Изтироб

101 деҳа дар минтақаи Кӯлоб аз истифодаи барқ маҳруманд

№155 (3792) 28.12.2017

8753c78313941eb893a772e2322110b2Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегӣ маҳсуб мешавад, сол то сол наздиктар мегардад. Кунун асри XXI аст, на XVII. Техникаю технологияи муосир бо суръати кайҳонӣ боло меравад, вале ҳазорон нафар дар ин деҳоти дурдасти кӯҳистон ҳанӯз бо фонусу шамъ хона равшан мекунанд. Пас, ин мушкили ҷиддӣ кай ҳалли худро меёфта бошад?

Бино ба иттилои масъулони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқи Кӯлоб» алҳол аҳолии 101 деҳа дар панҷ навоҳии музофот аз неруи барқ комилан маҳруманд. Чанд сол мешавад, ки ин нишондод бетағйир мондааст. Аз ин хотир, хабарнигори махсуси рӯзнома баҳри пайгирии мавзӯъ ба ноҳияҳои минтақа сафари хизматӣ намуд.

Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ба ғайр аз роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия дигар касе аз роҳбаронро пайдо карда натавонистем. Раиси ноҳия дар шаҳри Душанбе будаасту муовини аввал дар ҷаноза. Барои мо ҳайратовар буд, ки роҳбари дастгоҳ Шариф Ҳусайнов 14  сол боз дар ин вазифа фаъолият дораду намедонад, ки дар кадом деҳа хатти барқ ҳас­ту дар кадомаш нест. Даҳ деҳаи ноҳия дар феҳрис­ти аз неруи барқ маҳрумбудагони Шабакаҳои барқи минтақа ҷой шудааст. Ҷаноби Ҳусайнов бошад, мегӯяд: «Ин омор дурӯғ аст, як деҳа – «Охтош» барқ надораду халос. Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» барномаи барқтаъминкуниро аллакай таҳия намудааст, ки маблағ барои иҷрои корҳо162 ҳазор доллари ИМА-ро дар бар мегирад».

Зимни суҳбати телефонӣ раиси ҷамоати деҳоти «Лоҳутӣ»-и ноҳия Хушвақт Яъқубов, изҳор дошт, ки деҳаҳои «Храак», «Момайӣ», «Буғдояк» ва «Ҷинако» ҳанӯз аз даврони таъсисёбӣ барқро надидаанд. Панҷ деҳаи боқимонда, ки ба Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо тааллуқ доранд, бо барқ таъминанд.

Давлат Эмомов — сардори Раёсати молияи ноҳия гуфт, ки соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои кашидани хатти барқ ба деҳот маблағ ҷудо нашудааст ва ноҳия низ ин қудрату имконро надоштаааст.

Аз рӯйи маълумоти пешниҳоднамудаи Шабакаҳои барқи минтақа гӯё истиқоматкунандагони 21 деҳа дар ноҳияи Муъминобод ба неруи барқ дастрасӣ надоранд. Аз ҷумла, «Шулоншаҳр» (19 хоҷагӣ), «Хоки пир» (25 хоҷагӣ), «Шоҳбача» (43 хоҷагӣ), «Ғарабдара» (30 хоҷагӣ), «Чидаблоқ» (14 хоҷагӣ) аз зумраи онҳост.

Муовини раиси ноҳия Хайрулло Абдуллоев, ки назорати соҳаи барқ ба ӯ вобаста аст, аз бе барқ будани ин деҳаҳо изҳори бехабарӣ кард.   Ин дар ҳолест, ки дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми декабри соли 2013 таҳти №564 «Оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои кӯҳистони минтақаи Кӯлоб барои солҳои 2014 — 2019» номи деҳаҳои бе барқи ноҳия дарҷ гардидааст.

- Кадом деҳаҳоро тибқи нақша — чорабиниҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ хатти барқ кашидаанд, намедонам. Ҳоло якҷоя рафта, аз директори идораи шабакаҳои барқ мепурсем, ӯ бояд маълумот дошта бошад, — гуфт муовини раис.

Мутаассифона, директори идораи шабакаҳои барқро дар коргоҳаш пайдо карда натавонис­тем ва саволҳои зиёд беҷавоб монданд.

Мутобиқи маълумоти расмӣ 40 деҳаи аҳолинишини Балҷувон хатти барқ надоранд ва оид ба ин масъала ноҳия дар минтақа ҷойи аввалро ишғол мекунад. Зеро деҳоти «Мулоконӣ» (20 хоҷагӣ), «Шингидара» (12 хоҷагӣ), «Пастелак» (12 хоҷагӣ), «Тошбулоқ» (17 хоҷагӣ), «Пештова» (24 хоҷагӣ),  «Навобод» (30 хоҷагӣ) аз хатти барқ бенасибанд.

- Деҳаҳои барқнадошта дар ноҳия ҷой надоранд, зеро аз тарафи ташкилоти Агроаксияи Олмон дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Барги сабз» қариб ҳама сокинони деҳаҳои хатти барқнадошта бо батареяҳои офтобӣ таъмин гардиданд. Бахусус, 6 — 7 деҳаи деҳоти «Сари Хосор» соҳиби барқ шуданд. Соли гузашта дар ду деҳа — «Аспрингон» ва «Дараи нолак» ду неругоҳи хурди барқи обии иқтидорашон 12 — киловатта сохта шуд. Дар ин деҳаҳо имконияти хатти барқ кашидан набошад ҳам, алҳол наметавон онҳоро бе барқ номид, зеро аҳолӣ аз неругоҳҳои хурди барқи обӣ ва батареяҳои офтобӣ истифода мекунанд. Тақрибан 20 деҳа неругоҳи хурди барқи обӣ дорад. Се моҳ қабл аз идораҳои болоӣ ба мо супориш шуд, ки рӯйхати деҳаҳои бе хатти барқ ва таҷҳизоти заруриро ирсол намоем. Сари вақт дастурро иҷро кардем. Асосан, ба ноқили барқӣ, симчӯб, изолятору зеристгоҳ ниёз дорем, — тазаккур дод Ҳасан Исматов, сармуҳандиси идораи шабакаҳои барқи ноҳия.

Ҳарчанд сармуҳандис такрор ба такрор мегуфт, ки «деҳаҳо бе барқ нестанд», аммо наметавон аз нишондодҳои расмӣ чашм пӯшиду инкор кард. Дарвоқеъ, онҳо аз неруи барқ маҳруманд ва ҳатто 1  метр хатти барқ ба тарафи онҳо кашида нашудааст.

Мушкили бебарқӣ дар деҳоти ноҳияи Темурмалик низ ба назар мерасад. Истиқоматкунандагони нуҳ деҳа дар ин ноҳия комилан аз истифодаи қувваи барқ маҳрум мебошанд.

Зайниддин Асомуддинов- сардори шабакаҳои барқ ноҳия гуфт, ки: «Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва шабакаҳои барқ наметавонанд ин мушкилотро ҳал намоянд. Ҳар кадоми ин деҳаҳо аз 3 то 14 километр аз хатти барқ дуранд. Барои як деҳаро бо барқ таъмин намудан, қариб 80 ҳазор сомонӣ лозим аст. Ин масъаларо рӯйи қоғаз оварда, аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ШСХК «Барқи Тоҷик» кумак хостем. Ваъда карданд, ки ёрӣ мерасонанд. Феълан мушкили асосӣ набудани маблағ ва ҷиҳози зарурӣ мебошад. Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба ин хотир маблағ ҷудо нашудааст. Дар нақша — чорабинҳои Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти №564 ин деҳаҳо ҷой шудаанд. Бо беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ мушкилот рафъ хоҳад гардид.

Дар ҳамбастагӣ бо аҳолӣ имсол тавонистем деҳаи «Лангибобо»-ро бо қувваи барқ таъмин кунем. Зеристгоҳи як фермаи барҳамхӯрдаро, ки дар ин деҳа мавҷуд аст, истифода кардем».

Муовини раиси ноҳия Неъматулло Шарофиддинзода дар ин бобат гуфт: «Аксари ин деҳаҳо навтаъсисанд ва бархе аз онҳо ҳамагӣ ду хоҷагӣ доранд. Сокинони онҳо дар маркази ноҳия низ хонаву дар доранд. Чӣ, боз ман равам, барои онҳо барқ кашам?».

Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бист деҳа ба қувваи барқ дастрасӣ надоштаанд. Раиси ноҳия Зарифзода Подшохон Ҳабибулло дар робита ба ин масъа­ла гуфт:

- Бо истифода аз ҳама сарчашма саъю талош дорем, ки мушкилро ҳал кунем. Барои бе монеа бо барқи доимӣ таъмин кардани 33 деҳа дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳои дахлдор аллакай нақша тартиб додем. Соли гузашта ба се деҳа хатти доимии барқ кашидем. Дар деҳоти «Даштиҷум» неругоҳи хурди барқи обӣ сохта шуд, ки чанд деҳаро бо барқ таъмин мекунад. Дар деҳоти «Шӯрообод», «Кафтар», «Дарбанд», «Шокир Зокир» трансформаторҳо насб намудем. Хулоса, дар ин самт имсол корҳо тадриҷан пеш рафтанд. Дар соли пешомад нақшаҳои имсол тартибдодаро амалӣ мекунем.

Алҳол бошандагони деҳаҳои «Коргарон», «Навободи Давлатобод», «Зу», «Шаҳристон»,  «Кавлуч», «Қумроғ», «Шелли боло», «Хами Маҳлаб», хулоса 16 деҳа дар  ноҳия аз қувваи барқ маҳруманд. Дар қисми 4 — и Нақша — чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат вобаста ба ин ноҳияи кӯҳистон чунин омадааст: «Азнавсозӣ ва кашидани хатти интиқоли барқ -10 кв (бо дарозии 13, 5 км,  0,4 кВ бо дарозии 21,9 км ва иваз намудани 13 трансформатори камиқтидор ба пуриқтидор дар ҷамоатҳои «Даштиҷум» ва «Лангардара». Муҳлати ниҳоии анҷоми корҳо соли 2018 нишон дода шудааст. Агар дурнамо татбиқ шавад, мушкили бебарқӣ дар деҳоти дурдасти ноҳия қариб пурра бартараф мегардад.

Давлатназар Холов — директори ҶСК «Шабакаҳои барқи Кӯлоб», дар як мусоҳиба гуфта буд, ки «Иддае аз ин деҳаҳои аҳолинишин аз даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ барқро надидаанд. Масъалаи барқтаъминкунии деҳоти бе барқ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ноҳияҳои онҳо вобаста аст. Мутаассифона, онҳо аз буҷет барои анҷоми ин корҳо маблағ ҷудо намекунанд. Идораи барқи минтақа хизмат­расон буда, қудрати хатти барқ кашидани он деҳотро надорад».

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегӣ маҳсуб мешавад, сол то сол наздиктар мегардад. Кунун асри XXI аст, на XVII. Техникаю технологияи муосир бо суръати кайҳонӣ боло меравад, вале ҳазорон нафар дар ин деҳоти дурдасти кӯҳистон ҳанӯз бо фонусу шамъ хона равшан мекунанд. Пас, ин мушкили ҷиддӣ кай ҳалли худро меёфта бошад?

Ёқуби СОДИҚ,

«Садои мардум»