Комил Салимзода: «Соли 2017-ро бомуваффақият ҷамъбаст хоҳем кард»

№155 (3792) 28.12.2017

Вақте ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ворид мешавед, пеш аз ҳама, ободии роҳҳояш табъи касро болида мегардонад. Дарвоқеъ, ду сол муқаддам роҳҳои асосии ноҳия нообод буданд, ҳарчанд таъмири ҷорӣ мешуданд, боз ҳам муҷиби шикасту рехти техникаи хоҷагии қишлоқу сокинон мегардиданд. Алҳол роҳҳо ҳамвору мумфарш гардидаанд, аз даромадгоҳ то маркази ноҳия дар як они воҳид мерасед.

Дар иртибот ба корҳои ободониву созандагӣ суҳбате доштем бо раиси ноҳия Комил Салимзода, ки фишурдаи он пешкаш мегардад.

- Шумо, баробари ба фаъолият пардохтан (январи соли 2016), корро аз обод кардани роҳҳо оғоз кардед. Ин иқдоми худатон буд ё маслиҳати ягон нафар?

- Вақте, баъди ҳидояти Пешвои миллат, ба ҳайси раиси ноҳия корро оғоз кардам, аввалин насиҳати падар ин буд: писарам, якумин коре, ки мекунӣ, роҳҳоро обод кун. Роҳи обод нишонаи ободиву сарсабзии макон аст… Хулоса, то имрӯз наздик ба 9 километр роҳҳо аз таъмири асосӣ бароварда шуданд.

- Ҷамъоварии маблағи андоз яке аз нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Соли равон вазъи иҷрои он чӣ гуна аст?

- То нимсолаи аввал дар иҷрои ин масъала басо азоб кашидем, аммо баъди иваз намудани роҳбарияти он вазъият рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Ҷамъи андозҳо, бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, пурраву барзиёд иҷро шуданд.

- Аз самараи меҳнати офарандагони неъматҳои моддӣ низ чанд сухан мегуфтед?

- Боиси тазаккур аст, ки имсол барои кишоварзон соли бобарор омад. Аз ҳама намуди зироат (дар майдони 2864 гектар кишти тирамоҳӣ, 14826 гектар кишти баҳорӣ ва 2090,51 гектар кишти такрорӣ) ҳосили фаровон ба даст омад. Аз ҷумла, ғалладона 25316 тонна, полезӣ — 2547 ва меваҷот 1512 тонна ҷамъоварӣ шуд. Фоизи истеҳсоли маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 101 дарсадро ташкил дода, то 3 баробар афзуд. Хусусан, дар истеҳсоли зироати пахта нишондиҳандаи аз ҳама баландтаринро дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба даст овардем. Наздик ба 13 ҳазор тонна «тиллои сафед»-и кишоварзон ба хирмани пахтаи кишвар рехта шуд, ки зиёда аз 130 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.

Ба ҳамин монанд, дар соҳаи чорводорӣ низ муваффақиятҳо назаррасанд. Истеҳсоли гӯшту шир, тухму пилла ва асал низ пурраву барзиёд ба иҷро расиданд.

- Ноҳия бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад аст. Муносибат бо ҳамсоягон чӣ гуна аст?

- Бале, дар минтақаи сарҳадие, ки бо ноҳияи Лайлаки кишвари ҳамсоя дар масофаи 55 километр дорем, 5 деҳа — «Селкан»-у «Маданият», «Зарафшон»-у «Тоҷикобод» ва «Қӯрғонча» ҷойгир шудаанд. Хушбахтона, муносибатҳоямон дар асоси эҳтироми якдигар ва ҳатто бародарона ба роҳ монда шудаанд. Ҳокими ноҳияи Лайлак Баймурат Бекмуратов инсони фарҳангӣ ва дорои маданияти баланд аст. Сиёсати дӯстии халқҳоро хуб сарфаҳм меравад. Ин аст, ки рӯзҳои иду айём, хусусан идҳои давлатӣ, намояндагони ҳокимиятҳои маҳаллӣ ба табрики якдигар мераванд. Аз он ки дар шаҳри Сулюктаи ин ҷумҳурӣ истеҳсоли ангишти хушсифат ба роҳ монда шудааст, маводи сӯхтро аз ноҳияи зикршуда захира мекунем. Онҳо низ аз бозори марказии ноҳияи мо — «Ашроф» маҳсулоти ғизоӣ, хусусан меваву полезӣ харидорӣ мекунанд.

- Тавре мушоҳида гардид, бозори марказии ноҳия дар дигар ҷо бунёд шуда, симои замонавӣ ба бар кардааст…

- Ин кор бе душворӣ ба мо даст надод. Хусусан, баъди тасдиқи нақшаи генералӣ аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ ниятамон амалӣ шуд. Чунки бозори куҳна дар ҳолати бади санитарӣ қарор дошт. Нофаҳмиҳо низ буданд, хушбахтона, мардум воқеият ва хатарҳои таҳдидкунандаро ба ҳаёташон фаҳмиданд.

Бо ин ҳама ман гуфтанӣ нес­там, ки мушкил надорем. Ҷое, ки кор аст, албатта, садду монеаҳо ҳам ба миён меоянд. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки дар кишвар сулҳу ваҳдат ҳукмрон мебошад, ки ба шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон ба даст омадааст. Дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар фатҳи ҳама зафар ҳамеша моро раҳнамун аст. Дар маҷмӯъ, дар пайравӣ ба сиёсати сулҳовару бунёдкоронаи Пешвои миллат мекӯшем, бо истифода аз ҳама имконият ба зиндагии шоиста ноил шавем ва соли 2018-умро бо нишондиҳандаҳои арзанда истиқбол гирем.

Мусоҳиб

Мирзоаъзам Мақсудов,

«Садои мардум»