26 декабри соли 2017 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ мулоқот намуд.
Зимни он масъалаҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илму фарҳанг ва равобити байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки парлумони касбии Тоҷикистон баҳри ривоҷу равнақ ёфтани ҳамкориҳои барои ҳар ду ҷониб судманд ҳамеша талош варзидааст ва дар оянда низ кӯшиш хоҳад намуд, ки ҳар чӣ бештар заминаи мусоиди ҳуқуқиро фароҳам оварад. То ба имрӯз, дар ин робита чанд санади танзимкунанда ба имзо расидааст, ки аксари онҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагон тасдиқ гардидаанд.
- Яъне, имрӯз барои таҳким бахшидани муносибатҳо фазои зарурии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст, — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров.
Ҳуҷҷатулло Фағонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз асоситарин шарики иқтисодии Эрон дар минтақаи Осиёи Марказӣ номида, гуфт, ки Эрон ҳамеша хоҳишманди ҳар чӣ бештар тавсеа бахшидани муносибатҳо бо Тоҷикистон аст.
Тарафҳо аз иштироки фаъоли ҳар ду кишвар дар ҳамкориҳои минтақавӣ, бахусус дар чорчӯбаи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО), Созмони конфронси исломӣ (ОИК) изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамкориҳои парлумониро муҳаррики асосии густариши муносибатҳои дуҷониба маънидод намуданд.
Шуъбаи матбуоти Дастгоҳи
Маҷлиси намояндагон