Кумитаи ҳимоят аз журналистон (CJP) иттилоъ додааст, ки соли 2017 шумораи рекордии журналистон — 262 нафар мавриди таъқиби ҷиноятӣ қарор гирифтаанд.
Бинои ба таҳлили кумитаи зикршуда, бештари таъқибҳо ба фаъолияти касбӣ, пеш аз ҳама, ба бозтоби ҳодисаҳои сиёсӣ рабт доранд.
Ба хотири фаъолияти касбӣ 5 рӯзноманигор дар Федератсияи Россия, 1 нафар дар Украина, 2 нафар дар Қазоқистон, 4 кас дар Озарбойҷон ва 1 тан дар Қирғизистон зиндонӣ шудаанд. Аз ҳама беш — 73 журналистро дар Туркия зиндонӣ кардаанд. Дар миёни кишварҳои шӯравии пешин, аз ҳама беш — 10 журналист дар Озарбойҷон боздошт шудаанд.
Дар Қирғизистон рӯзноманигор Азимҷон Аскаров ҳанӯз ҳам зиндонист. Додгоҳ ибтидои соли равон ҳукми абади ӯро барои даст доштан дар куштори пулис ва ангехтани адовати қавмӣ дар соли 2010 бетағйир гузошт. Аскаров ҳукми худро сиёсӣ меномад. СММ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Human Rights Watch аз мақомоти Қирғизистон раҳоии ӯро талаб доранд.
Дар Қазоқистон раиси пешини Иттифоқи журналистони кишвар Сайидқозӣ Матаевро ҳамроҳи писараш Асет дар дуздии амволи давлатӣ айбдор ва зиндонӣ карданд. Вале Матаеви калонӣ моҳи декабр озод шуд.
Соли 2015 дар Туркманистон рӯзноманигор Сафармаҳмад Непескулиев, ки бо Радиои Озодӣ ҳамкорӣ дошт, бо ҷурми ғайриқонунӣ нигаҳ доштани доруҳои мамнуъ боздошт ва се сол аз озодӣ маҳрум гашт. Тақдири ӯ ҳанӯз ҳам номаълум аст. Дар Ӯзбекистон рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ — Бобомурод Абдуллоев, Дилмуроди Саид, Ҳаётхон Насриддинов ва Юсуф Рӯзимуродов зиндонианд.
Кумитаи ҳимоят аз журналистон инчунин иттилоъ дода, ки дар Россия хабарнигори ӯзбеки нашрияи «Новая газета» Алӣ Фирӯз ва рӯзноманигори украин Роман Сушенко низ таъқиб шудаанд.
«Садои мардум»