Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2016) соли 2017-ро дар мамлакат Соли ҷавонон эълон намуданд.
Хабарнигори рӯзнома дар вилояти Суғд бо суоли: «Ҷавонон дар ин сол ба чӣ дастовардҳо ноил гардиданд» бо чанд тан аз ҷавонон — кормандони масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят муроҷиат намуд:
Дилрабо РАҲИМӢ, муовини раиси ноҳияи Спитамен: - Ҷавонони ноҳияи мо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд. Тадбири мазкур ба ин қишри ҷомеа, ки ман ҳам як тан аз онҳо ҳастам, рӯҳу тавони тоза бахшида, ба дастовардҳои қобили таваҷҷуҳ ноил сохт.
Дар соли хониши 2017-2018 шумораи гирандагони стипендияи раиси ноҳия аз 40 ба 80 нафар расид. Чанд тан аз хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ғолибият ба даст оварданд. Аз ҷумла, Аҳрор Маматқулов аз фанни химия, Умед Мамадалиев аз фанни биология ҷойи аввал ва Назира Холиқова аз фанни забони давлатӣ ҷойи дуюмро ишғол намуданд. Аҳрор Маматқулов, ҳамчунин дар олимпиадаи байналмилалӣ ширкат варзид.
Сафи соҳибкорони ҷавони ободкор низ афзоиш ёфт. Дар деҳоти «Истиқлол» соҳибкори ҷавон муассисаи таълимии хусусии «Акрам»-ро муҷаҳҳаз бо технологияи ҳозиразамон сохта, ба истифода дод. Дар деҳоти «Сарбанд» аз тарафи соҳибкори ҷавони дигар Маркази ташхисӣ-табобатӣ муҷаҳҳаз бо техникаю технологияи замонавӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ 13 майдончаи варзишӣ сохта, ба истифода доданд, ки дар онҳо зиёда аз 5000 нафар ҷавону наврас машқу тамрин менамоянд. Дастовардҳои варзишгарони ноҳия низ назаррас мебошад. Онҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, 237 медал ба даст оварданд.
Соли ҷорӣ 796 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии ноҳия донишҷӯ шуданд.
Дар тӯли соле, ки сипарӣ гардид, ба масъалаи таъмини ҷавонон бо ҷойи кор дар муассисаҳои тиббӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид ва барои такмили маҳорати онҳо шароити зарурӣ муҳайё шуд. Дар натиҷа, ба беморхонаи марказии ноҳия соли равон 25 ҷавон ба кор қабул карда шуд.
Умед дорем, ки ин дастовардҳо дар соли нави 2018 боз ҳам афзоиш меёбанд.
Фаррухҷон РОЗИҚОВ, мудири бахши рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод: - Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи мо аз ноҳияи сирф аграрӣ ба ноҳияи агросаноатӣ табдил ёфт. Дар ин давра корхонаҳои зиёди саноатӣ, ба монанди ҶДММ «Зафаробод Инвест», ҶДММ «Фаронак», ҶДММ «Пахтаи Пролетар», ҶСП «Деҳқон», ҶДММ «Пахтаи Зафаробод» арзи вуҷуд карда, дар таҳким бахшидани иқтидори саноатии ноҳия саҳм гузоштанд. Аксари кормандони корхонаҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар Соли ҷавонон ташкили се корхонаи нав ба нақша гирифта шуда буд. Дар ёздаҳ моҳи сол чор корхона ба фаъолият оғоз кард.
Деҳқонони ноҳия имсол ба хирмани пурбаракати Ватан беш аз 27 ҳазор тонна пахта супориданд, ки қариб чаҳоряк ҳиссаи пахтаи дар вилояти Суғд ҷамъоваришударо ташкил мекунад.
Бурҳониддин ҶАББОРӢ,
мудири шуъбаи фарҳанги шаҳри Конибодом: — Соли 2017 барои кормандони бахши фарҳанги шаҳри Конибодом соли бобарор ва хотирмон буд.
Бо дастгирии раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 42 ҳазор сомонӣ ва аз сарчашмаҳои хайриявӣ 120 ҳазор сомонӣ, барои ободонӣ ва таҷдиду азнавсозии иншооти фарҳангӣ харҷ гардид.
Натиҷаи ин тадбирҳо буд, ки китобхонаи марказии шаҳр дар вилоят аз беҳтаринҳо дониста шуд. Ҳамчунин, китобхонаи бачагона аз бинои Муассисаи бақайдгирии техникии иншооти шаҳр моҳи июни соли равон ба бинои алоҳида кӯчонда шуд, ки шароити кор дар он ҷо хеле беҳтар аст.
Фаъолияти Мактаби санъати бачагонаи шаҳр низ бобарор буд. Аъзои маҳфили рақсии мактаб дар озмуни вилоятии «Беҳтарин гурӯҳи рақсӣ» сазовори ҷойи аввал гардиданд. Дастпарвари мактаби мазкур Собирҷон Шамсиев дар Озмуни ҷумҳуриявии телевизионии «Дурахшон» ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт.
Баргузории ҳамоиши бонуфузи фарҳангӣ — Фестивал — симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» дар шаҳри Конибодом (20-23 сентябр) боиси такмили маҳорати кормандони соҳа гардид. Дар фестивал зиёда аз 150 нафар ҳунарманд аз ансамблҳои мақомхонони шаҳру ноҳияҳои кишвар ва гурӯҳи устодони санъати Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок доштанд. Ҳузури ҳунармандони варзидаи мақомхон, ба монанди Ҷӯрабек Набиев, Ӯрунбек Ҳамдамов, Абдуҷалил Ҳошимов, Матлуба Дадабоева, Озода Ашӯрова, Луҳира Мӯъминова ба ҳамоиш шукӯҳи хоса бахшид.
Соли 2017 барои аҳли эҷоди Театри драмавӣ — мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳр ҳам пурмаҳсул буд. Ҳунармандон дар ҷашнвора — Фестивали кушоди байналмилалӣ дар Ҳиндустон бо намоишномаи «Суди девонагон», аз рӯи асари У. Шекспир, таҳияи А. Хӯҷақулӣ бомуваффақият баромад намуда, сазовори ҷоиза гардиданд. Ҳамчунин, ҳунармандони театр бо намоишномаи «Марги судхӯр» (20-24 сентябр) дар Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок карданд.
Аз соли 2018 аҳли фарҳанги шаҳр интизории зиёд доранд. Соли оянда оғози бунёди бинои нави театр барои 800 нафар дар маркази шаҳр ба нақша гирифта шудааст.
Тоҳирҷон АБДУВОҲИДОВ, сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Истаравшан: — Соли 2017 барои соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Истаравшан, аз ҷумла кишоварзӣ, бобарор буд. Дар шаҳр 9176 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад ва аксарияти саҳмдорони онҳо ҷавонон мебошанд.
Дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд бо соҳибкорони ватанию хориҷӣ, аз хориҷи кишвар ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғду Хатлон тухмиҳои серҳосил ворид карда шуд, ки ба баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намуд. Дар ёздаҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 830 млн. 912,2 ҳазор сомониро ташкил дод, ки аз он 705 млн 539,6 ҳазор сомонӣ ба маҳсулоти зироаткорӣ, 125 млн. 372,6 ҳазор сомонӣ ба маҳсулоти чорводорӣ рост меояд ва бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31 млн. 24,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Бунёди боғу токзор ва шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз дар 118 гектар, тибқи супориши Сарвари давлат, маҳз дар заминҳои лалмӣ ва чарогоҳ сурат гирифт. Ҳамчунин, 40,2 га боғу токзор аз нав барқарор карда шуд.
Хурсанд аз онем, ки ҳамшаҳриёни мо Соли нави 2018 -ро бо дастурхони пур аз нозу неъмат истиқбол менамоянд.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО,
«Садои мардум»