Чанде пеш дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор доир гардид.
Дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, директори Агентӣ Шерхон Салимзода, аъзои Шӯро, роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои Шаҳринав ва Рӯдакӣ ширкат варзиданд.
Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва «Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили наркологӣ барои солҳои 2013-2017»-ро баррасӣ намуда, ҳамчунин нақшаи фаъолиятро барои соли 2018 қабул намуд.
Шарофат Абдулвоҳидова,
«Садои мардум»