоиву зоҳирпарастӣ мебошад, дар бунёди роҳу пулҳо, мактабу бунгоҳи тиббӣ ва дигар иншооти хизматрасон саҳм гузоранд. Зеро онҳо барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намуда, обрӯи эҳсонкоронро низ меафзояд.
Сокинони деҳоти «Пушинг»-и ноҳияи Данғара ҳанӯз аз даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд. Дар деҳа 2 нуқтаи оби нӯшокӣ вуҷуд дошт, ки талаботи мардумро қонеъ гардонида наметавонист ва мардум дар навбати гирифтани об вақти зиёд сарф намуда, инчунин набудани оби фаровон дар рӯзгор бисёр маҳдудиятро пеш меовард.
Аҳолӣ борҳо мақсад гузоштанд, ки аз чашмаҳои мавзеъҳои Гидрон, Гули зиндон, Кӯли сӯфиён, Олучадара, Арпабулоқ, Чағербулоқ лӯлаи об гузаронанд. Бисёриҳо ин корро ҳам карданд. Аммо пас аз озмоиш истифодаи он обҳоро барои истеъмол тавсия надоданд. Ягона роҳ ба деҳа кашидани лӯлаи об аз канали Вахш буд, ки амалӣ намудани он кори осон набуд.
Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба шарофати сиёсати ободкорию созандагӣ ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мушкили мардум осон гардид.
Раиси ҷамоати деҳоти «Пушинг» Пирмаҳмад Каримов зикр кард, ки чанд сол пеш сокинони деҳа бо дастгирии эҳсонкорон, зодагони деҳа дар як муддати кӯтоҳ аз канали Вахш, тавассути пойгоҳи обкашӣ бо 160 қубури полиэтиленӣ аз масофаи 8160 метр ба деҳа об оварданд. Мутахассисони Институти «Гидропроект» лоиҳаро омода карда, дар муддати кӯтоҳ 4 маротиба сабти топографӣ анҷом доданд ва корҳои сохтмонии он 3 моҳ давом кард.
Аҳли деҳа ҳашар ташкил намуда, дар ин кори хайр фаъолона ширкат варзиданд, ки на танҳо сокинони деҳаи Пушинг, балки мардуми деҳаҳои Дилнишин ва Моҳпораро низ бо оби нӯшокӣ таъмин мекунад. Махзанҳо, ки баҳри захира намудани об дар ин 3 деҳа гузошта шудаанд, хеле калон буда, дар деҳаи Моҳпора ба андозаи 60 тонна, дар Дилнишин 30 тонна ва дар деҳаи Пушинг наздики 500 тонна ғунҷоиш доранд.
Азнавсозии обанбори деҳа низ, ки ҳанӯз соли 1937 ба таври ҳашар сохта шуда буд, босуръат идома дорад. Он дар масоҳати 6 га бо дарназардошти талаботи замон бунёд гардида, давродавраш пойгоҳ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ сохта мешаванд, ки заминҳои ташналаби атрофро шодоб гардонда, беҳтарин макони варзишӣ ва фароғати сокинони деҳа хоҳад гашт.
Дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки «обу ободонӣ». Бо омадани об симои деҳаи Пушинг ба куллӣ тағйир ёфт. Сокинон дар заминҳои наздиҳавлигӣ, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ба парвариши маҳсулоти кишоварзӣ машғул гардиданд. Бо самараи бадастоварда на танҳо ниёзи худро бароварда сохтанд, балки маҳсулоти зиёдатиро ба бозор бароварда, даромад ба даст оварданд.
Майдони умумии боғоти деҳоти «Пушинг» 1392 га буда, аз он 1042 га токзор, 350 га боғҳои нави содиротӣ мебошанд. Ҳоло дар деҳот 18 гармхона, ки дар онҳо лимӯ, помидор ва бодиринг парвариш меёбанд, фаъолият доранд. 4 сардхона фаъол буда, оянда зиёд гардонидани онҳо дар назар дошта шудааст.
Пирмаҳмад Каримов, ҳамчунин зикр кард, ки корҳои ободонию бунёдкорӣ, аз ҷумла, таъмири роҳ, истгоҳҳои замонавӣ, бунёди мактаби миёна, беморхона ва обанбор босуръат идома доранд. Бояд ёдовар шуд, ки ба аҳолии деҳа Маркази савдои замонавии «Пушинг» хизмат мерасонад, ки аз он ҳама маҳсулоти рӯзгорро дастрас кардан мумкин аст. Сокинони деҳа дигар барои харид кардан ба маркази ноҳия ва шаҳри Душанбе намераванд. Зеро дар маркази зикршуда аҳолии деҳа аз хизматрасонии «Ҳаммом», «Тамрингоҳ», «Дӯкони дӯзандагӣ», филиали БДА ҶТ «Амонатбонк», «Нонвойхона», «Тӯйхона» метавонанд баҳра бардоранд.
Дар дӯкони дӯзандагии деҳа 7 нафар зану духтарон бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Бо мақсади риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Тӯйхона»-и Пушинг бо дарназардошти 150 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Сохтмончиён айни замон ба бунёди бинои нави муассисаи таълимӣ машғул мебошанд.
Бунёди роҳ, ки дар деҳот яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад, дар Пушинг азнавсозиву сохтмони он бомаром идома дорад. Алҳол 23 км роҳҳои дохилии деҳа сангфарш ва 12 км асфалтпӯш карда шудаанд.
Дар деҳот ба рушди соҳаи иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Айни ҳол дар он 3 хонаи маданият, 6 китобхона ва 7 муассисаи таълимӣ фаъолият доранд.
Қобили зикр аст, ки Пушинг таърихи куҳан дорад. Тибқи иттилои доктори илмҳои таърих Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ, осори замони Ҳахоманишҳо (асрҳои VI-IV, III-I пеш аз мелод ва I-V) дар деҳа ёфт шудаанд.
Вақте ки аз деҳа берун мешудем, мардуми бо мароқи зиёд ба азнавсозии хонаҳо машғулбударо дида, хушҳол гардидем. Воқеан ҳам, ободии Ватан аз остонаи хонаи ҳар яки мо сар мешавад.
Рухсораи Нур, журналист